Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи "Ҷоми Ҷамшед" соҳибмулконро метарсонад


"Ҳеҷ кас набояд хилофи қонун кор кунад. Ман фикр мекунам, ки кори онҳо мувофиқи қонун нашудааст." - Бо изҳори ин матлаб Ойиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, собиқ раҳбари Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири назди раиси ҷумҳур рӯзи панҷшанбе баъди шунидани ҳукми Додгоҳи иқтисодии кишвар мақомоти ҳуқуқии кишварро дар бархӯрди ғайриқонунӣ нисбат ба қазияи бародари боздоштшудааш муттаҳам намуд. Рӯзи 18-уми ноябр баъди чаҳор моҳи қатъ шудани фаъолияти тафреҳгоҳи маъруфи пойтахт "Ҷоми Ҷамшед" ниҳоят додгоҳи иқтисодӣ ин муассиса ва ду ширкати дигари хусусӣ - Комбинати гӯшти Душанбе ва фурӯшгоҳи "Кооператор"-и шаҳри Кулобро ба фоидаи давлат мусодира намуд. Молики ин корхонаҳо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев мебошад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Ҷунайд Ибодов, тибқи қонуни хусусигардонӣ, дар муддати 3 соли баъди ба ихтиёри соҳибмулк гузаштани амволи давлатӣ мақомот ҳақ доранд дурустиву нодурустии ҷараёни хусусигардонии муассисаҳои давлатиро ташхис намоянд: "Агар маълум шавад, ки ҳангоми хусусигардонӣ Қонуни хусусигардонӣ вайрон шуда бошад, Кумитаи амвол ҳақ дорад, дар давоми се сол аз додгоҳ тақозо кунад, ки натиҷаи хусусигардонии амволро бекор кунад. Баъзан ҳолатҳои истисноӣ аст, ки додгоҳ метавонад ин мӯҳлатро тамдид кунад."

Аммо тавре аз натоиҷи ахири мурофиаи додгоҳи иқтисодӣ маълум гардид, сарнавишти се ширкати хусусии мансуб ба Абдурасул Мирзоев дар чанд моҳ ва ба фоидаи давлат ҳалли худро пайдо кард. Зафар Абдуллоев, иқтисодшинос ва як таҳлилгари ҷараёни хусусигардонӣ дар Тоҷикистон, дар ин замина гуфт: "Ин албатта ба қазия робита мегирад, эҳсос мешавад, ки масъала ранги сиёсӣ дорад. Аз лиҳози иқтисодӣ чунин тамоюлҳо ҳеҷ ҷойи хубӣ надоранд - на барои сармоягузорони хориҷӣ ва на барои соҳибони моликият дар дохили кишвар. Дар тамоми ҷаҳон медонанд, ки мудохила ба ҷараёнҳои иқтисоди бозаргонӣ як амали нодуруст аст. Вақте як сармоягузор шоҳиди он аст, ки ҳукумат ба таври хеле оддии маъмурӣ қодир ба бозгардонидани моликияти хусусӣ мебошад, ӯ пеш аз ҳама мекӯшад сарвати худро дар беруни кишвар ҳифз намояд."

Аз ҳуқуқшинос Ҷунайд Ибодов пурсидам, дар пайи мусодира шудани амволи хусусии Абдурасул Мирзоев, ӯ аз лиҳози ҳуқуқӣ барои ҳимоят аз амволи худ чӣ кор карда метавонад? Ҳуқуқшинос гуфт: "Агар ин қарорро Суди иқтисодии ҷумҳурӣ бароварда бошад, онҳо метавонанд, ба раёсати ҳамин суд муроҷиат кунанд ва агар қарори раёсати додгоҳ бошад, пас онҳо метавонанд, ба пленуми Додгоҳи олии иқтисодӣ муроҷиат кунанд, ки мақомоти аз ҳама баланди ин додгоҳ аст. Онҳо метавонанд, баъди ин ба Комитети ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кунанд."
Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон аз ҳама гуна шарҳу тавзеҳи ин ҳодиса худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG