Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яҳудиситезии рӯ ба афзоиш дар Аврупо ва Ховари Миёна


Санги ёдгори қурбониёни антисемитизм
Санги ёдгори қурбониёни антисемитизм

Падидаи яҳудиситезӣ, яке аз навъҳои қадимии таассуб аст, ки ҳазорсолаҳо идома ёфтааст.

Антисемитизмро дар ҷойҳое метавон мушоҳида кард, ки дар онҷо теъдоди ками яҳудиён зиндагӣ мекунанд ва ё аслан нестанд. Дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех ин ҳафта дар як нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, намояндагони чанд кишвар роҳҳои мубориза бо антисемитизм ва ё яҳудиситезиро баррасӣ карданд.

НАКӮҲИШ ВА СИТОИШИ ҲОЛОКОСТ

Бо гузашти ҳар соле, вақоҳати Ҳолокост ба тадриҷ аз ёдҳо меравад. Яке аз навъҳои муосири яҳудиситезӣ, рад кардани худи Ҳолокост ва ё кам нишон додани таъсири он аст. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон вуқӯъи Ҳолокостро рад мекунад ва ҳамзамон бо рад кардани ин ҳодиса, ситоиши он ҳам мушоҳида мешавад.

Дар ҳамоише дар шаҳри Прага, ки
бо мусоидати Литва, раҳбари давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор шуд, муаррихон, ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҳукуматӣ роҳҳои мубориза бо ин яҳудиситезиро баррасӣ карданд. Йиржӣ Шнейдер, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех гуфт: “Бисёр шармовар аст, ки бо гузашти 66 сол аз шикасти Олмони фашистӣ, мо ҳанӯз ҳам бо яҳудиситезӣ рӯ ба рӯ ҳастем.”

Ӯ яҳудиситезӣ дар замони муосирро “заҳри қадимӣ дар шишаҳои нав” хонд. Ҳоло ба гуфтаи Янеж Ленарсис, мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, яҳудиситезон бо истифода аз фанновариҳои навин, таассуби худро дар саросари ҷаҳон паҳн мекунанд.

АФЗОИШИ ЯҲУДИСИТЕЗӢ ДАР АВРУПО

Агарчӣ яҳудиситезӣ дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад, аммо дар конфронси мазкур танҳо ба ин масъала дар кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тамаркуз шуд.

Ҳанна Розентал, фиристодаи махсуси Амрико дар умури мубориза бо яҳудиситезӣ мегӯяд, дар солҳои ахир ин зуҳурот дар Аврупо авҷ гирифтааст. Дар як назархоҳӣ дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, дар саросари Аврупо ба назари 40 дарсад, “яҳудиён дар тиҷорат қудрати беш аз ҳад доштаанд”: “Ман дар воқеъ асосан ба Аврупо тамаркуз мекунам. Аврупо собиқаи бади миллатгароӣ ва яҳудиситезӣ дорад ва мо ҳоло шоҳиди мавҷи
нави миллатгароӣ ҳастем, ки авҷи нави яҳудиситезиро нишон медиҳад.”

Яҳудиситезон аксаран ба Исроил нафрат мехонанд ва дар аксари қатъномаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал, Исроил маҳкум мешавад. Дар нишасти Прага ин масъала баррасӣ шуд, ки оё рафтору иқдомоти Исроил сабаби авҷ гирифтани яҳудиситезӣ мешавад ё фақат яҳудиситезон таассуби қадимаи худро ба яҳудиҳо дар кишвари яҳудиҳо мерезанд.

"ХОВАРИ МИЁНА ЯҲУДИСИТЕЗ АСТ"

Марк Гарднер, сухангӯи Ҷомеаи эътимоди амниятӣ дар Лондон, ки ҷиноятҳо дар заминаи яҳудиситезиро мушоҳида мекунад, мегӯяд, ҳар вақте ки Исроил амалиётҳои низомӣ анҷом медиҳад, яҳудиситезӣ зиёд мешавад. Аммо дар соли 2010, ки соли нисбатан ороме дар Ховари Миёна будааст, мавориди яҳудиситезӣ бештар шудааст. Ҳанна Розентал, мегӯяд, махсусан дар кишварҳои Ховари Миёна рӯҳониён расман Ҳолокостро ситоиш мекунанд ва хитоб ба миллионҳо тарафдоронашон аз тариқи телевизионҳо мегӯянд: “Гитлер кори хубе кард, Ҳолокост кори хубе буд"

Ҳанна Розентал, фиристодаи махсуси Амрико дар умури мубориза бо яҳудиситезӣ мегӯяд, ӯ чанде пеш 8 имомро, ки ду нафарашон Ҳолокостро рад мекарданд, ба ӯрдугоҳи Освентсим бурдааст, ки дар онҷо даҳҳо ҳазор яҳудиро куштаанд. Ӯ мегӯяд, имомҳо намедонистанд, ки Албания кишвари мусулмоннишин, дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум тамоми яҳудиёнашро аз дасти Олмони фашистӣ ҳифз кард. Баъди ин сафар, он имомҳо бо нашри баёнияе тамоми навъҳои яҳудисезӣ ва рад кардани Ҳолокостро маҳкум кардаанд. Ба эътиқоди ӯ, аз чунин роҳҳо метавон, роҳи густариши яҳудиситезиро гирифт.

Аммо на сиёсатҳои ҳукуматӣ ва муқаррароти қонунӣ наметавонад, ин зуҳуроти қадимаро аз байн барад. Константин Геберт, хабарнигори лаҳистонӣ ва як ширкаткунандаи нишаст мегӯяд, бояд тавре мубориза кард, ки яҳудиситезон худро дар инзиво ҳисоб кунанд ва то замоне, ки аксарият роҳи яҳудиситезонро нагиранд, онҳо ба кори худ идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG