Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли Консерваторияи миллии Тоҷикистон


Даҳуми май аз таъсисёбии Консерваторияи миллии Тоҷикистон 1 сол пур мешавад. Талабшоҳ Сатторов - ректори Консерваторияи миллӣ мегӯяд, дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё солҳост, ки консерватория фаъолият мекунад ва таъсиси консерватория дар Тоҷикистон боиси баъди якчанд сол ба миён омадани мутахассисони дараҷаи олии соҳаи санъат мегардад. Дар консерватория беш аз 200 донишҷӯ дар ду факулта, иҷрокунандагӣ ва мусиқии тоҷик, дар бахшҳои ғоибона ва рӯзона аз рӯйи усули бакалавр ва магистр таҳсил мекунанд. Дар факултаи иҷрокунандагӣ шӯъбаҳои таърих ва назарияи мусиқӣ, оҳангсозӣ, созҳои оркестрӣ ва фортепиана, овозхони академӣ, дирежёрӣ, хор ва шӯъбаи эстрадаву коргардони овоз амал мекунанд. Донишҷӯён дар факултаи мусиқии тоҷик дар кафедраҳои созҳои миллӣ ва сарояндагони анъанавӣ сабақ мегиранд.
Талабшоҳ Саторов мегуяд: "Таъсис ёфтани консерватория бисер як падидаи нодири фарҳангӣ аст дар ҳаёти кишвари мо. Ин як боргоҳе ҳаст, ки мақсадаш тайёр намудани ҳунармандони бисёр нодири соҳаи мусиқӣ, мисли гавҳар суфта карда ва ба рӯйи саҳна баровардани онҳо мебошад."
Консерватория имрӯз муваққатан дар бинои Донишгоҳи санъат фаъолият дорад, ки ин ҳолат ҳам барои аҳли донишгоҳ ва консерватория мушкилӣ эҷод мекунад. Дар назар аст, ки рузҳои наздик Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба бинои собиқ департаменти андоз ва ҳуқуқ, ки дар маркази пойтахт ҷойгир аст, кӯчонида шавад.
Консерватория имрӯз ба мушкилии камии таҷҳизоти техникӣ ва норасоии асбобҳои мусиқӣ рӯ ба рӯ аст.
Талабшоҳ Сатторов ректори консерватория гуфт: "Ба мо бештар аз ҳама асбобҳои торӣ, яъне асбобҳои оркестрӣ, фортепиано ва роялҳо бисёр зарур аст. Асбобе, ки инҷо ҳастанд, бояд мо қисман бо худ барем, то ин ки ҷараёни таълим боз дошта нашавад. Аммо инҳо ҳама кӯҳна ҳастанд, аксари онҳо солҳои 60-70 харида шудаанд. Чандто асбоби нисбатан беҳтар аст, ки нимаш бояд дар Донишгоҳи санъат ҳам монад. Аз ин хотир, мо мехостем, ки асбобҳои созие, ки барои консерватория зарур аст, нав карда шаванд."
Мутахассисон баъди хатми консерватория унвони мутахассиси дараҷаи олиро мегиранд ва усулҳои таълим дар ин омӯзишгоҳ аз усули таълими Донишгоҳи санъат ба куллӣ фарқ мекунад. Дар консерватория дар баробари омӯзиши дониши назариявӣ, донишҷӯён соатҳои дароз ба тамрин ва такмили ҳунари худ машғул мешаванд. Саъдулло Каримов, донишҷӯи консерватория мегӯяд, ӯ дар гурӯҳи фалаксароён таҳсил мекунад.
Аммо ба гуфтаи Саъдулло дар гуруҳи онҳо танҳо 3 нафар аз ӯҳдаи фалаксароӣ мебароянд. Аксари онҳо ба сурудҳои эстрадӣ таваҷҷӯҳ доранд.
Саъдулло мегӯяд: "Таҳсил дар консерватория нисбат ба дигар донишгоҳҳҳо хуб ба роҳ монда шудааст, чунки дар консерватория танҳо донишҷӯёни болаёқат қабул карда шудаанд. Санъати касбиро, ки консерватория тарбия мекунад, донишҷӯён бештар мехонанд, бештар болои ихтисоси худ машқ мекунанд. Барои санъаткор дар як руз 3 соат, 4 соат даркор, ки болои худ кор кунад."
Дар тӯли 1 сол донишҷӯёни консерватория дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзидаанд. Дар натиҷаи оғози ҳамкорӣ бо консерваторияҳои кишварҳои ҳамсоя дар назар аст, ки мутахассисони тоҷик дар мамлакатҳои хориҷа таҳсил намоянд.
Талабшоҳ Сатторов, ректори консерватория, мегуяд: "Бо Консерваторияи миллии Қазоқистон, бо Консерваторияи миллии Қирғизистон аллакай ҳамкорӣ дорем ва аввалин намунаҳои ҳамкории мо шурӯь шудааст. Як нафар ассистент-стажёри мо ба наздикӣ дар Бишкек таълимро шурӯь мекунад."
Имруз донишҷӯёни консерватория барои консерти калоне, ки бахшида ба 1-солагии он барпо мегардад, омодагӣ мебинанд. Дар консерт танҳо донишҷӯёни беҳтарин дар натиҷаи озмун интихоб мешаванд.
Дар консерватория бахши аспирантура амал мекунад ва дар ояндаи наздик таъсиси бахши докторантура низ дар назар аст. Ҳамчунин дар консерватория бори нахуст дар Тоҷикистон лабораторияи асбобҳои мусиқӣ созмон дода мешавад, ки пеш аз ҳар як консерт ҳамаи асбобҳо дар натиҷаи таъмири махсус ва аз лаборатория гузаштан барои истифода иҷозат дода мешавад.
Фируз Баротов аз Душанбе
XS
SM
MD
LG