Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти Атовулло Рақибовро кӣ хоҳад гирифт?


Атовулло Рақибов бо аҳли оилааш.
Атовулло Рақибов бо аҳли оилааш.
Баъд аз эълон шудани ҳукми додгоҳ, ки бо иттиҳоми сарпечӣ аз ширкат дар муҳокима ба боздошти Рақибов дастур додааст, Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи ҳуқуқ ва қонунгузории Маҷлиси намояндгони Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳукм ҳанӯз поёни парванда нест ва бештар ба равандҳои иҷрои адолати судӣ дахл дорад, то ба худи қазия ё мавзӯъи асосии баҳс.

Вай меафзояд, Рақибов қодир аст, ин ҳукми Додгоҳи ноҳияи Файзободро бо мушкил рӯбарӯ кунад: «Қонунҳои Тоҷикистон иҷоза ва имкон медиҳанд, ки Рақибов тавонад новобаста аз таъинот ва ё ҳукм зидди таъиноти додгоҳи ноҳия ба Додгоҳи Олии кишвар шикоят барад ва ин масъала бозбинӣ шавад. Ин ҳуқуқро қонунҳои Тоҷикистон ба шаҳрванди кишвар додаанд.»

Аммо ин дар ҳолест, ки пас аз ҳукми мазкур Рақибов дар пайгарди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Файзобод ва эҳтимолан ҷустуҷӯи ҷиноии сартосарӣ қарор дорад. Худи ӯ мегӯяд, ки додгоҳ бидуни ширкати вай, ҳамсараш ва як хоҳари дигараш, ки бар асоси ин парвандаи манзил айбдор дониста мешаванд, дастури ҳабси ӯро содир кардааст. Аз нигоҳи Рақибов ин ҳукм ғайриқонунист.

Вай афзуд, бар асари фишору кашокаҳои додгоҳӣ ҳамсараш дучори бемории рӯҳӣ шуда, феълан дар беморхонаи шаҳри Душанбе бистарӣ аст ва ба парастор эҳтиёҷ дорад. Ба ин сабаб, Рақибов натавонистааст, дар муҳокимаи ахир ширкат кунад.

Пизишкон мегӯянд, кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Файзобод ба ин беморхона омада ва нусхаи санади ташхиси тиббиро бо худ бурданд. Яъне додгоҳ медонист, ки Рақибов ва ҳамсараш бо сабабҳои мушаххас наметавонанд дар мурофиа ширкат варзанд.

Рақибов гуфт, азбаски ҳукми додгоҳ наметавонист, бе ширкати айбдоршавандагон эълон гардад, хоҳари дигари ӯ, Моҳкалонро бо зӯрӣ ба Додгоҳи ноҳия оварда, дар ҳузури ӯ таъиноти ҳабсро хондаанд. Аммо то кунун нусхаи дастури ҳабс ба ӯ дода нашудааст. Бидуни нусхаи ин санад Рақибовҳо наметавонанд, ба Додгоҳи Олии кишвар шикоят баранд.

Моҳикалон Рақибова мегӯяд, ки ба Моҳбӣ Қурбонова, додраси ин додгоҳ борҳо исрор кардааст, ки ҳамсари бародараш ва хоҳари дигараш беморанд, ба ӯ гӯш надодаанд. Худи Моҳикалонро кормандони милиса бо зӯр ба додгоҳ овардаанд: «Маро аз дасти падарам ду милисаи ноҳия, ки яке аз онҳо Парвиз Амонатов ном дошт, ба зӯр кашиданду ҳатто имкони дуруст либос пӯшидан надода, ба додгоҳ овардаанд. Ба рӯи замин кашокаш пои луч дар мошин саворам карданд. Ман ҳоло ҳам аз ин рафтори онҳо ба худ наомадаам. Ҳамин хел таъинотро дар назди ман хонданд.»

Ҳуқуқшиноси тоҷик, Бузургмеҳри Равшан, мегӯяд, ки агар дар миёни айбдоршавандаҳо ҳатто як нафар бемор бошад ва ба ипн сабаб натавонад, дар муҳокима ширкат кунад, додгоҳ метавонад, то сиҳат шудани он шахс ҷараёни муҳокимаро боздорад.

Бар пояи ин далелҳо Атовулло Рақибов мегӯяд, ҳадаф аз дастури ҳабси ӯ танҳо фишори равонӣ ба ӯ ва бо ин роҳ маҷбур карданаш ба ақибнишинист.

Таҳмина Ҷӯраева, як корманди Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба ҷузъиёти парвандаи Атовулло Рақибов ошност, зеро ҳанӯз вақте ин қазия сар шуд, Рақибов барои имдод ба ин идора муроҷиат кардаааст.

«Вақте ки Рақибов ба назди мо омад, идораи мо ба вай маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дод ва барои кӯмак вакили мудофеъ пешинҳод кардем. Вале Атовулло розӣ нашуд. Ҳоло ҳам метавонем, дасти ёрӣ дароз кунем, аммо кафолат дода наметавонем, ки натиҷаи мусбат медиҳад.Зеро хеле вақт гузаштааст, вале ба ҳар ҳол агар муроҷиат кунад, кӯмак мекунем,»
-- мегӯяд Таҳмина Ҷӯраева.

Ёдовар мешавем, ки дар тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ Атовулло Рақибов тани танҳо ва бидуни вакили мудофеъ дар баҳсҳои додгоҳӣ ширкат кардааст. Вай мегӯяд, ки бинобар мушкилоти молӣ аз хидмати адвокат даст кашидааст, зеро маблағе надорад, ки ба вакил бипардозад.

Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда буд. Нахуст додситонии ноҳия алайҳи ӯ парвандаи шаҳрвандӣ боз намуда, сипас онро ба парвандаи ҷиноӣ табдил дод.

Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳсҳо борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи олии Тоҷикистон, Омбудсмени Тоҷикистон, Идораи Ҳуқуқи башар ва дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо муроҷиат кардааст, вале ҳеҷ яке ба сарнавишти ӯ расидагии ҷиддӣ ва бархӯрди бетарафона накардаанд.

Сарон ва бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар баҳсҳои худ аз парвандаи Рақибов ёд кардаанд, вале ба назар мерасад, дар ин марҳила ҳеҷ идораву муассиса, созмону ниҳод ё афроди ҷудогона омода нест, ба сарнавишти Атовулло Рақибов ва фарзандонаш мудохила кунад.
XS
SM
MD
LG