Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худро макушед


Чанде пеш донишҷӯёни як донишгоҳи пойтахт бо шунидани он ки ҳамсабақашон, Фирдавси нуздаҳсола худро овехтааст, ба даҳшат афтида буданд. Мисоли мудҳиш ва ҳузнангези Фирдавс дар Тоҷикистони имрӯз ягона нест. Афзоиши теъдоди ҷавонписару мардони худкуш ба падидаи тоза ва нигаронкунандаи солҳои охир табдил гаштааст. Ин дар сурате, ки дини ислом пайравонашро қатъиян аз худкушӣ наҳй мекунад ва ҳол он, ки аксари кулли аҳолии Тоҷикистон аз лиҳози эътиқодӣ худро ба мусулмонон мансуб медонанд. Умаралӣ Назаров - ноибраиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон назари дини исломро нисбат ба худкушӣ чунин шарҳ медиҳад: «Он гуноҳе, ки дар мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, мо бояд донем, ки худкушӣ низ шомили он аст. Барои ҳамин, худкушӣ ба кадом навъе ва ба кадом баҳонае, ки набошад, он пеш аз ҳама бурдани ҷоне ва нафсе аст. Худованд фармудааст, ки «Худатонро макушед ва Худованд ҳамоно, ки ба шумо меҳрубон аст.»
Бо вуҷуди он ки худкушӣ дар ислом гуноҳи кабира маҳсуб мегардад ва ин воқеа миёни мардум як ҳодисаи нангин ба шумор меравад, зиндагии имрӯз бархе мардҳоро водор мекунад, то аз ин ҳама оқибатҳои равонӣ барои оилаи худ сарфи назар карда, аз мушкилоти ҳаёт роҳи халосӣ ҷӯянд. Ва ягона роҳи халосиро ин тоифаи одамон дар худкушӣ мебинанд.
Хабарнигори ҳафтаномаи мустақили «Рӯзи Нав» Хуршеди Атовулло бо нигаронӣ аз афзоиши худкушӣ миёни мардон мегуяд, гум кардани мавқеи иҷтимоии худ дар оила ва ҷомеа ва аз ӯҳдаи вазифаи худ ҳамчун таъминкунандаи оила набаромадан мардро ба худкушӣ водор месозад. Хуршеди Атовулло меафзояд: «Вақтҳои охир зиёд шудани худкушии мардон ин пеш аз ҳама ба камбудии иқтисодӣ вобаста аст. Масалан, дар Тоҷикистон мардоне ҳастанд, ки бо вуҷуди солҳо кор кардан ҳеҷ наметавонанд ҳамон роҳкирои «биҳишти назарфиреб», яъне Русияро ёбанд, дар хона масалан, вақте наметавонанд зиндагии хубе барои фарзандонашон фароҳам оваранд, ин чиз онҳоро водор мекунад, ки ба худкушӣ даст зананд.»
Гуфта мешавад, худкушӣ бештар миёни наврасон ва навҷавонон мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи равоншиносон, дар синну соли наврасӣ иродаи одам ҳанӯз ба куллӣ мустаҳкам намегардад ва дар ин синну сол шахс орзупарвар ва хаёлпараст аст. Аммо тарс аз мушкилоти зиндагӣ, хавф аз амалӣ нашудани орзуву таманноҳо навҷавону наврасонро ба худкушӣ мебарад. Марям Давлатова - коршиноси мустақил дар мавриди худкушии наврасону ҷавонон чунин мегӯяд: «Вақте мард вазифаи иҷтимоии худро иҷро карда наметавонад, қадри падар дар оила хеле паст мефарояд ваз зери таънаву маломати зани худаш мемонад. Фарзандонаш низ аз ӯ он чизе талаб доранд, умед доранд, намебинанд. Вақте ҷавонписаре дар ин вазъият қарор мегирад, ӯ дар симои падараш ояндаи худро мебинад. Ӯ пешакӣ аз зиндагӣ дилмонда мешавад. Камтар номусоидӣ метавонад ӯро ба ин ё он тараф тела диҳад. Ҷавононе ҳастанд, ки метавонанд ба ягон роҳи бад раванд, ба дуздӣ даст зананд, ба ғорат. Роҳи дигар барои бархи дигари ҷавононе, ки орзупарвар ҳастанд, метавонад худкушӣ бошад.»
Ба гуфтаи коршиносони мустақил, василаҳои маъмултарини аз зиндагӣ маҳрумсозии худ, ин овехтан, буридани раги хунрави даст, худзаҳролудкунӣ мебошад. Гуфта мешавад, бархе аз мардон ҳатто ба худсӯзӣ ҳам даст мезананд, ки аслан ин тарзи худкушӣ хоси занону духтарон аст. Ниҳодҳои масъул мегуянд, ҳодисаҳои худкушӣ, ба вижа худкушии мардон кам рух медиҳад. Ин ҳодисаҳо, ки аксаран бо фишори мушкилоти зиндагӣ ба вуқӯъ мепайвандад, гунаҳкори мушаххас надорад, ба ҷузъ зиндагӣ ва аз ин рӯ ҷиноят ба шумор намеравад. Пас барои марги ҷавони навхате, ки аз норавшании ояндаи худ даст ба худкушӣ мезанад, барои марги марди оиладоре, ки дигар таҳаммули дидани шиками гуруснаву пои бараҳнаи фарзанди худро надорад ва ӯ ҳам маргро аз ин зиндагӣ афзал мешуморад, барои марги бармаҳали даҳҳо зану духтари дигар танҳо зиндагӣ гунаҳкор будааст.
XS
SM
MD
LG