Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафарбек Солиев ба кори синамо бармегардад


Баъд аз чанд соли соҳибкорӣ дар хориҷа

Дар Хонаи синамои Душанбе интихоби офарандагони нақшҳо дар як филми ҳунарии тоҷикӣ баргузор шуд. Муаллифи филмнома ва коргардони ояндаи он Сафарбек Солиев гуфт, ба ҷуз нақши асосӣ, ки онро ҳунарманди маъруф Нурулло Абдулло мебозад, дар бораи бозигарони дигар ва номи филм тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
Филми нав як рӯзи як деҳи бемардмондаи кӯҳистонро тасвир мекунад. Қаҳрамони асосии филм, писари бобои Самад, ки Шаҳриёр ном дорад аз мардикорӣ дар Русия як зани рус меорад ва зуд ба Русия бармегардад. Як нуктаи ҷолиби дигари ин филм ҳам тасвири зиндагии оилаҳои ҷавони тоҷик аст, ки зан рӯзона машғулу андармон бо кору бори хона асту шабҳо аз дурӣ ва фироқи шавҳар ранҷ мебарад ва ягона василаи бигӯем тамос ин зангҳои телефонии шавҳар аст. Филм дар бораи зиндагии имрӯзи мардуми оддии Тоҷикистон дар мисоли ҳамин як оилаи деҳотӣ мебошад.
Маблағгузории филми Сафарбек Солиев аз ҷониби ашхоси алоҳида сурат мегирад. Тамоми филм дар Тоҷикистон, қисме дар деҳоти кӯҳистон ва қисми дигар дар Душанбе ба навор гирифта мешавад. Интизор меравад, наворгирии он дар миёнаҳои моҳи феврал шурӯъ шавад. Сафарбек Солиев, ки дар солҳои ҷанги Тоҷикистон ба тарки кишвар маҷбур шуда, дар Қирғизистон бо соҳибкорӣ машғул буд, мехоҳад филми нави худро дар шаш моҳи оянда ба итмом расонад.
Ҳумойюни Шаҳриёр, Душанбе

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG