Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳфаҳои беҳтарини соли 2004 ба Абдулмаҷид Достиев


Раҳтматкарими Давлат

Радиои Озодӣ: Абдулмаҷид Салимович, мову Шумо дар остонаи соли нави мелодӣ қарор дорем ва мешавад бигӯед, ки аз соли гузашта чӣ рухдоди мондагоре дар ёди Шумо монда, чӣ лаҳзаи хотирмоне дар зиндагии шахсии Шумо буд?

--- Абдулмаҷид Достиев: Ташаккур, чун дар остонаи соли нав истодаем, шунавандагони радиои шуморо ба фарорасии соли нав табрик гуфта, барои ҳамаи шунавандагон, мардуми тоҷик бурдбориҳо, омади кор ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Вобаста ба он ки ба зиндагии шахсии ман ба ғайр аз аҳли байти худамон дигарон камтар шояд таваҷҷўҳ дошта бошанд, бо истифода аз фурсат, мехостам чанд сухан дар бораи соли сипаришаванда дар ҳаёти ҷомеаи мо, дар кишвари мо бигӯям. Хуб, имсол соли ҷашни 10-солагии Конститутсияи кишварамон буд. Тибқи ин санади тақдирсоз, мо тамоми шохаҳо ва зинаҳои ҳукумати кишварамонро ба тадриҷ комил карда истодаем.
--- Тоҷикистон тибқи амали сарқонуни кишвар имрӯз ба як кишваре табдил ёфтааст, ки дунё онро мешиносад. Ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва соири институтҳои демократии ҳам минтақа ва ҳам ҷаҳон бо як эҳтиром нисбат ба кишвари мо дар минтақа, ногуфта намонад, муносибат мекунанд, ки ин барои мо тоҷикон боиси қаноъатмандӣ ва ифтихор аст. Хуб, албатта ҳамаи ин худ аз худ пайдо нашудааст, шумо низ чун узви ин ҷомеа медонед, ки роҳи даҳсолаи таърихи навин, истиқлолияти кишвари мо як роҳи ҳамворе набуд. Намехоҳам дар арафаи ид аз онҳо ном бубарам, вале ба он хотир, ки ташкилотҳои байналмилалӣ, кишварҳои мутамаддини имрӯз, дар ин даҳ сол мо бо ҳамаи онҳо ҳамкорӣ кардем ва дар таҳияи сарқонунамон аз маслиҳатҳои онҳо, аз он таҷриба ва арзишҳое, ки онҳо ба даст оварда буданд, истифода кардем.
--- Инчунин дар ин даҳ сол, ба хусус дар ин соли охир бисёр қонунҳое қабул кардем, ки ҷавобгӯи маъёрҳо, ё арзишҳои умумибашарист. Бо ин гуфтанӣ нестам, ки анъаноти миллӣ, расму ойинҳои миллӣ ва одоби миллиамон дар ин қонунҳо ба назар гирифта нашудааст. Мо ҳамаи дастовардҳо ва арзишҳои пешқадами дунёро хоҳ аз кишварҳои шарқ бошад, хоҳ ғарб бошад, хоҳ ҷануб бошад, хоҳ шимол ва хоҳ ҳам аз он суйи уқёнус бо назардошти анъанаҳои миллии худамон, бо назардошти он воқеъияте, ки дар ҷомеаи мо ҳаст, он воқеъияте, ки одоби тоҷикии мо мебардорад, қабул кардем. Аз ин лиҳоз кишварҳои дунё рафти иҷрои он қонунҳоро дар ҷомеа ҳамаҷониба омӯхта ва нисбати роҳбарияти кишвар, нисбати ҳукумати кишвар ва умуман нисбати кишварамон назари нек ҳосил карданд. Ва дар ҳама кор дасти ёрӣ дароз карданд, ки ин дастоварди беҳтарин буд.
--- Чанде пеш мову шумо ҳамчун ватандор шоҳид будем, ки ҳатто тоҷикон аз ватан мегурехтанд, ватандорон мегурехтанд, вале шукр, ки имрӯз хиради мардуми мо боло гирифт ва пеш аз ҳама тавассути роҳбарии дурусту хирадмандонаи роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва дигар шохаҳои ҳокимият ва дар ин ҷода муайянкунанда хиради худи мардумамон, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ тавонистем, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худамонро пайдо кунем, кишвари моро ҳама эътироф кунанд, ва ба як некбинӣ ба ин ҷо сафар кунанд ва моро ба кишварҳояшон даъват кунанд. Ҳатто агар ба сурати сатҳӣ назар кунем, мебинем Тоҷикистон, ки як кишвари начандон калон аст ва як кишвари кӯҳистонӣ аст, дар миёни кишварҳои бузург, роҳбарони чандин кишвари хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони кишварҳои абарқудрат ба ин ҷо омаданд. Бисёр масъалаҳои ҳам минтақавӣ, ҳам ҷаҳонӣ ин ҷо баррасӣ ва ҳал шуд, ки ин аз баланд шудани нуфузи кишвари мо гувоҳӣ медиҳад.
--- Шояд мо имрӯз ба қадраш намерасем, хелеҳо шояд имрӯз инро як чизи муқаррарӣ тассавур кунанд. Лекин ин ҳама таърихи навтарини кишвари мо аст, ки дигарон ба ҳангоми қабули қарор ва тасмимот фикри роҳбарияти мо ва мардуми моро ба назар мегиранд, аз таҷрибаи мо, аз фикрҳои мо истифода мекунанд.


Радиои Озодӣ: Мову Шумо ва дар маҷмӯъ ҷомеаи Тоҷикистон, аз соли оянда чӣ умед ва интизор метавонем дошта бошем?

Абдулмаҷид Достиев: Мо некбинем. Некбин ба он маъно, ки дар пеши назари мо Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари тавре, ки гуфтем бонуфузи натанҳо минтақа, балки ҷаҳон тадбил шудааст. Имрӯз Тоҷикистонро дар ҳамаи гӯшаву канори дунё мешиносанд ва медонанд. Ба ин гуна кишвар табдил ёфт Тоҷикистон. Яъне тараққиёти ҷомеаи инсонӣ ва умуман табиату ҷамъият ҳамеша аз ҷузъ ба кулл аст. Ва ҳар сол, ҳар рӯз, ҳар соате, ки сипарӣ мешавад, ҷомеаи моро, муносибоати миёни қишрҳои ҷомеаро, сатҳи зиндагиро беҳтар мекунад. Аз ин лиҳоз ман аз соли оянда бо боварӣ умед дорам, ки боз як соли заминагузори беҳтари фараҳмандии миллати мо мешавад.
--- Дуруст аст, ки ҷомеа ҳар чӣ қадар пешрафта бошад, орому осуда бошад, ниёзмандиҳои ҷомеа низ ба ҳамон андоза афзун мегардад. Кори ҳукуматдорон дар соли 2005 кам намешавад, баръакс зиёд мешавад. Зеро сатҳи зиндагии мардум зина ба зина баланд меравад ва барои ин ҳукумат бояд беҳтар кор кунад.



Радиои Озодӣ: Дар соли оянда мо ҳамчунин интихоботи порлумониро дар пеши рӯ дорем. Албатта умедвор ҳастем, ки ин интихобот назар ба интихоботи порлумони соли 2000 аз ҳар нигоҳ беҳтар хоҳад буд?

---Бо амри тақдир дар чанд соли охир, баъди истиқлолият ман дар ин маъракаҳо ҳузур дорам ва аз ҳамаи он интихоботҳо дар кишвари мо, ки ҳатто дар солҳои на он қадар ором ҳам гузашт, қаноъатмандам. Ба хотири он ки дар ҳамон ҳолат низ чунин риояи қонун сурат гирифт. Каму кост ҳатто дар кишварҳои мутарақиву ҷори демократия мезадагӣ ҳам доим ҳаст ва мебинем мо. Бо назардошти ин, шояд хирадмандии мардуми мо буд, ё ки фарзандони беҳтаринаш, аз қабили пешвои миллатамон, ки дар вақти тақдирсозаш чунин пешво ёфт. Мо назар ба бисёр кишварҳо ҳамон вақт ҳам интихоботҳоямон дуруст буд.
--- Хайр, истисно дар ҳама ҷо мешавад, баъзе ноҷӯриҳо буд, баъзе ҳархелафаҳмиҳо буд, бе ин намешавад ҷомеаи инсонӣ. Дигар чӣ, ки мумкин дар баъзе аз қитъаҳои интихоботӣ, дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо хизмати хирсонаи баъзе аз роҳбарони маҳал мумкин ба пуррагӣ баъзе ҷо риоя намешуд, ин дигар тарафи масъала аст. Лекин ман боварӣ дорам, ки интихоботи дар пешистода назар ба соли 1995 беҳтару хубтар мегузарад. Бо тамоми эҳтиромот ба он вакилоне, ки дар парламети кишвар буданд, қариб нисфи вакилони Маҷлиси Намояндагон олимон буданд, унвони илмӣ доштанд ва мутахассисони беҳтарин буданд, вале ман ки некбин ҳастам фикр мекунам, интихоботи оянда аз он беҳтар шахсиятҳои ҳам ҳисси миллидор, ҳам донишмандони ҳамаи соҳа, аз ҳама муҳимаш, ки шахсиятҳои дорои ҳисси ифтихори давлатдорӣ ва манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама гуна манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳиву минтақавӣ боло мегузоштагиҳо меоянд. Ин саввумин интихобот аз замони истиқлолият аст ва ин собит шудааст, ки аз ин интихобот то он интихобот ҳайъати парлумон беҳтар мешавад.


Радиои Озодӣ: Абдумаҷид Салимович, як суоли дигар, агар мехоҳед посух диҳед, ё не, ихтиёратон, мехостам бипурсам, ки беҳтарин тӯҳфае, ки дар соли 2004 дарёфт кардед, чӣ буд?

Абдулмаҷид Достиев: Беҳтарин тӯҳфа барои ман таҷлили ҷашни 10-солагии амали Сарқонун буд, ки дар таҳияи он ширкат доштам ва касе дар бораи нуқсони он ҳарф назад, ба ҷуз аз оне, ки бо ташаббуси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе конференсияи илмиву амалӣ баргузор гашт ва намояндаи ҳамон ташкилоти бонуфузи дунё он баҳоро дод ба Сарқонуни мо, ки аз лиҳози таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахс ва шаҳрванд дар байни панҷ сарқонуни беҳтарини кишварҳои узви ин созмон меистад. Аз ин беҳтар тӯҳфа набуд.
Дар ҳаёти шахсиам бошад, ман се писару ду духтар - Фотима ва Зӯҳро дорам. Писаронам калонтар буданд, онҳоро хонадор карда будам, солиёни пеш ва чанд набера дорам. Дар ин сол бошад туйи арӯсии духтаронам Фотима ва Зӯҳроро дар як рӯз гузаронидем. Чаро инро ба тӯҳфаҳо ҳамроҳ мекунам, зеро Муҳаммад (с) гуфтаанд, кадом падару модаре, ки се фарзанди духтарашро бо обрӯ, бо чор ишкели дуруст тарбия карда, паси бахт мекунад, оташи дӯзах бар тани вай ҳаром аст.


Радиои Озодӣ: Як ҷаҳон ташаккур ва соли нав барои Шумо низ муборак бошад!
XS
SM
MD
LG