Пайвандҳои дастрасӣ

Табибони наркологи Хатлон серкортар шудаанд


Ҳасан Шокиров, сармутахассиси Маркази табобат аз нашъамандии Хатлон мегӯяд, феълан шумораи нашъамандони расман сабтиномгаштаи вилоят наздик ба 1000 нафар расидааст. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши шумораи расмии нашъамандони Хатлон дар соли ҷорӣ муодили 60 нафар будааст.
Оқои Шокиров сабаби аслии расман сабти ном гаштани нашъамандонро ба фаъолияти мусбати маркази дармони ин беморӣ ва таваҷҷӯҳи масъулони беҳдоштии навоҳии вилоят иртибот медиҳад: "Сабаби афзоиши расман сабти ном гаштани нафарони нашъаманд дар он аст, ки дар навоҳии вилоят то имрӯз мутахассисон намерасиданд. Ҳоли ҳозир бошад аз ҳисоби духтурони дигар ихтисосҳо табобати нашъаманднро вобаста кардаем, то сарҳисоби ин масъаларо ёбанд."

Сармутахассиси маркази табобати нашъамандони Хатлон ҳамчунин гуфт, ин дар ҳолест, ки мутахассисони аслии табобат аз нашъамандӣ, ё худ пизишкони нарколог дар вилоят танҳо чаҳор нафаранд, ки бешак камбуди мутахассисин эҳсос мешавад. Вале ба гуфтаи ӯ дар ҳар сурат аз шумори пизишкони ихтисосҳои мухталиф бо гузаронидани дарсҳои вижаи омӯзишӣ дар навоҳии вилоят табибони нарколог омода кардаанд. Оқои Шокиров меафзояд, дар макотиби олӣ ва миёна, байни ҷавонон, инчунин аз тариқи васоити ахбори омма бо ширкати пизишкон бар асоси барномаи махсус машваратҳо доир намуда, василаи ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ ва табобати афроди нашъамандро дар миёни сокинон тарғиб мекунанд.
Дар ҳамин замина мегӯяд ӯ, эътимоди нафарони нашъаманд ба табобати пизишкони маҳаллӣ афзоиш карда ва шумораи расман сабти ном гаштани ин қабил афрод боло рафтааст. Ба гуфтаи Ҳасан Шокиров, сармутахассиси маркази табобати нашъамандони Хатлон барои табобати як нафар нашъаманд ҳудуди 50 доллар харҷ мешудааст ва дар сурати муроҷиат қисмати муайяни ин маблағ аз ба тариқи кӯмак аз сӯи ин марказ пардохт мешудааст.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG