Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсӣ дар пешоруи имтиҳоноти ҷиддӣ


Бино ба маълумоти масъулини Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ҳизби ҳукмрон дар кишвар, ки аксари курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дорад, теъдоди аъзои он 70 ҳазор аст. "Минбари Халқ" нашрияи ҳизби мазкур ҳафтае ду маротиба нашр мешавад.
Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дуввумин ҳизби аз лиҳози аъзо бонуфуз бо касби 15 дар сади раъй дар парлумони кишвар бо 8 намоянда дуввумин фраксияро таъсис додааст. ҲКТ эълом доштааст, ки 60 ҳазор узв дорад. "Нидои Ранҷбар" нашрияи Ҳизби Коммунист ба иллати мушкилоти иқтисодӣ ба гоҳнома табдил ёфтааст.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар парлумон ду намоянда дорад ва бино ба маълумоти мақомоти ҳизб, шумораи аъзои он 20 ҳазор мебошад. Ҳизби Наҳзат бо интишори ҳафтавори мавсум ба "Наҷот" ва ду маҷаллаи дигар аз куллия аҳзоби кишвар дар ин самт фарқ мекунад.
Ба иттиллои Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) теъдоди аъзои ин ҳизб ба 5 ҳазор мерасад. Аммо масъулини ҳизб ба иллати мушкилоти иқтисодӣ имкони чопи нашрияи худро аз даст додаанд.
Дар ибтидои фаъолияти худ мақомоти Ҳизби Сотсиалист эълом карда буданд, ки 30 ҳазор узв доранд, вале пас аз террори раиси пешини ин ҳизб Сафаралӣ Кенҷаев шумораи аъзои он ба маротиб коҳиш ёфта ва дар ҳоли ҳозир вазорати адлия аз масъулини ҳизб дархост кардааст, ки теъдоди аъзояшро мушаххас кунад.
Ҳизби Сотсиал - Демократ охирин ҳизби сабти номшуда дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳудуди се ҳазор аъзо дорад. Вале ҳам Ҳизби Сотсиалист ва ҳам Ҳизби Сотсиал Демократ нашрияи худро ба иллати мушкили молӣ наметавонанд, чоп кунанд.
Ин як манзараи умумии вазъи феълии аҳзоби сиёсӣ буд. Аммо ҳеҷ яке аз ин аҳзоб дар мавриди имконоти молӣ ва маблағҳои худ расман ҷомиаро огоҳ накардааст. Ин дар ҳолест, ки аҳзоби мухолифи давлат натоиҷи интихоботҳои қаблиро қабул надоранд ва мегуянд ин маъракаҳои сиёсӣ бо тақаллубкориҳо сурат гирифтааст.
Аммо ба назари коршиносон фаъолияти аҳзоби сиёсии мухолифи давлат умдатан дар Душанбе - маҳдуд шудааст. Ба назари коршиносон, дар бештари навоҳӣ ва ба вижа дар деҳот аз барномаҳои аҳзоби сиёсӣ камтар огаҳӣ доранд.
Қосимшо Искандаров - мудири Маркази низоъшиносии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки яке аз авомили тамоюл накардани мардум ба аҳзоби сиёсӣ ҳамоно ҳаводиси маълуми солҳои навадуми кишвар аст. Ба маҳзи ҳамин сабаб ақида дорад, Искандаров одамон аз узвият дар аҳзоб иҷтиноб меварзанд: "Дар ҷомиа то ҳаде як фикри нодурусте роиҷ шудааст, ки гуё сабаби он ҳама ихтилофот ва ҷангҳое, ки дар Тоҷикистон шуд ҳамин "ҳизббозӣ" ва фаъолиятҳои ҳизбҳои дар он вақт тоза ба майдони сиёсат дохил шуда буданд ва ғайра. Аз ин хотир мардум аз шомил шудан ба аҳзоб ҳарос доранд. Ва ҳамин стереотипҳо бояд аз байни мардум ва ҷомиа гум шавад ва давлат ҳам бояд манфиатдор бошад, ки аҳзоби сиёсӣ рушд кунанд".
Ғаюр Қаҳҳоров - ҷомиашиноси тоҷик мегуяд, аз шаш ҳизби расман фаъоли кишвар танҳо ҲНИТ ва ҳизби ҳоким тавассути чопи пайвастаи нашрия ва маҷаллаҳои худ бо ҷомиа иртиботи доимӣ доранд. Ба назари оқои Қаҳҳоров, аҳзоби мухолиф танҳо дар симои шахси раҳбар ҳайсияти худро ҳифз кардаанд, дар сурати дигар аз ин аҳзоб танҳо ном боқӣ хоҳад монд: "Ҳизбҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ин ҳизбҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат мавқеашон хеле суст аст. Чунки мо то имруз на дар рузнома ва на дар маҷалла дар бораи программаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ояндабини Тоҷикистон аҳзоб тасаввурот надорем."
Исмоил Раҳматов - мудири шуъбаи Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд дар ҳоле, ки аҳзоби мухолифи давлат шароити муколама ва гуфтугуро бо мардум надорад, дари садову симои давлатӣ низ ба руи онҳо баста аст. Ва ба назари оқои Раҳматов, монеагузории мақомот дар маҳалҳо низ як омили дигари дар канор мондани аҳзоби сиёсии мухолифи давлат аз ҳаёти сиёсии кишвар аст: "Монеа аз тарафи ҳизби ҳоким дар маҳалҳо нисбати ин аҳзоб сурат мегирад ва бо наздик шудани фурсати интихоботҳо чунин монеагузориҳо албатта зиёд мешавад ва ин барои ҳама маълум аст. Барои ҳамин ман фикр мекунам ,ки як эътилофи ҳамин ҳизбҳо барои ҳамин ташкили як оппозисияи хуб қудратманд нисбати ҳизби ҳоким зарур аст".
Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода - узви раёсати олии ҲНИТ дар мухолифат бо назари коршиносон бар ин ақида аст, ки ҳизби вай дар ҳама гуна шароит мақом ва мавқеи мушаххасеро ҳифз кардааст. Вале ҳамзамон оқои Сайфуллозода эътироф кард, ки тули фаъолияташ Ҳизби Наҳзат ҳеҷ гоҳ барномаи иқтисодӣ надоштааст: "Ҳизби мо дар тамоми масъалаҳои дигари вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳанӣ ҳеҷ гоҳ дар канор набуд ва пайваста дар ҳар вазъияте, ки дар ҷомиа рух медод ва масъалаҳои сиёсие пайдо мешуданд, ки бояд мавқеи ҳизбҳо муайян шавад, метавонам бигуям, ки мавқеи ҳизби мо пеш аз ҳама нисбат ба дигар ҳизбҳо рушан ва ошкоро гуфта мешавад."
Ба ин тартиб, ба назари коршиносон, ду интихоботи қарибулвуқуъ яке интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон дар соли оянда ва интихоботи раиси ҷумҳур дар соли 2006 як имтиҳони ҷиддие хоҳад буд, барои ташхиси заъф ва зури аҳзоби сиёсии давлат ва ин интхоботҳо рушан мекунанд, ки аҳзоб то ба куҷо вориди саҳнаи сиёсӣ ва ҳаёти ҷомиа шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG