Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози даъвати баҳорӣ ё "облава"?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон сар аз 1-уми апрел мавсими баҳории даъват ба сафи артиш шурӯъ шуда, то поёни моҳи май идома мекунад.

Мақомоти давлатӣ ҷамъи афроди синни даъватӣ дар кишварро беш аз 600 ҳазор нафар баровард карда, мегӯянд, ки тақрибан 150 ҳазор нафар аз ин шумор аз хидмат дар артиш имтиёз дошта, беш аз 100 ҳазори дигараш маъмулан дар Русия дар мардикорӣ қарор доранд.

Аммо Абдурауф, як муҳоҷири 28-солаи тоҷик дар Русия, ин баҳор бидуни ҳарос аз ҷалб шудан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон озими ватан шуд. Дақиқ ин ҳамон синну солест, ки Вазорати дифоъ шаҳрвандро ба хизмат ҷалб намекунад ва исми онҳоро аз феҳристи сарбозони даъватӣ берун мекунад.

ТАРС АЗ "ОБЛАВА"


Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, беш аз панҷ сол аст, ки ҳар баҳору тирамоҳ, аз тарси ба артиш нарафтан, ба истилоҳ дар Русия паноҳ мебарад ва баъди анҷоми ин маърака бармегардад. Ин аввалин бор аст, ки ӯ дар фасли баҳор бе тарсу ваҳм дар моҳи апрел ба Тоҷикистон бармегардад.

Вай афзуд, "дар вақтҳое, ки “облава” буд, намерафтам. Аммо ман намегӯям, ки ватанро дӯст намедорам. Шароитҳо хуб мешуд, мерафтам, лек дар ду соли дар хизмат будани ман хонаводаамро касе хӯронда наметавонист, барои ҳамин нарафтам. Лек агар зиндагӣ хуб мешуд, ҳатман мерафтам, хизмат қарз аст.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон ду дафъа, баҳору тирамоҳ, ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ даъват мекунанд. Аксари ҷавонон бо баҳонаҳои гуногун талош мекунанд, ки на дар феҳристи даъватшудаҳо, балки шомили рӯйхати имтиёздорон бошанд. Мисле, ки зан гирифта, соҳиби ду фарзанд шаванд ё ба Донишгоҳ дохил гарданд ва ё ҳадди ақалл санади маъюбӣ дастрас намоянд.

НИГАРОНИИ ВОЛИДОН

Ҳодисаҳои ҳалокати сарбозон дар рӯёрӯиҳо бо гурӯҳҳои хилофкор ва ба гуфтаи сарбозон шароити номувофиқ дар Артиш онҳоро маҷбур мекунад, ки аз хизмат сарпечӣ кунанд. Бархе волидон низ дар ин кор ба фарзандони худ кӯмак мекунанд.

Назарбегим, як модари тоҷик мегӯяд, ду фарзандаш ба синни хидмати ҳарбӣ расидааст, вале метарсад, ки мабодо онҳоро ба хизмат ҷалб кунанд. Бинобар ин, ӯ тамоми талоши худро ба харҷ додааст, ки якеро ба донишгох дохил карда ва дигареро ба муҳоҷирати корӣ бифиристад: "Бачам, ҳоло ин азобу хитобро мешунавем, дигар диламон месӯзад ба бачаҳо. Вагарна, киро намефорад, ки ранги давраи советӣ рафта, обутоб ёфта биёянду мардак шаванд. Соли гузашта нооромиҳо, ки шуд, боз якбора метарсӣ. Худо сари ҳами аскарбачаҳоро аз санг кунаду Худо оромиро диҳад”.

Аз сӯи дигар, аксари ҷавонони тоҷик, ки мо бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, дар бораи фирори худ аз артиш шармрӯёна сӯҳбат мекунанд ва маълум аст, ки як гӯшаи дили онҳо барои сарпечӣ аз хидмат ба ватан хиҷил аст.

ВАЗЪ ДАР АРТИШ БЕҲТАР МЕШАВАД?

Ҷамшед, як ҷавони дигар, ки соли гузашта донишгоҳро хатм кардааст, мегӯяд, ӯ омодааст, ки ба артиш рафта як сол хидмат кунад. Вай мегӯяд, "Мо бояд хизмати ватанро дар ҳамин хел рӯзҳо кунем. Мо бояд азоб кашем, ки баъд вазъият хуб шавад. Дар Амрико низ аввал ҳамин хел буд, вале ҳоло соз шудааст. Ман як сол меравам хидмат мекунам, рутба, ки гирифтам дар ягон орган кор мекунам, насиб. Бояд мо рафта ҳадди ақалл як сол ҳам бошад хидмат кунем."

Бисёри ҷавонон маҳз бо далели шароити бади маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, аз хидмат сарпечӣ мекунанд. Аммо Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, феълан шароит дар қисмҳои низомӣ дар нисбат ба чанд соли пеш беҳтар шудааст.

Ӯ мегӯяд, ҳоло комиссариатҳои ҳарбӣ низ дар ҳар маҳаллаҳо корҳои тарғиботӣ мегузаронанд ва сафи ихтиёриён сол то сол афзоиш меёбад: "Ҷараёни даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар сатҳи хуб қарор дорад. Ҳоло тамоми он шароити маишие, ки барои сарбозони ҷавон лозим аст, муҳаё ҳаст. Дарсҳои ватанпарастӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Агар мо ба ҳисобҳо нигоҳ кунем, сол то сол сафи ихтиёриён ҳам бештар шудааст. Ин аз он далолат мекунад, ки шароит хуб аст."

ХИДМАТИ АЛТЕРНАТИВӢ

Аз сӯи дигар, Насим, як ҷавони дигари муҳоҷир мегӯяд, бархеи ҷавонон розианд, ки ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд, вале аз он нигаронанд, ки оё дар ду соли набудани онҳо падару модар ва хоҳару додари онҳо ки мехӯронад ва кӣ мепӯшонад. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон дар Русия роҳат надоранд, вале таъмини хонавода аз ҳама муҳим аст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе муҳоҷирон мегӯянд, хуб мешуд агар пули ба артиш нарафтани худро ба ҳукумат супоранд, то бо ин маблағ камбуди аскароне, ки хоҳиши хидмат доранд, ҳал карда шавад.

Ба ин мазмун, соли гузашта чанд созмони ҷамъиятӣ тарҳи қонуни алтернативии даъват ба хидмати ҳарбиро пешниҳод карда буданд, ки бар асоси он ҷавононе, ки хоҳиши ба артиш рафтан надоранд, бояд андоз супоранд. Муаллифони ин пешниҳод мӯътақиданд, ки аз ин ҳисоб имкон дорад, ҷавонони бештарро ба хидмат ҷалб намуда, инчунин бо маош таъмин намоянд.
XS
SM
MD
LG