Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба чорякфинали Ҷоми Осиё баромад


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки бозии сеюмашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд бо тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, дар гурӯҳи “С” ғолиб шуд ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии даври охирини гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Ҷопон 22-юми апрел дар шаҳри Бангкок, дар маҷмааи варзишии “Бангкок Арена”, доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 12-ум, Кентаро Ишида аз дастаи Ҷопон, ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Муҳаммадҷон Шарипов дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 26-ум, ба самар расонд.

Ба ин тартиб, ин бозии ҷолибу пуршиддат, ки бо ҳисоби 1:1 ба поён расид, футзалбозони тоҷикро қаноатманд кард. Онҳо бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо касби 5 имтиёз ғолиби гурӯҳ шуда, ба плей-офф баромаданд.

Аммо тими миллии Ҷопон, ки қаҳрамони феълии Осиё мебошад, зери роҳбарии сармураббӣ Кенчиро Когуре бо касби 4 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар даври чорякниҳоии мусобиқа маҳрум гашт.

Дастаи мунтахаби Қирғизистон, ки 22-юми апрел бозии даври сеюмро дар гурӯҳи “С” бо тими миллии Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 5:5 анҷом дод, бо касби 5 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуд ва ба плей-офф роҳ пайдо кард.

Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки бо касби як имтиёз дар ҷадвали гурӯҳ охирин шуд, ба мисли ҷопониҳо мусобиқаро тарк менамояд.

Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон дар чорякфинал бо дастае, ки дар гурӯҳи "D" дуюм мешавад - ё Кувайт ё Афғонистон - бозӣ хоҳад кард.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад ва бори сеюм аст, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбад.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Ҷоми Осиё-2024

Гурӯҳи “С”

Даври сеюм

Ҷопон – Тоҷикистон - 1:1

Голҳо: Кентаро Ишида, 12 (1:0). Муҳаммадҷон Шарипов, 26 (1:1).

22-юми апрел. Бангкок. Маҷмааи варзишии «Бангкок Арена».

Кореяи ҶанубӣҚирғизистон – 5:5

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи “С”

Ҷ

Дастаҳои мунтахаб

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

1

2

0

5-3

5

2

Қирғизистон

3

1

2

0

10-9

5

3

Ҷопон

3

1

1

1

8-4

4

4

Кореяи Ҷанубӣ

3

0

1

2

5-12

1

Шонздаҳ дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд.

Аз гурӯҳи “А” Тайланд ва Ветнам, аз гурӯҳи “В” Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи С” Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “D” Эрон ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Дастае, ки аз гурӯҳи “D” роҳхати дуюмро мегирад, имшаб муайян хоҳад шуд – ё Кувайт ё Афғонистон.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG