Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарки Помир кардани паррандаҳои нодир


Бо фарорасии фасли сармо ва ях бастани кӯлҳо 200 ҷуфт ғози ҳиндӣ Помири Шарқиро тарк гуфта, ба соҳилҳои Уқёнуси Ором парвоз намуданд. То солҳои навадуми қарни гузашта шумораи ин навъи паррандагон аз 600 ҷуфт боло буд, гуфт устоди Донишгоҳи Хоруғ Абдулназар Абдулназаров. Аммо бо шурӯъи даргириҳои дохилӣ ғозҳои ҳиндӣ сафари худро ба ин минтақа ба таъхир гузоштанд. Ба қавли Абдулназар Абдулназаров ғозҳои ҳиндӣ қабл аз сафар чанд ҷуфт аз ҳамҷинсони худро барои омӯзиши авзоъ ба минтақаи зисти нав мефиристанд ва чун ба оромии вазъи онҷо мутмаъин гаштанд, ба роҳ мебароянд.

Бо судури як қарор, ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2000-ум ҳудуди Зоркӯлро мамнӯъгоҳи давлатӣ эълон кард ва акнун дувоздаҳ нафар аз кормандони мамнӯъгоҳ дар баробари таъмини амнияти паррандагону ҳайвоноти нодир барояшон ба қадри кофӣ ғизо муҳаё месозанд. Ин тадобир мегӯяд Абдулназар Абдулназаров, шумораи ғозҳои ҳиндиро дар Помири Шарқӣ афзун гардонд: "Аз соли 2000-ум сар карда, мо онҳоро назорат бурда истодаем ва ҳоло шумораи умумии онҳо мувофиқи маълумоти мо 217 ҷуфти лонамон аст." Ба қавли Абдулназар Абдулназаров, дар устони Бадахшон ба ҷуз ғози ҳиндӣ боз 22 навъи паррандагони нодир вуҷуд доранд. Дар 20 соли ахир танҳо як намуди онҳо кабӯтари синасафед нопадид шудааст.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG