Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи аввалин Маркази табобати кӯдакони маъюб дар вилояти Суғд


Нахустин маркази табобати кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон 26 - уми январ дар заминаи ташхисгоҳи тиббии бачагонаи шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфт. Ин марказ ба гуфтаи муассисони он, барои солимгардонии кӯдакон ва навҷавононе, ки бо нуқс ба дунё омада ва ё бар асари беморӣ маълул шудаанд, хидмати ройгони тиббӣ пешниҳод хоҳад кард.
Маҳмуд Ҳошимов - сарвари ташхисгоҳҳои тиббии маркази устони Суғд дар ин бора мегӯяд:
«Дар шаҳри Хуҷанд тахминан 400 нафар ва дар миқёси вилоят 3000 кӯдаки нуқсондор ҳастанд, ки ба муолиҷаи ҳаррӯза мӯҳтоҷанд. Онҳо метавонанд, ба ин маркази табобатӣ омада, саломатиашонро беҳтар ва барқарор намоянд. Дар ин ҷо барои бачаҳое, ки нуқсонҳои ҷисмонӣ доранд, машқгоҳҳо, ҳавзи оббозӣ, ваннаҳои муолиҷавӣ вуҷуд доранд ва табибону мутахассисон ба онҳо хидмат мерасонанд. Инчунин, дар инҷо барои ташхиси тиббии бачаҳои маъюб, ки нуқсҳои шунавоиву биноӣ ва монанди инҳо қариб тамоми шароит муҳайё шудааст».

Маркази вижаи табобатӣ барои кӯдакони маъюб тибқи барномаи як созмони ҷамъиятии кӯдакон дар Хуҷанд бо номи «Рангинкамон» ва бо кӯмаки молии Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон, баробар ба тақрибан 37 ҳазор доллари амрикоӣ шурӯъ ба фаъолият кардааст. Ба гуфтаи табибони Хуҷанд, ин нахустин иқдомест барои нигоҳубин ва табобати кӯдакони маъюб дар қаламрави устони Суғд. Дилбар Пирмуҳаммадова - табиби рӯҳшиноси марказ мегӯяд, то кунун бачаҳои маъюб дар қаламрави устон ҳавола ба дасти волидайн ва тақдири талхи худ мебошанд:
«Муолиҷа қиммат, шароит вазнин ҳозир, бисёр кӯдакони маъюб нафақаи маъюбӣ ҳам мегиранд, аммо он маблағи кам базӯр ба гирифтани як дору барои табобати онҳо мерасад.»

Вале Сабоҳат Аҳмадова - сарвари созмони «Рангинкамон» мегӯяд, мақсади аслии марказ на танҳо табобати кӯдакони дорои нуқсони ҷисмониву равонӣ, балки дигаргун сохтани назари наздикону атрофиён дар ин маврид аст, ки бачаҳои маъюбро ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа эътироф намоянд: «Омӯзиши думоҳаи мо нишон дод , ки кӯдакони маъюб аз ҳамсолони худ кам фарқ доранд. Онҳо ҳам қобилияти хондану омӯхтан ва кор кардан доранд. Ва агар онҳо каме дастгирӣ карда шаванд, метавонанд барои таъмини худ ҳатто маблағ ҳам ба даст оваранд. Бинобар ин мо ба чунин хулоса омадем, ки онҳо бо падару модарон ва ё хоҳар ва бародарони худ ба марказ омада, он чӣ дар давоми 1 - 2 соат дар роҳи табобат ва солимгардонии ҳаёти худ меомӯзанд, онро дар хонаашон ҳам ҳамроҳи наздикони худ давом диҳанд.»
Хонум Аҳмадова афзуд, ҳамчунин маркази навтаъсис бо кӯмаки созмонҳои тиббии байналмилалӣ барои таъмини бепули кӯдакони маълул бо аробачаҳои маъюбӣ, асбоби шунавоӣ ва амсоли ин дастгоҳҳо иқдом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG