Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии се даста дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024


Акс аз сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ ба поён расид.

Дар ду бозӣ мизбонон ва дар ду дидор меҳмонон ғолиб омаданд, ду бозӣ мусовӣ шуд. Дар шаш бозӣ 14 гол зада шуд, ки ҳафттоаш ба мизбонон ва ҳамин миқдор ба меҳмонон марбут аст.

Нахуст 12-уми апрел ду бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош» (Рӯдакӣ)– «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор) баргузор шуд.

Бозии “Кӯктош” бо “Регар-ТадАЗ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. бидуни гол хотима ёфт.

“Ҳосилот” дар меҳмонӣ “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Голҳои Нуриддин Ҳамроқулов, Шериддин Бобоев ва Умарҷон Шарипов ба фархориҳо се имтиёз овард. Ягона голи мизбононро Артём Сердюк ба самар расонд.

Ду бозии дигари даври дувуми мусобиқа байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Бохтар) ва «Эсхата» (Хуҷанд) – КМВА (Душанбе) 13-уми апрел сурат гирифт.

“Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба дарвозаи “Вахш” се голи беҷавоб зад. Ду гол ба Шервонӣ Мабатшоев ва яктоаш ба Алишер Ҷалилов марбутанд.

КМВА дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд “Эсхата”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Голҳоро Абдулло Шарипов, Муҳиддин Одилов ва Комрони Мирзохон заданд.

Даври дувуми мусобиқа 14-уми апрел бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – «Барқчӣ» (Ҳисор) ба поён расид.

“Равшан” дар майдони худ “Панҷшер”-ро бо ҳисоби 2:0 ноком кард. Голҳоро Нозим Бобоҷонов ва Бахтиёр Зарипов ба самар расонданд.

Дарвоқеъ, бозии “Равшан” ва “Панҷшер” бозии аз ҳама сертамошобини даври дуюм буд. Ин бозиро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб беш аз 13 ҳазор мухлис тамошо кард.

Аммо Ғайраталӣ Мираҳмадов, мудири бошгоҳи “Равшан”, аз мухлисоне, ки бе билет ба тамошои ин бозӣ омада, бархе аз онҳо ба вайронкорӣ (шикастани курсиҳо) даст задаанд, изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст:

- Мо бо кӯмаки сарпарастон дар таъминоти даста мушкилӣ надорем. Ҳукумати шаҳр дар якҷоягӣ бо сарпарастон дар ободиву созандагӣ корҳои зиёд мекунанд. Аммо барои ободу зебо нигоҳ доштани варзишгоҳ мухлисон низ бояд саҳмгузор бошанд. Аз 13 ҳазору 486 нафар тамошобини ба Варзишгоҳи марказии Кӯлоб омада аз фурӯши билет ҳамагӣ 2 ҳазор сомонӣ ба даст омадааст.

Бозии охирини даври дувум байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Барқчӣ”, ки дар варзишгоҳи “20-солагии “Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд доир шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Голи мизбононро Ҷамшед Ҳасанов ва голи меҳмононро Билол Бобоев заданд.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ҷадвал дастаҳои “Истиқлол”, КМВА” ва “Ҳосилот”, ки шашимтиёзӣ гирифтаанд, пешсаф мебошанд.

Мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо иштироки 12 даста то рӯзи 10-уми ноябр идома хоҳад кард. Тибқи низомнома мусобиқа дар ду давра баргузор мешавад, ки дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024

Лигаи олӣ

Даври дуюм

12-уми апрел (ҷумъа)

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» - 0:0

«Хуҷанд» – «Ҳосилот» - 1:3

13-уми апрел (шанбе)

«Эсхата» – КМВА – 0:3

«Истиқлол» - «Вахш» - 3:0

14-уми апрел (якшанбе)

«Равшан» – «Панҷшер» - 2:0

«Истаравшан» – «Барқчӣ» - 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

6-1

6

2

КМВА (Душанбе)

2

2

0

0

6-1

6

3

«Ҳосилот» (Фархор)

2

2

0

0

5-1

6

4

«Равшан» (Кӯлоб)

2

1

1

0

5-3

4

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

1

0

2-0

4

6

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

3-4

3

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

2

0

2

0

4-4

2

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

0

1

1

2-4

1

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

0

1

1

0-2

1

10

«Панҷшер» (Балхӣ)

2

0

0

2

1-5

0

11

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

0

0

2

1-5

0

12

«Вахш» (Бохтар)

2

0

0

2

0-5

0

Даври сеюм

19-уми апрел (ҷумъа)

18:00 - «Ҳосилот» – «Эсхата»

18:00 - «Панҷшер» – «Истаравшан»

20-уми апрел (шанбе)

18:00 - «Барқчӣ» – «Вахш»

18:00 - КМВА – «Равшан»

20:00 - «Истиқлол» – «Кӯктош

21-уми апрел (якшанбе)

18:00 - «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

XS
SM
MD
LG