Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳадяҳои гаронбаҳо, вале бебақои Кулоб


Кулоб

Охири ин ҳафта дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашни 2.700-солагии Кулоб дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин, наздики нимпайкараи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравии собиқ, Сафар Амиршоев боз як фаввора бунёд шуд. Фаввораи мазбурро ширкати "Султон" бо маблағгузории ҳукуматҳои 3 ноҳия Ҳамадонӣ, Восеъ ва Шурообод сохтааст. Ин дуввумин фаввораест, ки дар шаҳри Кӯлоб фаъол гардид. Аммо худи мақомоти расмӣ мегӯянд, ин ҳама иншооти ҷашнӣ, ки ба таври оҷил бунёд мешаванд, пастсифатанд.

Дар ситоди марказии ҷашнвора, ки ҳар ҳафта таҳти сарварии Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири кишвар баргузор мегардад, қайд гардид, чанд иншооти ҷашнӣ, ки рӯзи сафари президент Раҳмонов ба Кулоб ифтитоҳ ёфтаанд, дубора хароб шудаанд. Абдуҷаббор Зардиев, шаҳрдори Кӯлоб дар ҷаласаи ситод гуфт, сифати бунёди як мактаб ба сифати тармими як оғилхонаи шахсӣ баробар аст. Ҷаноби Зардиев дар ҳузури хабарнигорони маҳаллӣ афзуд, ки пас аз рафтани президент Раҳмонов мактаби рақами 51, ба номи Ашӯр Сафаров валангор шудааст. Бинои мактаб пас аз боришоти нахустини тирамоҳи корношоям гардидааст ва кӯдакон дар синфхонаҳои вайрона тадрис мегиранд.

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд, ифтитоҳи чанд иншооти ҷашнӣ пешорӯи президент Раҳмонов як худнамоии ситоди ҷашнвора буд, аммо камбуди кор аз чашми Раҳмонов пинҳон намонд. Дар вохӯрии моҳи сентябри худ президент Раҳмонов ин нуктаро таъкид кард ва таҷлили ҷашнвораро ба як соли дигар мавқуф гузошт. Ҳамроҳхон Сафаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб мегӯяд, бо маблағи ҳангуфт баробар ба 50 миллион сомонӣ, ки барои иншооти ҷашнӣ ҷудо шудааст, метавон тақрибан як шаҳраки дигар бунёд кард. Вале дар Кӯлоб бидуни ду фавора ва ду мактаби бесифат дигар кореро анҷом надодаанд. Ва тасмими ҳукумати марказӣ дар мавриди тамдиди рӯзи ҷашнвора аз соли 2005 ба 2006-ум байни мардум латифа шудааст, ки мегӯянд, соли 2006 мо 2701-солагии Кулобро ҷашн мегирем, аммо ба шарте ки то он сол мактабҳо валангор нашаванд ва ба лӯлаи фаввораҳо об гузаронанд.
XS
SM
MD
LG