Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши ҳамкориҳо миёни КМО Тоҷикистону Русия


Рӯзҳои 24 – 26 март дар шаҳри Сочи мулоқоти роҳбарони кумитаҳои миллии олимпӣ (КМО) ва вазирони варзиши Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ, Балтик ва Урупои Шарқӣ баргузор шуд.

Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ҷараёни ин мулоқот Меморандум ё Ёддошти ҳусни тафоҳум байни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Русия ба имзо расид.

Ба ин ҳуҷҷат аз ҷониби Тоҷикистон Маликшо Неъматов, ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷониби Русия Александр Жуков, президенти КМОР ва ҳамзамон муовини нахуствазири Русия, имзо карданд.

Бар асоси ин ҳуҷҷат, - афзуд Ҷалолиддин Нуров, - минҷумла, баргузории мусобиқот дар риштаҳои мухталиф байни варзишгарони ҳарду кишвар, ташкили давраҳои бозомӯзӣ ва табодули таҷрибаи кории мураббиёну доварон ва мутахассисони соҳа дар назар аст. Ҳамчунин мувофиқи дархости ҷониби Тоҷикистон, Кумитаи олимпии Русия барои омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочи кӯмак хоҳад кард.

Инчунин вохӯриҳои судбахш миёни роҳбарони кумитаҳои миллии олимпӣ ва вазирони варзиши кишварҳои ширкаткунандаи ин мулоқот доир шуд.

Ширкаткунандагони мулоқот аз иншооти бунёдшавандаи варзишии Олимпиадаи Сочи-2014 дидан карданд.
XS
SM
MD
LG