Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби худрӯйро решакан карданд


Ҷумъахон, хонандаи синфи 4 ва ифтихори деҳаи Ибрат, нафаре, ки дар байни беш аз 180 сокини деҳа бо хатти саводи хеш, аз Алифбо шеъри Мижгонаро аз бар карда, дар як гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам хонда буд, аз деҳа фирор кард. Фирӯз 9 сол дорад. Ӯ мегӯяд, шарикдарсаш Ҷумъахони 18 соларо аз синфхона мехостанд тавассути «облава» ба артиш баранд ва ӯ лоилоҷ фирор кард: «Ҷумъахон дар синфи 4 бо ман мехонд. Ӯ 18-сола буд. Як рӯз «повестка»-аш оварданд. Аз дарс гурехта рафт ва дигар ба деҳа наомад.»
Деҳаи Ибрат, ки соли гузашта Радиои Озодӣ меҳмони он шуда буд, вижагиҳое дорад, ки ҳар бинандаро ба коми андеша мебарад. Дар ин деҳа, баъди 70 сол як сокин мактаби худруй сохт. Кӯдаконро, ки аслан савод надоштанд, гирд овард ва сабақ омӯхт. Дар мактаби Намоз Худоёров аз 7 то 18-сола мехонд. Гузоришҳои хабарнигорон, ки мехостанд, диққати масъулинро ба мактаби худсохт ҷалб кунанд, кори худро карданд. Масъулин мактабро бастанд!

Собиқ ронанда, ягона директор ва ягона мударриси тамоми фанҳо дар мактаб мегӯяд: «Мактаби маро бастанд ва дар мактаби узбакии 3 километр дуртар аз деҳаи мо як синф барои тоҷикон кушоданд, ки дар он шурӯъ аз синфи 1 то синфи 4 аз рӯи як барнома дарс мегиранд.» Бори дигар мо вориди мактаби худсохти «Ибрат» мешавем. Дари зангбаста бо азоби алим боз мегардад. Ҳамон синфхонаи гилинро, ки руи тахтапораҳо ва хиштҳо кӯдакон нишаста, бо ҳавас дарс мегирифтанд, билкул тортанакхо тор печидаанд. Ва ман худро пеши он ҷавонон, ки бо фахр, соле қабл китоби Алифборо ба ман намоишкорона нишон дода, сабақ мегрифтанд, гунаҳкор мехисобам. Мактабро бастаанд. Ва дар мактаби узбакии деҳаи дигар, як утоқро барои синфҳои 1, 2, 3, ва 4 тоҷикӣ ҷудо кардаанд.

Бекруз - хонандаи ин мактаб-синфхона мегӯяд: «Дар синфи мо ҳатто ришдорҳо мехонанд. Сӯҳроб ришу бурут дорад. Ӯ дар синфи 4 мехонад, аммо бояд дар синфи 9 хонад. Ҳама ӯро бобои синф мегӯянд. Ҳатто муаллима мазоқаш мекунад, бечора аз изора дигар ба мактаб намеравад.» Намоз Худоёров меафзояд, ки толибилмини мактаби хадруйи ӯ дар мактаб-синфхонаи нав тамоман бе хатти савод мондаанд. Зеро ҳамакнун дар мактаб дар як миз 4 кас мешинанд ва онҳо на танҳо китоб, ки ҳатто тахтаи синф надоранд: «Ҳамаи 4 синф, ки аз 7 то 17 солаанд, дар як синф, аз рӯи як барнома сабақ мегиранд. Ҳатто як муаллима доранд. Дар як миз то 3-4 нафар мешинанд. Тамоман шароит нест. Ҳатто 1 доска доранд.» Фирӯз, хонандаи дигар мегӯяд, ӯ синфи 4 ро дар мактаби Намоз Худоёров бо забони тоҷикӣ ба итмом расонид ва дар синфхона -мактаби тоҷикӣ, ки то синфи 4 мехонанд, ба ӯ ҷой ёфт нашуд. Ҳамакнун Фирӯз боз забони узбакӣ меомузад. Ӯ мегӯяд, ки «Ман ӯзбакиро намедонам. Муаллима гап мезанад, мефаҳмам, ки чӣ мехоҳад, аммо гап зада наметавонам.» Фирӯз ҳарчанд бо узбакӣ таҳсил дорад, аммо амсоли дигар ҳамдеҳагон ин забонро намедонад.

Намоз Худоёров мегӯяд, «Омӯзиши забони узбакӣ ва ё англисӣ барои инҳо баробар аст. Зеро дар ҳар ду маврид онҳо забонро намедонанд!» Хоҷа Назрӣ - журналисти телевизиони "Мавҷи Озод" аст. Ӯ ҳам дар бораи ин мактаб гузориш таҳия намудааст. Хоҷа мегӯяд, қаҳрамонҳои гузориши ӯ аз ҷониби масъулини ҷамоъати деҳоти Тутгарак мавриди фишор қарор гирифтаанд ва ҳатто деҳаро тарк кардаанд: «Як қаҳрамони гузориши ман, ки мегуфт, ба нишони эътироз ба мактаби узбакӣ нарафтааст, зеро ин забонро намедонад, мавриди бозҷӯии масъулини ҷамоъати деҳоти Тутгарак қарор гирифт ва маҷбур шуд барои чанд вақт аз деҳа равад.» Ҷумъахон ҳам, ки бо фахр шеъри тоҷикӣ мегуфт, оҷилан давъватномаи комиссияи ҳарбиро гирифт ва аз деҳа ғайб зад.

Намоз Худоёровро аз вазифа сабукдӯш карданд. Аслан директории мактаби худруй вазифа ҳам набуд. Зеро ин мактаб дар ягон шӯъбаи маориф ба қайд гирифта нашуда буд. Аммо ба Намоз ҳушдор доданд, ки дигар бо мактаби тоҷики сару кор нагирад. Ҳамаи ин дар мавридест, ки ҳудудан 200 тан аз сокинони деҳа комилан хатти савод надоранд. Ба унвони мисол, ҷавонон ва духтарон, ки пахта мечинанд, ҳатто имзо гузошта наметавонанд: «Дар деҳа ҷавонон сад дарсад бесаводанд. Онҳо 18-20 солаанд, аммо хонда наметавонанд. Духтарони деҳа, ки пахта мечинанд, бо омад-омади кассир, ки ба онҳо пул медиҳад, мегурезанд. Зеро савод надоранд, ки имзо кунанд, ё номашонро ақаллан нависанд.»

Деҳаи Ибрат, ки дар 8 километрии маркази маъмурии ноҳияи Восеъ, дар домани кӯҳи намаки Хоҷаи Мӯъмин қарор дорад, деҳаест, ки дар он 200 тан бе хатти савод мондааст ва бидуни Намоз тақрибан касе ҳатто газета намехонад: «Ман, ки мухлиси газетаи «Чархи Гардун»-ам, ҳар ҳафта ин газетаро бо нархи якуним сомонӣ харидорӣ карда, меорам ва байни ҳамсояҳо баланд-баланд мехонам. Онҳо гӯш мекунанд, воқеаҳоро ба онҳо шарҳ медиҳам ва онҳо аз навигариҳои ҷаҳон бархурдор мегарданд.» Деҳаи Ибрат, ки набояд аз он ибрат гирифт, дар умқи бенавоӣ, бесаводӣ ва бефарҳангӣ қарор дорад. Ва мо сари ин мавзӯъ ҳатман бармегардем ва шунавандаро бо проблеми беш аз пиндори он ошно хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG