Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи ҷангсолорӣ, зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонов, генералҳои авфношуда


Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе

Дар як матлаби калонҳаҷм бо ҷо додани аксҳои собиқ фармондеҳон, аз қабили Муҳаммадрузӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев, Маҳмуд Худойбердиев ва Ёқуб Салимов нашрияи русизабони "Азия Плюс" ба таҳлили падидаи ҷангсолорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон пардохтааст. Нашрия иллати бурузи падидаи ҷангсолорӣ ва дар ҷомеаи тоҷикон соҳиби имиҷи муайян шудани фармондеҳони пешинро дар Тоҷикистон ба заъфи ҳукумати вақт дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва субъектҳои худ марбут донистааст.

Ба навиштаи "Азия Плюс" дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 боиси муаррифии генералҳои зиёди мардумӣ ва фармондеҳони саҳроӣ ба ҷомеа гардид. Аксари ин қумондонҳо ба дунболи имзои Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон дар мақомоти раҳбарии ниҳодҳои муайяни давлати Тоҷикистон соҳиби вазифа шуданд. Муаллиф менигорад, ҳукумат дар баробари собиқ фармондеҳон аз як бархӯрди ҳисобӣ кор гирифт ва бар асоси он иддаеро соҳибмақом намуда, иддаи дигари хоҳишмандро барои таҳсил ба марказҳои таълимии низомии берун аз кишвар фиристод. Барои як дастаи дигар шароити машғул гаштан ба тиҷорати легалиро фароҳам овард. "Азия Плюс" ҳадаф аз чунин сиёсатро раҳо шудани ҳукумати марказӣ аз вобастагӣ ба собиқ фармондеҳон унвон намуда, навиштааст, ки раҳоии пурраи ҷомеа ва давлат аз падидаи ҷангсолорӣ замоне муяссар мегардад, ки эътимоди мардум ба риояти ҳуқуқи худ аз сӯи давлат таҳким ёбад. Ва мардум дар симои ниҳодҳои давлатӣ пуштибони манофеъи худро эҳсос намоянд.

Дар як матлаби дигар "Азия Плюс" ба хонандагони худ хабар додаст, ки 5 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зодрӯзи худро ҷашн мегирад. Маъмулан ба зиндагии шахсии ҳар фард дахл намудан аз рӯи одоб нест. Вале дар ҷаҳони имрӯз сиёсатмадорон ва ходимони давлатӣ бояд ба ин нукта мувофиқ бошанд, ки онҳо ҳамеша дар мадди назаранд ва дар бораи онҳо хоҳу нохоҳ мардум сухан мегӯянд. Президент Раҳмонов низ дар ин миён истисно нест. Бо таваҷҷӯҳ ба ин "Азия Плюс" аз хонандагонаш хостааст, бо баҳонаи рӯзи таваллуд суолоти худро ба президент унвонии нашрия ирсол доранд. Ва иттилоъ дода шудааст, ки посухҳои президент ба пурсишҳои хонандагон дар шумораи ояндаи нашрия ба чоп мерасанд.

Ҳафтаномаи "Нерӯи Сухан" дар шумораи тозаи худ зери сарлавҳаи "Генералҳо чаро афв нашудаанд?" зимни ишора ба сарнавишти минбаъдаи Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев навиштааст, як манбаъи боэьтимод дар сӯҳбат бо хабаргузории "Рейтер" гуфта буд, Раҳмонов ба эҳтимоли зиёд дар остонаи рӯзи истиқлоли Тоҷикистон генералҳои зиндониро афв менамояд. Аммо онҳо ба дунболи рӯзи истиқлол афв нашуданд. Ба навиштаи "Нерӯи Сухан" Раҳмонов барои он ба ин иқдом даст назад, ки мабодо имиҷи сиёсии ба даст овардааш паст гардад. "Нерӯи Сухан" афзудааст, афвро метавон фақат пас аз интихоби раиси ҷумҳур охири тирамоҳи соли 2006 интизор шуд, зеро мантиқан президенти тозаинтихоб барои касби маҳбубияти мардум зиндониёнро мавриди афв қарор медиҳад.

"Мирсаидов Сахаров нест" чунин номгузорӣ шудааст, матлабе дар шумораи нави ҳафтаномаи "Тоҷикистон". Муаллифи ин матлаб олими кимиёшиноси тоҷик профессор Ҷалолӣ навиштааст, ки ахиран дар васоити ахбори давлатӣ мақолаҳое ба табъ мерасанд, ки дар онҳо ба истилоҳ дастовардҳои бузурги илмии Улмас Мирсаидов - президенти Академияи Улуми Тоҷикистон таърифу тавсиф мешавад. Аз ҷумла навиштааст муаалиф, Мирсаидов як тан иштирокчии фаъоли тавлиди сӯзишвории ракетӣ муаррифӣ мегардад, ки ин комилан бепоя аст. Муаллифи "Мирсаидов Сахаров нест" афзудааст, ҷаноби Мирсаидов ба таърихи истеҳсоли сӯзишвории сахти ракетӣ ҳеҷ гуна рабт надошта, дар ин соҳа ҳеч коре анҷом надодааст.

Дар як навиштаи дигари "Нерӯи Сухан" масъалаи бӯҳрони забон ва иҷро нашудани Қонуни забони давлатӣ ба баррасӣ гирифта шудааст. Муаллифи он менигорад, аз соли 1991 то кунун мувофиқи иттиллоъи расмӣ 85 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Бовар дорам, гуфтааст муаллифи мақола, ҳатто як нафари онҳо бидуни донистани забони русӣ тобеъияти Русияро дарёфт накардааст. Вале дар тамоми дунё афзудааст муааллиф, шояд танҳо кишваре, ки забони расмиашро надониста, метавон шаҳрванди он буд, Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG