Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи нуфусшуморӣ дар Русия: занон аз мардон бештар


Аз соли 2002 ба ин сӯ, аҳолии Русия ду миллион нафар кам ва теъдоди занон аз мардҳо бештар шудааст.

Ин танҳо як натиҷаи шигифтовар нест, ки шумориши аҳолӣ дар Русия мушаххас кардааст. Бар пояи ин шумориш, бештар аз 53 дарсади сокинони ин кишвар занҳо буда, беш аз 70 дарсади шаҳрвандон дар шаҳрҳо ба сар мебаранд.

Александр Суринов, раҳбари Ожонси давлатии омори Русия, ба хабарнигорон гуфт, ки афзоиши маргҳои бармаҳал дар байни мардҳо сабаби харобшавии тавозуни теъдоди марду зан шудааст.

КАМШАВИИ АҲОЛӢ ДАР РУСИЯ

Ҳарчанд натоиҷи ниҳоӣ бо маълумоти муҳиме мисли мизони маргу мир ва таваллуд дар аввали соли 2013 эълон мешавад, вале ба сурати умум, шумориши ахир бӯҳрони тӯлонии камшавии аҳолӣ дар ин кишварро бо санад таъйид кард. Ин санад дурустии гузориши Созмони Милалро тасдиқ кард, ки ду соли пеш ҳушдор дода буд, то соли 2050 аҳолии Русия то 116 миллион коҳиш хоҳад ёфт.

Марк Урнов, раҳбари бахши сиёсии мактаби олии иқтисодии Маскав ба радиои “Озодӣ” гуфт, масъалаи коҳиши аҳолӣ он қадар ба сармоягузориву буҷасозӣ вобастагӣ надорад.

Ба гуфтаи ӯ, ин мавзӯъ бештар ба фарҳанги мардум рабт мегирад: “Мо рӯҳияи худхоҳона дорем ва маззаи озодиро чашидаем. Табъан чунин ҳолатҳо ба коҳиши таваллуд мерасонанд. Танҳо Русия нест, ки ба ин мушкилот гирифтор шудааст. Кишварҳои аврупоӣ ва қисман Амрико низ ба ин мушкил гирифтор аст.”

ИЗОФАНАВИСӢ БАРОИ БУҶАИ БУЗУРГТАР?

Танҳо чанд минтақа аз раванди рӯ ба поён эмин монданд. Дар шаҳрҳои муваффақи Маскав ва Санкт Петербург, ба монанди минтақаи мусулмоннишини Қафқози Шимолӣ, афзоиши аҳолӣ мушоҳида шудааст.
Ду минтақаи Чеченистон ва Доғистон баландтарин сатҳи афзоишро соҳиб шудаанд. Аммо Усома Байсиева, як фаъолия ҳуқуқи башар дар созмони “Мемориал”, ин хулосаро зери суол бурдааст.

Ӯ мегӯяд, “ёд дорам дар соли 2002 шумориш чунон сарсарӣ буд, ки масъулон аз тарси ҷангиёни мусаллаҳ аслан аҳолии баъзе деҳкадаҳоро нашумурданд.” Омили дигаре, ки Усома ҳамчун далели аз воқеият дур будани натиҷаҳои шумориши аҳолӣ пеш меорад, изофанависии мақомот аст, ки эҳтимолан ба хотири буҷаи бузургтар теъдоди аҳолиро бештар нишон додаанд.

ПАС АЗ 20 СОЛ, РАҲБАРӢ БА ҚАФҚОЗИҲО МЕРАСАД?
Матбуоти ғарбӣ навиштааст, камбуди мардҳои арзишманд сабқати сангинеро дар байни занҳо эҷод кардаааст ва мағозаву китобдориҳои Русия пур аз дастурҳои “чӣ гуна тасхир кардани марди беҳтар” шудаанд...


Мавзӯи коҳиши аҳолӣ дар ҳоле дубора мавриди баҳсҳо қарор гирифт, ки ҷонибдорони дугонаи Медведев - Путин бо тавсифи барномаи афзоиши таваллуд мегуфтанд, ки маблағгузорӣ дар ин бахш самар дода, вазъи демографӣ беҳтар шудааст.

Баъзе аз коршиносони дигар ин афзоиши кӯчакро ба занҳои таваллудшуда дар солҳи 1980 марбут медонанд, ки ҳоло дар авҷи марҳилаи таваллуд қарор доранд. Вале мегӯянд, дар оянда ин раванд низ рӯ ба коҳиш хоҳад овард.

Коршиносони умури демографии Русия бо нигаронӣ аз вайрон шудани тавозуни қавмӣ пешгӯӣ мекунанд, ки агар коҳиш бо ҳамин шаст пеш биравад, пас аз 20 соли дигар қавқозиҳо дар Русия раҳбарӣ хоҳанд кард.

ТАСХИРИ МАРДҲО ВА ҲОЛАТИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Матбуоти ғарбӣ ба натиҷаҳои ибтидоии шумориши аҳолӣ дар Русия, бахусус ба ҷанбаи марбут ба инқирози мардҳои рус шавқмандӣ нишон додааст. Тибқи омори пешакӣ, теъдоди занҳои ин кишвар нисбат ба мардҳо 10 миллион бештар буда, тули умри мардҳо нисбат ба занҳо ба шиддат поён рафтааст.

Матбуоти ғарбӣ навиштааст, камбуди мардҳои арзишманд сабқати сангинеро дар байни занҳо эҷод кардаааст ва мағозаву китобдориҳои Русия аз дастурҳои “чӣ гуна тасхир кардани марди беҳтар” пур шудаанд.

Аммо як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳоло дар Русия ба сар мебарад ва санадҳои худро барои шаҳрвандӣ ба мақомот супоридааст, гуфт, ки натиҷаи шумориш то ҷое ба фоидаи муҳоҷирони корӣ аст.

“Шояд баъд аз ин, муносибат бо мо дигар шавад ва аз мо бештар муроқибат кунанд”,-гуфт бо ханда ҳамсӯҳбати мо, ки орзуи дар Русия мондан дорад.
XS
SM
MD
LG