Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Африқо мешавад?


Рӯзи нуҳӯми июл ҳаво дар Душанбе рӯзона 35 дараҷаи Селсия гарм буд. Рӯзи даҳум гармии ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон боз ду дараҷаи дигар баланд мешавад. Дар вилояти Суғд низ ҳадди аксари гармии ҳаво 37 дараҷа, дар вилояти Хатлон 39 дараҷа гарм мешавад. Ин маълумоти Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон барои як рӯз буд ва бино бар иттилоъ ва пешгӯии ин марказ, офтоби оламтоб боз ду моҳи дигар нерӯи сӯзону тафсони худро ба тоҷикистониён, махсусан ба сокинони ҷануби кишвар нишон медиҳад.
Шаҳло Раҷабова, ки дар Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон машғули пешгӯии ҳаво аст, яьне синоптик, обуҳавосанҷ мебошад, мегӯяд, моҳи июл офтоб аз меҳру муҳаббати худ Тоҷикистонро низ бенасиб намемонад: «Июл моҳи гармтарини сол аст, ки дар баъзе рӯзҳо гармии ҳаво дар водиҳо то ба 44 ва ҳатто 47 дараҷа дар вилояти Хатлон ва то 41-43 дараҷа дар водии Ҳисор мерасад. Аммо то ҳол гармтарин рӯз дар соли ҷорӣ 28 июн буд, ки дараҷаи гармии ҳаво дар вилояти Хатлон ба 43 дараҷа расида буд. »
Тоҷикистон албатта на Кот. д. Ивуар аст ва на Ҷибути, хати экваторро низ тоҷикистониён танҳо дар харита мебинанд, аммо хориҷии моҳи июл ба Тоҷикистон омада, дар аввал шояд ба тааҷҷуби хавфомез афтад, ки мабодо ба ягон кишвари африқоӣ наомада бошад. Манзур аз ташбеҳи Тоҷикистон ба Африқо ҳавои гарми он аст, ки баъзан ҳатто аз бархе аз давлатҳои африқоӣ низ гармтар будааст. Барои мисол, дар сурате, ки дараҷаи гармии ҳаво рӯзи нуҳӯми июл дар Душанбе 35 дараҷа буд, дар ҳамин соатҳо тибқи ахбори саҳифаҳои интернетии обуҳавосанҷӣ дараҷаи хаво дар Қоҳира 32- 35 дарача, дар Марокаш 30-32, дар Момбаса 24-26 ва дар Антананариву 17-19 дараҷа гарм будааст!!!
Аз ин сабаб аст, ки пас аз соати даҳ дигар дар кӯчаҳои Душанбе аҳён-аҳён ягон-ягон нафаре ба назар мерасад. Баъди он, ки чанд соле қабл истгоҳҳои автобусҳоро канданд, мардуми мунтазири нақлиёт аз нурҳои сӯзони офтоб зери ягон дарахте паноҳ меёбанд. Аммо ҳамон маршруткаҳо низ баъзан худашон мӯҳтоҷи ҳимоя аз офтоб мегарданд. Барои мисол, оби мошини Абдукарим ном ронандаи як маршрутка ҷӯшидааст ва ӯ аз пулчинакаш хоҳиш дорад, ки оби мошинро иваз кунад. Абдукарим бо шунидани суоли ман оид ба зарарҳои ҳавои гарм ба мошин зуд лаб ба шиква кушод: «Оби мошин меҷӯшад, аз ҳаштод то яксаду бист мехезад, прикладка месӯзад, Прикладка, ки сухт, мошин аз кор мемонад, мотораш вайрон мешавад ва дигар намеравад. Як мотор кардан-да 200-300 доллар сарф мешавад, радиатор худаш 90 сомонӣ мебошад.»
Гармии ҳаво мошинҳо як тараф истанд, мувозинати табиатро низ вайрон мекардааст. Барфи зиёди обшуда сатҳи дарёи Зарафшонро чанд рӯзи қабл ба андозае баланд кардааст, ки пули муҳимтарини Панҷакатро ғарқ намудааст, аниқтараш канда вайрон кардааст. Таъмири мошину пул албатта гарон аст, аммо таъмири одам гаронтар аз он мебошад, бо шӯхӣ мегӯяд Саодат ном зани раҳгузар. Саодат аз нурҳои сӯзони офтоб дида аз яхмосу оби газнокфурӯшҳои Душанбе гиламанд аст: «Гарми албатта ба саломатии инсон зарар дорад, барои он, ки дар гарми организми инсон бисёртар талаб мекунад, ки одам чизҳои хунук хӯрад, морожни, газвода, ва ҳамин гуна чизҳо мехӯрад, ки ин боз двойной зарар ба организми инсон мешавад.»
Вале бидуни зуд-зуд нӯшидани оби хунук дар ин гармо фаъолияти ҷисмиву фикрии одам ба маротиб коҳиш меёфтааст. Раҳгузари дигаре, ки дар соати панҷи бегоҳи вақти Душанбе бо дастрӯмолча арақи ҷабин пок мекард, аз осори тиббии дар бораи зарарҳои ҳавои гарм хондааш қисса намуд: «Гармӣ метавонад, ки қобилияти ҳаракати одамро сусттар гардонад. Он мубодилаи моддаҳоро дар организм тезтар месозад. Дар бораи гармӣ ҳамин қадар чиз гуфта метавонам.»
Ин мусоҳиби ман гуфт, дар замони Шӯравӣ маъмулан ҳама талош мекарданд, ки дар тобистон рухсатӣ бигиранду ба ягон истироҳатгоҳи воқеъ дар лаби баҳр ва ё дарё бираванд. Аммо имрӯз истироҳати лаби баҳрро беш аз навад дар сади мардуми тоҷик танҳо тариқи телевизор мебинанд. Ва дар ин бора дигар орзу ҳам намекунанд, зеро медонанд, ки ҷомаи амал пӯшидани ин орзу ба замин расидани думи шутур вобастагӣ дорад. Вале ба ҳар ҳол дуо мекунанд, ки дигар ҳеҷ гоҳ тобистони соли 1948 такрор наёбад. Тобистони соли 1948 дар ноҳияи Шаҳритуз дараҷаи рекордии гармии ҳаво дар Тоҷикистон, 46 дараҷа аз рӯи ҷадвали Селсия ба қайд гирифта шуда буд. Дар омади гап, Шаҳритуз ва Қубодиён миёни мардум бо исми Африқои Тоҷикистон маъруфанд. Ва аммо олимон бонги изтироб мезананд, ки дар ҷаҳон раванди гармшавии сартосарии иқлим оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG