Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди пораҳои Ҳизби сотсиалистӣ


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд Дар пайи ба ду гурӯҳи ба ҳам мухолиф шикаста шудани Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шиори таърихии сотсиалистҳо «кӣ киро» яъне кадом гурӯҳ бар дигарӣ пирӯз хоҳад шуд ва маснади садоратро дар шимоли Тоҷикистон ба даст хоҳад овард, дигарбора ба маҳаки пархоши ду гурӯҳи ба ҳам зидди сотсиалистҳои ин қисмати кишвар табдил ёфтааст. Бистуякуми август як гурӯҳи 32 - нафарии наздик ба мақомот бо баргузории як конфронси ғайринавбатӣ Маъруф Юсуфов - корманди идораи ҳифзи иҷтимоии Суғдро сарвари бахши ҳизбии худ баргузиданд. Вале Моҳинисо Ҳорисова, сарвари пешин, ки конфронси мазкур бидуни ширкати ӯ сурат гирифта буд, чунин иқдоми ҳамҳизбонашро ғайриқонунӣ ва «табаддулоти дохилиҳизбӣ» арзёбӣ кард.

Моҳинисо Ҳорисова бо оростани як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд порашавии ин ҳизбро нақшаи қаблан тарҳрезишудаи ҳукумати Тоҷикистон номид, ки ба хотири аз Эътилофи аҳзоби сиёсӣ берун кашидани ин ҳизб сурат мегирад ва таввасути он аъзои ҳизб, ки курсинишини мақомҳои гуногуни ҳукуматӣ мебошанд, корбаст шудааст: «Чӣ хеле, ки мегӯянд «сиёсат дӯстон надорад, сиёсат танҳо мақсадҳо дорад». Ва бинобар ҳамин ин ашхос имрӯз ба чунин қарор омадаанд, ки берун кашидани Ҳизби сотсиалистӣ аз Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои баргузории интихоботи шаффофу озод барои онҳо айни муддао мебошад. Ва бисёр хуб мешавад, агар онҳо зери қаноти гармакаки ҳукумат паноҳ ҷӯянд, шояд ки ҳукумат ба инҳо ҷою мансабҳо ваъда карда бошад. Ва ҳам дар оянда намояндагии инҳоро дар баъзе шаҳру навоҳӣ таъмин кунад. Лекин ман боварӣ надорам, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ ба хайр мешавад.»

Дар ҳамин ҳол Маъруф Юсуфов - сарвари қисмати ҷудошудаи сотсиалистҳои вилояти Суғд бо пахши як изҳорот ин даъвои сарвари пешини худро бепоя хонд: «Ин ҷо ҳеҷ гуна табаддулот, ё ки ГКЧП нашудааст, балки 32 нафар вакилони комилҳуқуқи Ҳизби сотсиалистӣ дар вилояти Суғд аз 9 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ гирд омада, масъалаи аз гирдоби фано ба соҳили офият баровардани Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, дар навбати аввал - бахши суғдии онро мавриди баррасӣ қарор додем.»
Оқои Юсуфов афзуд, нахустин масъалае, ки аз сӯи раёсати нави сотсиалистҳои Суғд дар наздиктарин рӯзҳо мавриди бозбинӣ қарор хоҳад гирифт, саволи будан ва ё набудани ин ҳизб дар Эътилофи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мебошад.

Лидери нави сотсиалистҳои Суғд, ки худ ва ҷонибдоронашро, ба таъбири худи ӯ - "нохудоёни киштии сотсиалистҳо дар баҳри сиёсии Тоҷикистон" тасаввур мекунад, ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки «соҳили офият ва ё наҷот»- ро барои сотсиалистон дар Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ва ё рафоқат бо ҳизби ҳизби ҳукмрон мебинад?, чунин посух дод: «Ин масъаларо аксарияти овозҳо ҳал мекунад. На раису на ҷонишин ҳал намекунанд. Фикри аксариятро ба назари эътибор мегирем.»

Вале Моҳинисо Ҳорисова - сарвари сотсиалистҳои Суғд гуфт, бо ин ҳама аз муборизаи сиёсӣ даст нахоҳад кашид:
«Бисёр вақт ман мисраъҳои Гулрухсорро ба хотир меорам, ки мегӯяд:
«Аз он сангҳое, ки мард афканда сӯям,
Барои хеш ҳайкал мегузорам».
Имрӯз маро аз вазифаи сарварии бахши вилоятии ҳизб маҳрум сохтаанд, аммо ман муборизаро давом медиҳам.»

Хонум - Ҳорисова илова кард, ки ӯ барои ғайриқонунӣ аз мақоми раҳбарии Ҳизби сотсиалист дар вилояти Суғд сабукдӯш гардидани худ ба Додгохи олии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд ва дар сурати бетағйир мондани вазъ бо ҷонибдоронаш Ҳизби сотсиалистиро тарк хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG