Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мӯҳтавои қиссае, ки ҳоло бароятон нақл мекунам, шояд барои садҳо нафари дигар ошно бошад.

Шодии ману ҳамсарам дар рӯзҳои Наврӯз ҳадду канор надошт. Чунки баъд аз се духтараки дустрӯ, Худованд ба мо писар ато кард. Наврӯзи имсола барои хонадони мо воқеан пурфайзу пурнусрат буд.
Аз куҷо меёбӣ 500 сомониро, ки ба ҳамаи инҳо тақсим карда диҳӣ. Агар бою бадавлат бошӣ, майлаш, садқаи сарашон. Лекин набошад чӣ кор мекунӣ?


Се духтараки нозанине, ки дорем, зиндагии моро гулборон кардаанд ва ҳар ҳарфу ҳар бозии онҳо ва ҳар бор "дадаҷонам омад" гуфта ба пешвозам давиданҳояшон диламро пур аз шодиву фараҳ мегардонад ва боре ҳам ману ҳамсарам аз доштани се духтар ношукрӣ накардаем.

Лекин тавлиди як гулписар боз дар рӯзҳои иди Наврӯз бароямон неъмати Худованд ва ҳадяи беҳтарини тақдир буд, ки фазои хонадонамонро боз ҳам пурсафо кард.

Вале ин фазои софу шодибори хонадон ва қалбҳои моро ба истилоҳ абре омада пӯшиду тира кард.

МАРДОН ДИГАР БА ТАВАЛЛУДХОНА НАМЕРАВАНД?

Рӯзе, ки бояд зану фарзандам аз таваллудхона берун меомаданд, субҳи барвақт ҳамроҳи мошини як дӯстам, барои ҳамсарам гулдаста ва барои момодояаш каме шириниву кӯлчақанд харида, ба таваллудхона рафтам.

Чашмам ба чанд марде афтод, ки дар даст гулдаста ва дар поёни ҳавлии таваллудхона зери дарахтон мисле ки пинҳон шуда буданд. Онҳо маро бо гулдаста дида хандиданду ба наздашон даъват карданд.

Яке аз ин мардҳо гуфт, "бародар, фарзанди аввалинатон аст, ки намедонед ва ин қадар боҷуръат рафта истодаед?" Гуфтам не, ин фарзанди чорумам аст. Он мард китф дарҳам кашиду гуфт: "О, магар намедонед, ки ин духтурҳо хунатро мемаканду пас аз он кӯдакатро медиҳанд? Камаш 400-500 сомонӣ додан даркор, то зану фарзандатро аз ин ҷо барорӣ."

Ман гуфтам, ки чанд муддат дар Русия, дар муҳоҷирати корӣ будам ва дар рӯзи ҷавобдиҳии дигар фарзандонам аз таваллудхона ҳузур надоштам. Онҳо боз ҳам баландтар хандида маро масхара карданд, ки "нав фаҳмидем барои чӣ ҷуръат карда пеш рафта истодаӣ. Мо, ки медонем, худамонро нишон намедиҳем. Агар худатро нишон диҳӣ, тамом. Аз куҷо меёбӣ 500 сомониро, ки ба ҳамаи инҳо тақсим карда диҳӣ. Агар бою бадавлат бошӣ, майлаш, садқаи сарашон. Лекин набошад чӣ кор мекунӣ?"

ҲАҚҚИ ПИСАР, НАВРӮЗПУЛӢ...
Оё магар раҳбарияти Вазорати тандурустӣ боре ҳам хабар наёфтааст, ки духтурон дар гирифтани ришва он қадар усто шудаанд, ки аз чандин роҳу равишҳои махсуси ихтироъ кардаашон истифода кардаву мардуми бечораро ғорат мекунанд? Ҳайронам, ки ҷавоби ин суолҳоро аз кӣ дарёбам...


Ҳарфҳои ин мардонро шунида, рости гап, чандон бовар накардам ва онро воҳимае беш надониста, ҷониби даромадгоҳи таваллудхона равон шудам. Як зани хилъати сафедпӯш маро диду давида ба ҳуҷраи духтурҳо даромад ва пас аз лаҳзае бо 7-8 нафари хилъатпӯши дигар берун омад ва ба ман рӯ оварда: "муборак шавад писар ва муборак бошад Наврӯз" гуфт.

Ман бо садои нимҷону ҳайратзада ташаккур гуфтаму пушти ҳам қатор истодани онҳоро дида ҳарфҳои он мардҳои пинҳоншуда ба ёдам омад ва дилам таҳ кашид.

Чунки дар кисаам ҳамагӣ 50 сомонӣ доштам. Яке аз ин занҳо, ки ба фикрам вазифаи поидани роҳи маро бар ӯҳда гирифта буд, гуфт, ки "зану писарчаатонро духтур ҷавоб додааст. Ҳаққи духтурҳо, ки се нафаранд, ҳамшираҳои шафқат, ки 6 нафаранд, ҳаққи санитаркаҳо, ки ду нафаранд диҳеду зану писаратонро гирифта баред."

Он занро ба гӯшае даъват кардаму оҳиста пурсидам, ки ба духтурҳо чанд сомонӣ ва ба боқимондаатон чанд сумӣ бояд диҳам? Зан беибо хандиду гуфт, "баъд аз се духтар писардор шудед, бояд хурсанд бошед ва пулро дареғ надоред. Боз фаромӯш накунед, ки Наврӯз аст, иди бузург. Ҳамагӣ 400 сомонӣ мешавад. 300 сомонӣ барои хизмат ва 100 сомонӣ наврӯзпулӣ."

СУОЛИ БЕҶАВОБ

Инро шунидаву ҳоли зори кисаамро пеши назар оварда, таппиши қалбам тезтару пойҳоям бемадор шуданд. Ба хотири арзонтар кардани кӯдакпуливу наврӯзпулӣ хостам бо худи духтур сӯҳбат кунам ва аз ин зани миёнарав, ки намедонистам вазифаи асосиаш дар ин тавалудхона чист, гуфтам худи духтурро ба ин ҷо даъват кунад. Вай гуфт, духтур худаш ҳоло нест. Агар бошад ҳам, худаш вақти ҷавоб додани беморон намебарояд ва нарху наворо ба мо мегӯяд.

Ман, ки як одами оромтабиат ҳастаму кашмакаш кардан намехоҳам, илоҷи дигареро надида баргашта ба назди дӯсти мошиндорам, ки ҳамроҳам омада буд, баргаштам. Буду шуди пулҳои худаму ӯро, ки ҳамагӣ 400 сомонӣ шуданд, гирифта ба духтурҳо додаму зану фарзандамро ба хона овардам. Яъне, ман гӯиё ба ивази 400 сомонии қарзи гирифтаам, зану тифли навзодамро аз таваллудхона харидам.

Инак, чанд рӯз аст, ки ин суолҳо маро ором намегузоранд. То ба кай давом мекарда бошад ин ҳол? Оё магар раҳбарияти Вазорати тандурустӣ боре ҳам хабар наёфтааст, ки духтурон дар гирифтани ришва он қадар усто шудаанд, ки аз чандин роҳу равишҳои махсуси ихтироъ кардаашон истифода кардаву мардуми бечораро ғорат мекунанд? Ҳайронам, ки ҷавоби ин суолҳоро аз кӣ дарёбам.

Шамсиддин Шарофиддинов,
сокини шаҳри Душанбе

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG