Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Печидагиҳои сиёсати муҳоҷиратии Русия


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав Мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонунӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Русия, бо ширкати муҳофизони ҳуқуқ ва намояндагони мақомот, тайи як мизи гирд дар Маскав баррасӣ гардид.

Аксари сухангуёни мизи гирд сиёсати марбутаи Русияро зиддимуҳоҷиратӣ хонданд ва аз мақомоти кишвар хостори расидагии дигарбора ба қонунҳои танзимкунандаи муҳоҷират шудаанд. Ба вижа дар ихтиёри пулис боқӣ мондани умури муҳоҷират, яке аз мавзӯъҳои асосии мавриди интиқод буд ва гуфта шуд, умури муҳоҷиратро ба пулис додан мисли ин аст, ки созмони ҳимоя аз ҷонварон бо комбинати гӯшт пайваст карда шавад, ки ба маънии гургро чӯпон хостан аст.
Умури муҳоҷират дар Русия дар солҳои аввали президентии Владимир Путин ба як бахши вазорати умури дохила табдил шуд. Муҳофизони ҳуқуқ дар ҳамон ибтидо ҳушдор доданд, ки муҳоҷират умури мулкист, муҳоҷир ниёзманди меҳрубонист, вале пулис ба ҳайси сохтори қудратӣ чунин фаросатро надорад.
Дар идома, масъалаи муҳоҷират дар Русия печидатар ва бархӯрд бо муҳоҷирон боз ҳам шадидтар шуд. Дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ моҳҳо нигоҳ доштани муҳоҷирон, депортатсияҳои пуровозаи бадномкунанда, таъқибу ғорати муҳоҷирон аз сӯи пулис бо баҳонаи қонуншикании маъмурӣ дар мизи мудаввар дар шумори садҳо мушкилоти муҳоҷирон дар Русия номбар шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Владимир Путин дар аксари суханрониҳои марбутаи худ муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои муштаракулманофеъ ба Русияро барои ояндаи кишвари худ муҳим арзебӣ кардааст. Сабаби духӯрагии сиёсати муҳоҷиратии Русияро Лидия Графова, раиси «Анҷумани созмонҳои муҳоҷирон» тайи суханони худ ба ноогоҳии раиси ҷумҳур аз мушкилоти аслии муҳоҷират ва фиребида шудани вай аз суи дастёронаш рабт дод.
Вай дар бастагӣ ба мавзӯъ Виктор Иванов, муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурро, ки ба гурӯҳи кории таҳияи санадҳои марбут ба муҳоҷират роҳбарӣ мекунад, муттаҳам кард.
Вай гуфт: "Сиёсати муҳоҷиратии Русия сиёсати харобиовар аст. Ин сиёсат ба амнияти миллии Русия хатар дорад. Ин нишонаи тирагии ақли бархе аз соҳибмансабони дастгоҳи раиси ҷумҳур аст. Онҳо раиси ҷумҳурро шарманда мекунанд, аз вайи Януси мунофиқи бузург месозанд. Ба вай хабари дурӯғ медиҳанд. Вай, ки аз асли масъала огоҳ нест, ба ҳуҷҷатҳои сохтаи онҳо имзо мекунад ва баъдан ночор аз мардум узр мехоҳад. Он гуна, ки барои ривояти аввалии қонуни шаҳрвандӣ узр хост. Дар бораи тоҷикон ҳам ба президенти хабари дурӯғ медиҳанд. Тоҷиконро фурӯшандаи аслии маводи мухаддир муаррифӣ мекунанд, ҳол он, ки ҳазорҳо тоҷикон бо заҳмати сангин ба корҳои тоқатшикан пул меёбанд. Ба ин кор матбуотро ҳам ҷалб менамоянд. Ба ин восита барои худ имиджи сиёсӣ месозанд."
Хонум Лидия Графова афзуд, ҳарчанд шикастани мошини бюрократӣ мушкил аст, мо аз мубориза даст намекашем. «Анҷумани созмонҳои муҳоҷирон» 198 иттиҳодияро фаро мегирад ва дар 43 минтақаи Русия бахшҳои худро ташкил кардааст. Мо барнома дорем, бо роҳандозии ҳамкорӣ бо мақомоти минтақаӣ ба он бахши муҳоҷирон, ки воқеан ҳам ба кори ҳалол машғуланд, вале таҳти фишор қарор доранд, кӯмаки ҳуқуқӣ бирасонем ва барои қонунигардонии ҳузури онҳо мусоидат намоем.
Мавзӯъи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва дар маҷмӯъ тамоми оворагон дар Русия дар суханронии Гавҳар Ҷураева, раиси бунёди ҳуқуқии «Тоҷикистон» дар Маскав мақоми аввал дошт. Муҳофизи ҳуқуқ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамроҳ бо умедворӣ аз ояндаи неки муҳоҷирон, вуҷуди бюрократияро дар ҳалли мушкили муҳоҷирон, дар ҳоли ҳозир садди сахттарин номид.
Вай дар мисоли шартномаи ҳамкории муҳоҷиратии Русия бо Қирғизистон таъкид кард, имрӯзи муҳоҷирони қирғиз низ чун муҳоҷирони тоҷик ҷафои беҳуқуқӣ мекашанд ва дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар интизори депортасия ба сар мебаранд.
Мизи мудаввар дар мавзӯъи муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Маскав бо ибтикори «Анҷумани созмонҳои муҳоҷирон», созмони «Мемориал», бо пуштибонии Созмони байналмилалии муҳоҷират ва ҳуқуқи башар дар Русия баргузор шуд. Дар нишаст шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ба нақл аз вазорати умури дохилаи Русия 5 миллион нафар гуфта шуд. Бино ба омори Созмони байналмилалии муҳоҷират, аз 632 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳарсола ба қасди кор тарки диёр мекунад, 95 дар сад дар Русия маскан мегирад ва аслан дар сохтмонҳо кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG