Пайвандҳои дастрасӣ

Занони тоҷик дар муҳоҷирати иқтисодӣ


Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав Умед аст, ки зани тоҷик дар пайи муҳоҷират, ҳамзамон бо ҳифзи иффати шарқӣ дониши зани аврупоиро ба даст биоварад.

Созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» дар Маскав афзоиши шумораи занони муҳоҷири тоҷикро дар Русия марҳалаи нави муҳоҷират аз Тоҷикистон медонад. Мунира Назариева, ходими аршади созмон мегӯяд, ҳарчанд шумораи саҳеҳи занони муҳоҷири тоҷик дар оморҳои марбутаи Тоҷикистон ва Русия ёд намешавад, аммо мушоҳида нишон медиҳад, дар Маскав дар аксари хонаводаҳои муҳоҷирон шумораи занон ва мардон дар ҳоли ба ҳам наздик шудан аст. Вай меафзояд: "На Русия ва на Тоҷикистон дар робита ба шумораи занони муҳоҷири тоҷик оморе надоранд. Ба фикрам нисфи муҳоҷиронеро, ки аз Тоҷикистон меоянд, занон ташкил медиҳанд. Масалан се бародар бошанд, се хоҳар ва ё се ҳамсарашон ҳамроҳашон ҳастанд."

Муҳофизи ҳуқуқ ба саволи ин ки "Муҳоҷират барои занони тоҷик кадом ҷиҳатҳои мусбат ва ё манфӣ дорад?", мушкилоти ҳуқуқӣ, анҷоми корҳои сангин ва камдонишии занонро умдатарин мушкил хонд, вале таъйид кард, ки муҳоҷират танҳо аз тирагиҳо иборат нест. Ҳосили ин саргардонӣ аввал дастмуздест, ки барои пеш бурдани рӯзгор масраф мешавад, чаро ки аксари занони муҳоҷир занони шавҳаргумкардаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳастанд. Дигар ин ки аксари онҳо ҳарчанд мактабхондаанд, аз ҳаққу ҳуқуқи башарии худ огоҳ нестанд, вале ҷараёни ҳаводис онҳоро ба омӯзиши ҳуқуқ маҷбур кардааст.
Муҳофизи ҳуқуқ мегӯяд: "Бисёри заноне, ки аз Тоҷикистон меоянд, маълумоти олӣ надоранд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро намедонанд. Онҳо ба назди мо меоянд ва мо бо онҳо мефаҳмонем. Шароити Русия онҳоро маҷбур мекунад, ки омӯзанд ва ҷаҳонбинии онҳо нисбатан васеъ мешавад ва онҳо дар бисёр ҷиҳатҳо медонанд, ки чӣ гуна рафтор кунанд."

Мунира ҳамчунин афзуд, занони муҳоҷири тоҷик ба хотири заҳматписандӣ ва боиффатӣ андак-андак аз эҳтироми мардуми ин кишвар бархурдор мешаванд. Вай тавзеҳ кард, чанде пеш занони як маҳаллаи минтақаи шимоли шаҳри Маскав аз маъмуре, ки ҳаққи кори зани рӯбандаи тоҷикро надодааст, ба мақомоти ноҳия шикоят карданд ва талошашон беасар намонд.
Гуфтанист, ҳамчунон ки муҳоҷирати зани тоҷик барои таърихи мардуми тоҷик падидаи комилан бесобиқа аст, иштиғоли зани тоҷик ҳам ба корҳое, ки берун аз тавони вай буд, ба истилоҳ аз дигар нодираҳост. Давлатмоҳ Алиқулова, яке аз занони муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав дар сохтмон кор мекунад, пешаи феълии худро дӯст доштааст ва мегӯяд, дар сохтмонҳои Русия шумораи занони тоҷик рӯ ба афзоиш аст: "Дар як-ду соли ахир ман мушоҳида кардам, ки занони тоҷик дар сохтмонҳо кор карда истодаанд, яъне музди кори зиёд медиҳанд ва онҳо метавонанд, камбудиҳояшонро ҳал кунанд. Яъне занони тоҷик ба ҳамаи мушкилӣ нигоҳ накарда, ба кори сохтмон ҳам даст задаанд."

Давлатмоҳ дар идомаи сӯҳбат гуфт, хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст, аммо ба сабаби надоштани шаҳрвандӣ натавонистааст, дар Русия бо ихтисоси худ кор пайдо намояд. Вай афзуд: "Дар ҳар сурат ноумед нестам. Духтарам Хурмо дар Маскав дар синфи ҳафт бо баҳои аъло мехонад ва ният дорам, вайро ба ягон мактаби олии Русия ва ё хориҷа дохил намоям."
Лозим ба ёдоварист, ки муҳоҷирати тоҷикон ба Русия таърихи андаке беш аз даҳсола дорад ва шумораи занон дар ин раванд, аслан дар се чор соли ахир афзоиш ёфт. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки аз ҳисоби занони муҳоҷир чеҳраҳои тозаи илмӣ, фарҳанги ва ё сиёсиву иқтисодӣ ҳанӯз ба майдон наомадааст. Ва аммо бино ба омори созмони донишҷуёни тоҷик, дар Маскав дар донишгоҳҳои Русия наздик ба сад нафар духтарони тоҷик таҳсил мекунад, ки гурӯҳе аз онҳо фарзандони муҳоҷирон ҳастанд ва теъдоди онҳо ҳарсола меафзояд. Ба фарзандони муҳоҷирон додани имкони таҳсили бепул дар мактабҳои миёнаи Русия беҳтарин имтиёзест, ки ба оворагон додааст ва аммо на ҳамаи муҳоҷирон имкони таҳсили пулакӣ дар мактабҳои олии Русияро доранд.

Муҳоҷират аслан муродифи оворагӣ ва саргадонию маҳрумият тафсир мешавад, вале дар китоби «Вопасин хитоб ба башар» чопи Маскав ин мушкил тавзеҳи сӯфиёна дорад. Дар китоб омадааст: "Мардумон муҳоҷиратро интихоб намекунанд. Муҳоҷират бастагӣ ба нуфузи нерӯи кайҳонӣ ба минтақаи мушаххас дорад. Дар он ҷо, ки нерӯи кайҳонӣ таъсири бештар дорад, пешрафт тундтар ва мардум дар ҳаракат ҳастанд ва ин ба масал оҳанрабоест, ки қишри фаъоли мардумони минтақаҳои рокидро ҷазб мекунад."
Шайх Саъдӣ дар бораи фазилати сафар ва ё муҳоҷират фармудааст: "Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме" ва яке аз шиорҳои ҷараёни нақшбандия дар муқобили ҷонибдорони таваккул дар суфия саёҳат будааст. Зани тоҷик хоста ва нахоста дар раванди муҳоҷират ҳамроҳ шуд ва аксари ин занони муҳоҷир ба сӯи Аврупо рӯ овард. Ин ҳаракат фармудаи донишманди бузурги эронӣ Муртазо Мутаҳариро ба ёд меорад, ки фармудааст: "Дониши зани аврупоӣ ва иффат, покии зани шарқиро дар як ҷо дидан мехоҳам. Дар китоби «Хиради Ҳазорсолаҳо» баршумурдаам,ки 90 дар сади бузургони олам аз модар бештар аз падар омӯхтаанд ва Балзак, яке аз ин бузургон гуфтааст: «Ояндаи ҳар миллате бастагӣ ба модар дорад."

Умед аст, ки зани тоҷик дар пайи муҳоҷират, ҳамзамон бо ҳифзи иффати шарқӣ дониши зани аврупоиро ба даст биоварад.Барои раҳнамоӣ, таҳлил ва натиҷагирӣ аз раванди муҳоҷирати занони тоҷик дар Русия ниҳодҳои марбута лозим аст, аммо феълан дар Русия чунин ниҳоди саросарӣ созмон наёфтааст, шумораи мардону занони муҳоҷир ҳамчунон номаълум ва ниёзҳои онҳо ҳанӯз ношинохта боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG