Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойтахти 80-солаи кишвари 14-сола


"Гузашта ва имрӯзи шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон" унвони як симпозиуми байлалмилалӣ буд, ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе ва Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон баргузор карда шуд. Ин ҳамоиш ба муносибати таҷлили 80-солагии Душанбе сурат гирифт. Ҳайдаршоҳ Пирумшоев - олими таърихшиноси тоҷик мегӯяд, Душанбе таърихи 2300 сола дорад ва даъвое дар бораи он, ки Душанбе дар гузаштаи дур як деҳаи хурду назарногир буд, билкул иштибоҳ аст. Вай мегӯяд, дар асрхои II ва III - и пеш аз милод Душанберо ҳамчун қасаба, яъне шаҳри хурд ном мебурданд ва он маркази савдову тиҷорати Бухорои шарқӣ будааст: "Аз он ки мегӯянд, пеш аз инқилоб Душанбе як деҳаи валангор будааст, сабабаш ин аст, ки вақте амири Бухоро ба ин ҷо омад, аз мардум андози зиёд талаб кард ва касони аз додани андоз саркашӣ кардаро ба дор мекашид. Аз ин рӯ мардум иҷборан аз шаҳр фирор мекарданд."

Давлатхоҷаи Довудӣ - муаррихи шинохтаи тоҷик мегӯяд, то имрӯз аз маҳаллоти гирду атрофии шаҳри Душанбе археологҳо 2700 то сиккаҳои қадимаро пайдо кардаанд, ки таърихи куҳан доштани ин шаҳрро бозгӯӣ мекунад. Оқои Довудӣ афзуд: "Аз ин сиккаҳо ва бозёфтҳои бостоншиносӣ маълум мегардад, ки Душанбе маркази савдову тиҷорат дар саргаҳи Роҳи Абрешим қарор дошт." Ба гуфтаи Давлатхоҷаи Довудӣ, аз бозёфтҳои бостоншиносии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон, ки аз соли 1924 то ба имрӯз идома меёбад, маълум гаштааст, ки ҳанӯз дар солҳои пеш аз инқилоби октябр Душанбе 26 000 аҳолӣ доштааст. Ва ин дар ҳолест, ки дар он замон аҳолии Бухоро ҳамаги 70 000 нафарро ташкил мекард.

Олимони таърихшинос баён доштанд, ки то моҳи январи соли 1921 шаҳри Душанбе маркази маъмурии Бухорои Шарқии Ҷумҳурии Автономиии Бухоро буд. Ин шаҳр соли 1924 бо номи Сталинобод пойтахти Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1929 пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълом шуд. Муҳаммадҷон Шакурӣ, олими саршиноси тоҷик ёдовар шуд, ки пас аз тақсими иҷборӣ ва нодурусти Осиёи Марказӣ бар асоси қаламрави феълии Тоҷикистон ҳамчун пойтахт эълом шуд: "Сарвазири дуюми Тоҷикистон баъди ҷудо шудани территория кӯшиш кард, ки Самарқанд ва чанд навоҳиву вилёти дигар ба Тоҷикистон ҳамроҳ шавад, аммо натавонист, танҳо Хуҷандро тавонист соли 1929 ба Тоҷикистон ҳамроҳ намояд."

Тибқи иттиллои Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон, барои нахустин бор бо ибтикори олимони таърихшиноси тоҷик таърихи шаҳри Душанбе ва Энсиклопедияи шаҳри Душанбе дар шакли китоб ва албоме бо аксҳои дирӯз ва имрӯзи пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо теъдоди 3000 нусха нашр гардидааст.
XS
SM
MD
LG