Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди сармураббии тими Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Узбекистон 


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024, ки 28-уми апрел дар Тайланд ба поён мерасад, дар бозӣ барои ҷойи сеюм ва дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа бо тими миллии Узбекистон рақобат мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи Bangkok Arena соати 13:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар арафаи бозӣ бо дастаи Узбекистон, 27-уми апрел, дар нишасти хабарӣ гуфт, "мо бо дастаи Узбекистон дар сатҳҳои гуногун бозиҳои зиёд гузарондаем. Ҷиҳатҳои қавии рақибро медонем. Кӯшиш мекунем, ки хуб бозӣ карда, ғалаба ба даст орем. Барои омодагӣ ба ин бозӣ машқҳои барқарорсозӣ анҷом додем. Мо қодирем, ки ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем.”

Тими миллии Узбекистон, ки яке аз дастаҳои пуртаҷрибаю пурқуввати Осиё мебошад, чаҳор маротиба медалҳои нуқра ва панҷ бор медалҳои биринҷии қаҳрамонии қораро соҳиб шудааст. Бори охирин узбекҳо соли 2022 дар Ҷоми Осиё мақоми сеюмро касб карда буданд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад, аввалин бор барои медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё мубориза мебарад.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои дастовардҳои тими миллии футзали кишвар дар Ҷоми Осиё-2024 ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор доллар ихтисос додааст.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки рӯзи якшанбеи 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир мегардад, мунтахаби Тайланд бо қаҳрамони 12-каратаи Осиё - тими миллии Эрон - рақобат мекунад. Бозии ниҳоӣ соати 16:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), дастаҳои мунтахаби Эрон, Тайланд ва Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ ёфтаанд.

Инчунин барои роҳхати панҷум тимҳое, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 шикаст хӯрданд, талош карданд. 26-уми апрел бозиҳои плей-офф баргузор шуд. Тими Афғонистон зери роҳбарии сармураббӣ Маҷид Муртазоии эронӣ бар дастаи Ироқ бо ҳисоби 5:3 ва мунтахаби Қирғизистон бо роҳбарии сармураббӣ Луис Бернат Молинаи испанӣ бар Ветнам бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд.

Бозии ҳалкунанда барои роҳхати панҷум ба Ҷоми ҷаҳон-2024 аз қораи Осиё миёни дастаҳои Афғонистону Қирғизистон субҳи якшанбеи 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир гардид. Футзалбозони афғон, ки бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуданд, ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифтанд.

Дарвоқеъ, тими миллии Афғонистон, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кард, то ба даври чаҳорякниҳоӣ расид ва нахустин маротиба ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт. Вале тими миллии Қирғизистон, ки як маротиба (соли 2005 дар Ветнам) медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиёро ба даст оварда, ду бор (2005 ва 2007) ҷойи чаҳорумро гирифтааст, аз роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бенасиб монд.

Ҷоми Осиё-2024

Нимфинал

26-уми апрел (ҷумъа)

Тайланд - Тоҷикистон – 3:3 (6:5 – аз рӯи силсилаи пеналти)

Бангкок, варзишгоҳи Hua Mark Indoor

Узбекистон – Эрон – 3:3 (4:5 - аз рӯи пеналти).

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

26-уми апрел

Ироқ - Афғонистон - 3:5

Ветнам - Қирғизистон - 2:3

28-уми апрел (якшанбе)

Афғонистон – Қирғизистон – 5:3

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Тоҷикистон – Узбекистон – соати 13:00 (бо вақти Душанбе)

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

ФИНАЛ

Тайланд – Эрон - соати 16:00 (бо вақти Душанбе)

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Дар ҳамин ҳол ҳамаи 24 дастаи мунтахаб, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2024 иштирок мекунанд, муайян шуданд: Узбекистон, Зеландияи Нав, Қазоқистон, Фаронса, Испания, Португалия, Украина, Бразилия, Аргентина, Венесуэла, Парагвай, Коста-Рика, Панама, Гватемала, Куба, Хорватия, Нидерланд, Ангола, Либия, Марокаш, Тоҷикистон, Эрон, Тайланд, Афғонистон.

Қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 рӯзи 26-уми май дар Самарқанд доир мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Португалия мебошад. Аз ҳама бештар – панҷ бор - тими миллии футзали Бразилия ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.

XS
SM
MD
LG