Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони Хатлон бо мушкилоти фаровон


Моҳлиқо Саидова, сокини 20-солаи ноҳияи Вахш мегӯяд, орзу дошт, дар соли 2004 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шавад. Ӯ соли дуввум аст, барои ба номи донишҷӯ ноил шудан, омодагӣ мегирад, аммо ба иллати он ки маблағи кофӣ барои пардохти бо истилоҳи русӣ «ставкаи» ин факултаро пайдо намекунад, аз ин даргоҳ ноумед бармегардад. Моҳлиқо меафзояд, бо вуҷуди он ки соли ояндаи масеҳӣ соли мурғ аст ва ин сол бахосият ҳам нест, аммо ба муваффақияти худ дар мавриди унвони донишҷӯиро соҳиб гаштан бовар дорад: "Ҳозир барои амалӣ гаштани орзуҳоям ҳам маблағ ҷамъ оварда истодааму ҳам хонда истодам."
Аммо соли 2004 барои Лайло Турсунова, сокини 17-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа муваффақиятомез будааст. Лайло меафзояд дар ин сол мактаби миёнаро хатм карда ва ба зиндагии мустақил гом ниҳодааст. Ҳамчунин ба орзуи кӯдакиаш расидааст, яъне шомили омӯзишгоҳи тибби шаҳри Қӯрғонтеппа шудааст: "Соли гузашта орзу карда будам, ки ба ин коллеҷ дохил шавам. Имсол, ки дохил шудаму ба орзуям расидам, мехоҳам, хонам орзуям амалӣ шавад ва медсестра шавам."
Ба эътиқоди Лайло, ӯ дар соли ду ҳазору чаҳорум дар зиндагӣ мушкил надошт, ҳатто аз нигоҳи молӣ хуб таъмин буд. Ӯ меафзояд, дар мавриди ба устодон бар ивази баҳо ришва додан бисёр шунидааст, вале то кунун баъд аз сипарӣ гаштани ду имтиҳон ҳеҷ кадом аз муаллимон аз ӯ ришва талаб накардаанд. Вале Лайло гуфт, мушкили аслии ӯ он аст, ки дарсҳо бо забони русӣ сурат мегиранд ва адабиёти таълимӣ низ ба ин забон аст, аммо дар мактаби миёна русиро ба таври кофӣ наомӯхтааст ва дар бештарин маворид дар фаҳмиши он мушкилӣ мекашад.

Аммо Саидраҳмон Ҳомидов, сокини ноҳияи Балҷувон, ки феълан дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа тоҷир аст, мегӯяд, дар соли ду ҳазору чаҳор бештарини нақшаҳояш рӯи кор наомадааст. Саидраҳмони 25-сола дар ин соли сипаришаванда ният доштааст, гардиши амволи худро биафзояд ва дар ҳамин замина соҳиби моли бештар гардад. Аммо мегӯяд ӯ, илова бар он ки тиҷораташ дар ин самт муваффақ набуда ҳамчунин ӯ мушкили пардохти молиёт доштааст. Саидраҳмон гуфт, аз як барномаи телевизион огаҳ шуд, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2005 падохти молиёт чанд дарсад поён мерафтааст ва аз ин рӯ бовар дорад, дар оянда тиҷораташ муваффақ мешавад ва мушкили зиндагиашро бартараф месозад: "Мехоҳам тиҷоратам васеъ шавад ва аз ҳисоби даромади он дар шаҳри Қӯрғонтеппа як хона харида, бо духтари хубе хонадор шавам."

Муҳаммадалӣ Шарипов, донишҷӯи соли аввали шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар ин чанд моҳи донишҷӯи мудом мушкили молӣ доштааст ва мехоҳад, дар соли 2005 барои ин рафъи ин мушкил тиҷорат кунад ва аз проблемаи бепулӣ раҳоӣ ёбад: "Ман донишҷӯ, ки ҳастам аз пул танқисӣ мекашам. Нақша дорам, дар соли 2005 дар бозори шаҳри Қӯрғонтеппа нуқтаи савдо боз кунам ва мушкилоти молии худро ҳал намоям."
Аммо дар сӯҳбатҳое, ки бо гурӯҳи ҷавонони сокини шаҳри Қӯрғонтеппа доштем, маълум гашт, ки мушкили аслии онҳо фароҳам набудани ҷойи кори мувофиқ ва буҷаи ками оилавиашон будааст. Вале дар ҳар сурат онҳо бовар доранд, ин проблемаҳо дар соли оянда зиндагиашонро раҳо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG