Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Япония намешавад


«Тоҷикистон Япония намешавад.» «Нерӯи Сухан» бо нашри як матлабе зери ин ном навиштааст, дар сурате, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон мутахассисони хасакӣ тайёр мекунад, дар сурате, ки ҳазорҳо ҳектар замини хоҷагиҳо ба моли хусусии мансабдорони калон табдил ёфтааст, дар сурате, ки доруфурӯшии духтуру баҳофурӯшии муаллим ва пулситонии нозири БДА ба ҳукми анъана даромадааст, дар сурате, ки роҳбарони муассасоти давлатӣ, ки на бештар аз сад сомонӣ маош мегиранд, савори «Ҷип»-у «Мерседес» ва «Максима»-ву «Ҳундай» мебошанду дар расонаҳои давлатӣ «мо Тоҷикистонро обод мекунем» гуфта лоф мезананд, Тоҷикистон дар садсолаҳои наздик ба Ҷопон наздик ҳам нахоҳад шуд.
Дар матлаби дигаре дар идомаи мавзӯи мушкилоти ҷомеа «Нерӯи Сухан» навиштааст, маоши ҳадди аксари 200 сомонӣ дар як моҳ танҳо ба чойу чаппотӣ мерасаду халос. Дар ин сурат, чи хел корманди давлатӣ ришва нагирифта зиндагияшро пеш барад? Муаллиф навиштааст, дар Тоҷикистон бо маош танҳо президент метавонад осуда зиндагӣ кунад.
«Рӯзи Нав» аз ба истилоҳи муаллиф «ҳуҷум»-и ҳукумати Қӯрғонтеппа ба бозори ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон хабар додааст. Ҷанҷоли миёни ҳукумати шаҳр ва маъмурияти бозори «НИХИ» аз оғози сол боз идома дорад. Ҳукумати шаҳр мегӯяд, бозор ғайриқонунӣ бидуни гирифтани сертификати замин ташкил шудааст. Маъмурияти бозор ин даъворо рад намуда мегӯяд, ҳукумат бар болои онҳо фишор оварда истодааст ва мехоҳад ин бозорро гирифта ба як соҳибкор фурӯшад. Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ва прокуратураи вилоят ҷанҷолро ба нафъи маъмурияти бозор ҳал намудаанд, вале ҳукумати шаҳр рӯзе крани борбардор оварда вагонеро, ки идораи маъмурияти бозор маҳсуб мегардид, бо ҳама асноди коргузорӣ ва маблағҳои даромад бардошта ба куҷое бурдааст.
«Рӯзи Нав» дар идомаи мавзӯи бозорҳо номаи як гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Конибодомро нашр кардааст. Дар нома аз мушкилоти фаровони бозори «Фаровон»-и Конибодом шиква шудааст. Дар мактуб навишта шудааст, ки бо сабаби нарху навои гарон, растаҳои бенизому бетартиб ва роҳравҳои тангу пур аз хоку лой конибодомиҳо аз Хуҷанд харид намуданро афзал мешуморанд.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз маъракаи насби ҳисобкунакҳои газӣ дар хонаҳои истиқоматии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар додаст. Масъули муассисаи таъмини гази ноҳия гуфтааст, ҳар рӯз то 86 ҳисобкунак насб карда мешудааст.
XS
SM
MD
LG