Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба журналистони тоҷик инъикоси маъракаҳои интихоботиро меомӯзанд


Маҳмадхон Сараев, сармутахассиси шӯъбаи иттилооти дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар ин назар аст, ки феълан бештарин кормандони васоити ахбори оммаи кишвар бо иллати ноогоҳӣ аз қонунҳо ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ омода нестанд. Ӯ мегӯяд, дар ин замина бо тасмимоти дастгоҳи раиси ҷумҳури кишвар ва пуштибонии молии Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистонро ҷамъ оварда ва қонунгузориҳои марбут ба интихоботро ба онҳо омӯзиш доданд: "Азбаски шӯъбаи мо бо воситаҳои ахбори омма доим дар тамос аст, дар бисёр маврид аз саволҳое, ки онҳо мегузоранд, аз баъзе маводе, ки онҳо таҳия ва пахш мекунанд, зуд фаҳмидан мумкин аст, ки бисёр паҳлӯҳои қонунгузориҳои ҷориро онҳо аз худ накардаанд."

Аммо ин дар ҳолест, ки Дӯстмурод Муродов, мушовири масоили сиёсати ҳуқуқии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дониши мукаммали ҳуқуқӣ ва қонундонии журналистони васоити ахбори оммаи кишвар эътимод дорад ва мегӯяд: "Он ақида, ки журналистони Тоҷикистон дар мавриди дуруст, холисона ва беғараз инъикос кардани раванди тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи парлумонии кишвар омода нест, нодуруст мебошад. Ба он хотир, ки журналистон ва мутахассисони сершумори варзида ва шинохта пур аст ва онҳо метавонанд, бо он малакаи касбӣ ва савияи дониши худ аз ӯҳдаи холисона ва беғара зинъикос намудани раванди интихобот бароянд."

Оқои Муродов ҳамчунин афзуд, қонунгузориҳои кишвар мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ буда ва ба ҳама қишри ҷомеа, бахусус кормандони васоити ахбори омма дастрас аст. Вале ин назари мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистонро Шарифи Ҳамдампур, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Тоҷикистон» рад кард ва гуфт, дар ҳоле, ки хабарнигорони кишвар дар мавриди бозтоби ҷараёни интихобот омодагӣ доранд, аз сӯи мақомоти давлатӣ қавонуни марбут ба ин маърака дастраси онҳо нагаштааст: "Воқеан то имрӯз он қонунҳое, ки дар мавриди интихобот қабул шудаанд, дастраси мардум ва журналистон набуд. Аз ин хотир онҳо мехоҳанд, ки ин холигоҳро имрӯз пур кунанд, ҳарчанд ки ин корро ду-се моҳ қабл ба анҷом расонидан мумкин буд, то на танҳо журналистон, балки мардуми оддӣ низ дар мавриди интихобот омода бошанд. Ин кор хеле дер аст ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳам нав гӯё аз хоб бедор шуданд."
Оқои Ҳамдампур меафзояд, дар ҳоли ҳозир аз сӯи мақомоти масъули давлатии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ қавонуни марбут ба интихоботро мавриди омӯзиши кормандони васоити ахбори омма қарор додан танҳо ба хотири иҷрои расмиёт аст.

Дар ҳамин ҳол Асадулло Раҳмонов, мудири барномаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон дастрасии қавонуни марбут ба интихоботро барои кормандони васоити ахбори оммаи кишвар дар шароити феълӣ муфид унвон кард ва гуфт, баргузории чунин як нишастҳои вижаи омӯзишӣ дар мавриди қонундонии журналистон саривақтӣ аст: "Баъзе нозукиҳое, ки дар маъракаи пешазинтихобӣ ва рӯзи интихобот тибқи қонунгузорӣ, тибқи таҳрирҳои нав тибқи тағйироту иловаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудаанд, дар ин нишаст ба онҳо рӯшанӣ андохта шуданд, ки хеле муҳиму саривақтӣ буданд."
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои васоити ахбори оммаи мустақил бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ қаблан дар чанд минтақаи Тоҷикистон ҷиҳати омодагии хабарнигорон барои инъикоси интихоботи парлумонӣ нишастҳо баргузор ва аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки сатҳи омодагии онҳо ба чунин як маъракаҳо бо иллати дастнорас будани матолиби омӯзишӣ ба таври нигаронкунанда паст аст.
XS
SM
MD
LG