Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон: Дар андешаи амалӣ кардани ормонҳои пешина


Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) то соли 1990 ҳамчун ҳизби ягона дар кишвар фаъолият мекард. Раиси Ҳизби Коммунист дар он замон президенти вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов буд. Аммо бо фурӯпошии низоми шӯравӣ созмони марказии Ҳизби Коммунист барҳам хӯрд ва дар моҳи январи соли 1992 Ҳизби Комуннист анҷумани 23-уми худро баргузор ва Шодӣ Шабдоловро раиси ҳизб интихоб намуд. Шодӣ Шабдолов, ки феълан раҳбарии ҷиноҳии ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, бо тағйир хӯрдани низоми коммунистӣ барномаи ҳизб дигаргун нашудааст ва ҳадафи ҳизб ҳамоно эъмори низоми сотсиалистӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи синфи коргару деҳқон мебошад: "Мо роҳи худро ба сӯи ҷамъияти социалистӣ, ба сӯи ҷамъияте, ки дар он ҷо мавқеъи давлат, мудирият, нерӯ дошта бошад, пеш мебарем, албатта, мавзӯъи хусусигардонӣ ҳам дар он ҷамъият бояд бошад, вале ҳадафмандона ва баманфиат."

Соли 1994 дар нахустин интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Коммунист номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро дар муқобили Абдумалик Абдуллоҷонов пуштибонӣ кард. Намояндаи Ҳизби Комуннист Искандар Қаландаров мегӯяд: "Дар интихобот мо аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов пуштибонӣ кардем. Худи ҳизб номзад пешбарӣ накард." ҲКТ бори севвум дар моҳи январи соли 1996 сабти ном шуд ва дар ҳамин сол Ҳизби Халқӣ- Демократӣ (ҲХД) низ таъсис ёфт. Баъд аз он ки президент Эмомалӣ Раҳмонов раиси ин ҳизб интихоб шуд, Ҳизби Коммунист мавқеъи пешинаи худро батадриҷ аз даст дод ва оҳиста-оҳиста ҷояшро ҲХД гирифт.

ҲКТ, ки мегӯяд, феълан 55 000 узв дорад, соли соли 2000 барои ворид шудан ба порлумон мубориза бурд ва баъди ҲХД курсиҳои бештарро дар Маҷлиси Намояндагон соҳиб шуд ва танҳо ҳамин ду ҳизб тавонистанд дар порлумони кунунӣ фраксияҳои худро ташкил диҳанд. Акнун ҲКТ ба интихоботи нави порлумонӣ омодагӣ дорад. Раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов мегӯяд, агар интихобот демократӣ ва мунсифона баргузор шавад, шумораи коммунистҳо дар порлумони оянда хоҳад афзуд. Вай меафзояд, ҲКТ ҷонибдори бисёрҳизбӣ будани порлумон аст: "Натиҷаи порлумон ин нест, ки як ҳизб сад дар сад раъйро пурра ба даст гирад. Ҳатто ҳизби ҳоким, ҲХД ҳам бо истифода аз тамоми имконоти худ наметавонад, тамоми раъйи мардумро соҳиб шавад. Ҳизбҳои дигар ҳам нуфуз ва тарафдор доранд, аз ҷумла Ҳизби Коммунист."

ҲКТ ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 9 номзад пешниҳод кардааст, ки чеҳраҳои маъруф дар миёни онҳо раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов ва вазири собиқи кор Рафиқа Мӯсоева ҳастанд. Дар ҳавзаҳои инфиродӣ 13 номзади ин ҳизб барои соҳиб шудан ба курсиҳои Маҷлиси Намояндагон талош мекунанд.
XS
SM
MD
LG