Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи набарди "Дружба" бо ҳукумати Хатлон


Ҳабибулло Алисултонов, масъули ширкати "Дружба"
Ҳабибулло Алисултонов, масъули ширкати "Дружба"

Ширкати “Дружба” мақомоти Хатлонро барои сарпечӣ аз пардохти қарзи 1 миллиону 800 ҳазор долларӣ ба додгоҳи байналмилалӣ мекашад.

Масъулони ширкати "Дружба" мегӯянд, ин моҷароро ба ҳукуматҳо, парлумонҳо ва вазоратҳои хориҷии Русияву Тоҷикистон матраҳ карда, дар сурати ҳал нашудани ин қазия ба Додгоҳи иқтисодии байналмилалӣ шикоят хоҳанд бурд.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ин қарзро лағв кардааст. Ба даъвои мақомоти Хатлон, моли воридкардаи "Дружба" дар соли 1993 ба ин вилоятро метавон "кӯмаки башардӯстона" номид...


Ин дар ҳолест, ки дар оғоз Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ин қазияро ба нафъи ширкати "Дружба"-и Русия ва дар навбати дигар қазияро ба нафъи мақомоти вилояти Хатлон ҳал кардааст. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ ҳукми ахирро таъйид намуд.

ҲАЙРАТИ САРМОЯГУЗОР

Аз соли 1993 то ба ин сӯ мақомоти вилояти Хатлон вуҷуди ин қарзро дар санадҳо тасдиқ карда ва гуфтаанд, ки баробари фарорасии шароити молӣ онро пардохт мекунанд.

Иброҳим Асманов, як масъули ширкати "Дружба" ба "Озодӣ" гуфт, мақомоти вилояти Хатлон ҳатто 65 ҳазор доллари ин қарзро пардохт кардаанд.

Ҷаноби Асманов афзуд, масъалаи ин қарз дар сатҳи давлатӣ, дафтари раёсатҷумҳур низ баррасӣ шуда буд: "Бо тақозои сарвазир Оқил Оқилов, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардонов, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз мақомоти вилояти Хатлон тақозо кардаанд, то ин қарзро баргардонанд. Вале ин амр иҷро нашуд. Мо дар ҳайратем, ки барои чӣ дастури раисҷумҳур иҷро нашудааст.”

ИДДАОИ ДОДГОҲИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ

Ҳабибулло Алисултонов, масъули дигари ширкати "Дружба"-и Русия гуфт, ки ин мавзӯъ ахиран дар иҷлоси Комиссияи муштараки байнидавлатии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав низ матраҳ шуд.

Вай афзуд, "Рӯзҳои 8-9-уми ноябри соли гузашта дар маҷлиси Комиссияи муштараки Русия ва Тоҷикистон дар ҳузури 23 нафар намояндаи Тоҷикистон ва ҳамин теъдод намоянда аз Русия, Асадулло Ғуломов қавл дод, ки ин қарз баргардонида хоҳад шуд. Раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ки ман муваззаф нестам, супориши ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунам. Дар ҳоле ки мо мехостем дар ин вилоят 25 миллион доллар сармоягузорӣ кунем. Оё бо чунин сиёсат сармоягузоре вориди Тоҷикистон мешавад?"

Иддаои Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бар асоси муроҷиати мақомоти вилояти Хатлон ин аст, ки гӯиё мӯҳлати ин қарз гузаштааст ва ба илова миёни тарафҳо қарордод вуҷуд надорад. Ба ҳамин далел Додгоҳи олии иқтисодӣ ин қарзро лағв кардааст. Мақомоти Хатлон гуфтааст, ки моли воридкардаи ин ширкат дар соли 1993 ба вилояти Хатлонро метавон кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон номид.

"ВАЪДАИ БЕВАФО"

Раҳмат Исматов, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, ки ин парвандаро баррасӣ кардааст, гуфт, “ҳоло қарори ин мурофиаи додгоҳро омода мекунам. Далели асосии лағви қарз аз сӯи додгоҳ, ин мӯҳлати даъвои қарз ва набудани шартнома байни тарафҳост.”

Дар мавриди мӯҳлати даъвои қарз, ки ба қавли додрас Раҳмат Исматов гузаштааст, мо ба судяи дигари ҳамин додгоҳ Зебиданмоҳ Хоҷабекова муроҷиат кардем. Вале дар сӯҳбат аз парвандаи ширкати "Дружба" ёдоварӣ нанамудем. Хонум Хоҷабекова гуфт, ки "мӯҳлати даъво се сол аст, вале агар даъвогар санадҳои узрнок пешниҳод кунад, ин мӯҳлатро суд тамдид мебахшад."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳабибулло Алисултонов, масъули ширкати "Дружба" мӯҳлати давъои онҳо аз соли 1994 то ба ин сӯ давом дорад ва санадҳое аз ҳукумат ва дафтари раёсати ҷумҳур дар даст доранд, ки дар он ҳамасола аз мақомоти вилояти Хатлон пардохти ин қарз тақозо шудааст.

Мақомоти вилояти Хатлон низ ҳамасола дар санадҳои ирсолкарда ба ширкати "Дружба" ваъда додааст, ки ин қарзро пардохт мекунад. Вале ба гуфтаи ҷаноби Алисултонов, Додгоҳи олии иқтисодӣ ин ҳама санадҳоро ба эътибор нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG