Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон чист ё куҷост? Ёде аз баҳори соли 1994 (2)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бахшида ба солгарди 30-юми оғози музокироти сулҳи тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милал

Сӣ сол пеш, қабл аз шурӯи музокироти сулҳи тоҷикон, ҳодисаҳои муҳим рӯй доданд. Даври аввали музокирот рӯзи 5-уми апрели соли 1994 дар Маскав баргузор шуд ва тақрибан баъд аз севуним сол дар ҳамон ҷо бо имзои Созишномаи сулҳ ба поён расид.

Муаллифи ин сатрҳо, ки нимаи аввали соли 1994 дар Вашингтон таҷрибаомӯзии илмӣ мегузаронид, шоҳиди он буд, ки чӣ гуна ҷаҳониён бори аввал дар бораи Тоҷикистон гап мезаданд. Албатта, далели ҳарф задани онҳо ғамангез, ҷанги шаҳрвандие буд, ки ба бунбаст ворид шуда буд. Муаллиф мехоҳад, таассуроти он давраи худро бо хонандагон дар миён гузорад.

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Қисми аввал дар инҷост

Қисми 2

Исломиҳо: Оё онҳоро ба раванди сиёсӣ шомил мекунанд?

Исломшиносӣ дар солҳои 90-ум бештар "муд" буд. Дар Донишгоҳи Ҷорҷтаун, куҳнатарин муассисаи таҳсилоти олии католикии Амрико, муколамаи рӯшанфикрони намояндагони ду дини ҷаҳонӣ бо пули шоҳзодаҳои Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Дар яке аз онҳо ману ҳамкорам Рашид Ғанӣ Абдулло ҳузур доштем.

Садои Ҷон Эспозито, профессори Ҷорҷтаун ва мудири "Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонӣ-насронӣ" пиромуни андешаҳо дар бораи ислом баланд шуд. Вай ба "исломи чап" майл кард ва ҳар касеро, ки дар бораи "ифротгароии исломӣ" ҳарф мезад, ба исломбадбинӣ муттаҳам кард. Бо ӯ донишмандони ростгарои исломбадбин, ба монанди исроилгарои неомуҳофизакор Даниел Пайпс ва арабшинос аз Фаронса Ҷилл Кепел мухолифат карда, Эспозиторо ҳомии ваҳҳобия ва ҷонибдори гуруҳи фаластинии "Ҳамос" номиданд. Фаъолияти ин созмон дар Амрико ва як қатор кишварҳои Аврупо мамнуъ эълом шудааст.

Гиромидошти ёди қурбониён дар Амрико
Гиромидошти ёди қурбониён дар Амрико

Карйераи Эспозито пас аз фоҷиаи 11-уми сентябри соли 2001 поин рафт. Амрикоиҳо пас аз ҳамлаи террористӣ ба Маркази ҷаҳонии тиҷорат ба таври оммавӣ ба мутолиаи матнҳои зиддиисломии Самуэл Ҳантингтон бо "бархӯрди тамаддунҳо"-яш, идея дар бораи он ки бархӯрди ислом ва ҷаҳони Ғарб дар ояндаи наздик ногузир аст, пардохтанд. Дар замони президентии Ҷорҷ Буши хурдӣ (2001-2009) Бернард Люис, устоди Ҳантингтон, ки консепсияи бархӯрди тамаддунҳоро ба шогирдаш муаррифӣ карда буд, ба унвони як донишманди пештоз дар шарқшиносӣ эътироф карда шуд.

Люис, ки соли 2018 дар 101 даргузашт, бештар дар бораи ақибмонии фарҳангии ислом ва хатари ҷиҳоди ҷаҳонӣ ҳарф мезад. Ба гуфтаҳои ӯ, аз ҷумла, олими амрикоӣ-фаластинӣ насронӣ Эдвард Саид, муаллифи китоби машҳури "Шарқшиносӣ" (1978) мухолиф буд. Саид Люисро сионисте меномид, ки арабҳо ва мусулмононро дашном дода, аз империализми Ғарб ҷонибдорӣ мекунад. Андешаҳои Люис дар бораи зарурати "ба режимҳои деспотикӣ" таҳмил кардани демократия" ба сиёсати берунии Ҷорҷ Буш, ки моҳи марти соли 2003 ба Ироқ ҳамла карда буд, таъсири калон расонидааст.

Бояд зикр кард, ки муаллифи ин сатрҳо он замон дар Донишгоҳи давлатии Оҳайо дарс мегуфт ва шоҳид буд, ки чӣ гуна омӯзгорон ва донишҷӯёни дувумин донишгоҳи калонтарини Амрико дар ҳоли пас аз ҳамла ба Ироқ алайҳи сиёсати ИМА дар Ховари Миёна эътирозҳои оммавӣ ташкил карданд.

Аммо, биёед, ба солҳои 1990 бармегардем. Шахсияти маъруф дар таҳқиқи муноқишаи тоҷикон эроншинос Оливйе Руаи фаронсавӣ буд. Вай дар китоби машҳури худ "Шикасти исломи сиёсӣ" (The Failure of Political Islam, 1992) дар исломи сиёсӣ моҳияти оқилонаеро ҷустуҷӯ кардааст. Руа аз моҳи августи соли 1993 то моҳи октябри соли 1994 намояндаи махсуси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон буд.

Замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон
Замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон

Вай сабабҳои ангезандаи низои тоҷиконро омӯхта, ба фарҳанги сиёсатшиносӣ истилоҳи “маҳалгароӣ”-ро ворид кард. Ғарб дар он замон бо дидани пешрафтҳои исломи сиёсӣ дар Алҷазоир, Эрон, Туркия ва Афғонистон бо ишора ба зарфияти табдили он аз як ҷунбиши мазҳабии хушунатомезу низомӣ ба ҳаракати муосири модели ғарбӣ ба эътирофи машрӯият ва асоснокии он наздик омада буд.

Руа ба суол дар бораи ояндаи исломгароӣ чунин посух додааст: Исломи сиёсӣ шикаст хӯрд, он ҳеч гоҳ давлати исломӣ сохта наметавонад ва ногузир ба сӯи фундаментализм меравад. Он на дар ислом ҳамчун дин, балки дар замонавӣ, аз чумла воқеияти ғарбӣ реша дорад. Вай бо навиштани як ҳукми ноумедкунанда дар бораи исломи сиёсӣ, консепсияи ҳаяҷонангези Ҳантингтон ва Люисро дар бораи "таҳдиди исломӣ" ҳамчун як падидаи ҷаҳонӣ инкор кард.

Чаро ман дар мавриди баҳси исломгароён бо тафсил истодам? Зеро дар пасманзари он, баррасии мухолифони тоҷик ба унвони музокиракунанда дар раванди сулҳ як иқдоми муносиб, табиӣ, ҳарчанд баҳсбарангез ба назар мерасид. Ба ин тартиб, мубоҳисаҳои ҷаҳонӣ дар бораи ислом ва исломгароӣ ба дидгоҳи донишмандон ва сиёсатмадорони ғарбӣ дар бораи муноқишаи тоҷикон таъсири худро гузоштааст.

Марҳилаҳои гуфтугӯҳои амалӣ

Манфиатдор набудани Амрико, Русия, Эрон ва Афғонистон ба идома ёфтани задухӯрдҳои мусаллаҳона байни тоҷикон дасти созмонҳои байнулмилалиро боз кард ва онҳо дар ниҳоят тавонистанд кори худ, яъне, ба ҳайси як миёнарави бетараф маъмурияти посдории сулҳро анҷом диҳанд.

Нахустин қадами намоёни СММ-ро дар Тоҷикистон метавон ҳузури маъмурияти хурди нозирони созмон дар Душанбе номид. Қароргоҳи он 21-уми январи соли 1993 дар паси кинотеатри Ҷомӣ боз шуд. СММ пеш аз боз кардани қароргоҳ дар моҳҳои сентябр ва ноябри соли 1992 ба Тоҷикистон ду маъмурияти таҳқиқи далелҳоро фиристод. Фиристодаи махсуси СММ Исмат Қиттонии ироқӣ дар моҳи августи соли 1993 ба Душанбе омад. Қиттонӣ ба ҷуз аз пойтахти Тоҷикистон ба Покистон, Эрон ва Афғонистон ҳам рафта буд. Ӯ баъди баргашт ба шаҳри Ню-Йорки Амрико, дар гузориши худ дар СММ навишт, ки тарафҳо "дар бораи ҳалли сиёсии низоъ ба мувофиқа расиданд".

Талошҳои мустақими миёнаравиро намояндаи махсуси Созмони Милал дар моҳи январи соли 1994 оғоз кард. Ин намоянда дипломати уругвайӣ Ромеро Пиритс-Баллон буд. Ҳамкори ҷопонии ман Тетсуро Иҷӣ, муаллифи китоби миёнаравӣ ва дипломатияи бисёрҷониба дар Тоҷикистон борҳо бо дипломати уругвайӣ мулоқот кардааст ва Пиритс-Баллон гуфта, ки ҳоло бознишаста мебошад ва омода аст, ки хотираҳояшро бо ҳамагон дар миён гузорад.

Таҷрибаи тоҷикон яке аз рӯйдодҳои ҷолибтарин дар фаъолияти ӯ буд. Бояд илова кард, ки дар таъзиянома ба ёди Ҳал Сандерс, ки соли 2016 аз ҷониби ҳамкоронаш таҳия шуда буд, раванди сулҳи тоҷикон дар баробари Созишномаи Кэмп-Дэвид дар соли 1978 миёни Исроилу Миср аз дастовардҳои асосии корномаи ин дипломати бузурги амрикоӣ ном бурда шудааст.

Дар акс: Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдумаҷид Достиев
Дар акс: Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдумаҷид Достиев

Посдории сулҳ дар Тоҷикистон яке аз тарҳҳои нодири СММ дар солҳои 1990 аст, ки бо муваффақият анҷом ёфт. Пиритс-Баллон дар моҳҳои январ ва феврали соли 1994 бо Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони мухолифони тоҷик дар шаҳрҳои Теҳрон, Маскав ва Хоруғ мулоқот кардааст. Вай аз ҳамаи ҷонибҳои даргир итминон гирифта буд, ки онҳо бидуни пешшарте паси мизи музокирот таҳти сарпарастии СММ хоҳанд нишаст. Пиритс-Баллон тавонист мавқеи ҳукумат ва мухолифонро дар мавриди маҳалли баргузории музокирот ва нозирони расмӣ ҳамоҳанг кунад.

Ба ҳайати нозирон намояндагони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, ҳамчунин созмонҳои байнулмилалии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) шомил буданд.

Чунин намояндагии устувор мақоми баланди музокиротро таъмин кард Дар бораи Тоҷикистон аз минбарҳои баланд ва дар матбуоти ҷаҳонӣ ҳарф мезаданд. Ва сабаб аломати мусбат буд - гуфтушунидҳои осоишта бо эҳтимоли муваффақият. Кишварҳои нозир гуфта буданд, ки омода ҳастанд, то музокиракунандаҳоро дар пойтахтҳои худ қабул кунанд. Ҳама мехостанд, ки дар саросари ҷаҳон ҳамчун сулҳҷӯй шинохта шаванд.

Ду монеаи ҷиддие вуҷуд дошт, ки метавонист ба музокирот халал расонанд. Монеаи якум хусусияти дохилӣ дошт ва ба куштори Моёншо Назаршоев, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар 10-уми марти соли 1994 марбут буд. Тавре он замон мегуфтанд, ӯ мебоист ҳайати ҳукуматиро дар музокирот раҳбарӣ мекард. Монеаи дувум ҳодисаи пурсарусадои ҳамлаи як гурӯҳи мухолифони тоҷик аз хоки Афғонистон ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми нерӯҳои Русия, мустақар дар марзи Тоҷикистон дар рӯзи 13-уми июли соли 1993 буд, ки дар натиҷаи он ҳудуди 30 низомии рус бо шумули тоҷикон кушта шуданд.

Русия дар посух ба ин ҳамла минтақаи наздимарзии Афғонистонро тирборон кард ва бо нашри изҳороти расмӣ дар Шӯрои амнияти СММ гуфт, дар сурати такрор шудани ҳамла ёрии низомиро ба ҳукумати Тоҷикистон оғоз мекунад. Ҷониби Афғонистон даст доштанро дар ҳамла рад ва Русияро ба тирборон кардани вилоятҳои шимолӣ муттаҳам намуд. Дар сурати боз ҳам муташанниҷтар шудани вазъ дар сарҳад метавонистем музокиротро фаромӯш созем. Ҳадаф дигар маҳви пурраи мухолифон мешуду эҳтимоли ҷалби нерӯҳои ИДМ ва гурӯҳҳои ҷангҷӯён аз қаламрави Афғонистон ба задухӯрдҳо низ вуҷуд дошт.

Буҳрон бо талошҳои вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Козирев, муовини ӯ Анатолий Адамишин ва сардори Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Евгений Примаков, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон амал карданд, зуд бартараф карда шуд. Примаков, ки шарқшинос буд, ба Теҳрону Кобул рафта, бо вазири корҳои хориҷии Эрон Алиакбари Вилоятӣ, президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва фармондеҳони саҳроии вилоятҳои шимолӣ вохӯрд. Дар натиҷа роҷеъ ба ҳимояти муштараки марзи Тоҷикистону Афғонистон ва идомаи ҷараёни муколамаву музокирот созиш ҳосил шуд.

Ин намунаи дипломатияи олӣ буд, ки сазовори дохил шудан ба китобҳои дарсии муносибатҳои байнулмилалӣ ҳаст. Он монеи табдили муноқишаи мусаллаҳонаи маҳаллӣ ба як ҷанги минтақаӣ гардид. Дипломатияи пешгирикунанда ва афзалиятдони сулҳ ҳаёти ҳазорон нафарро наҷот дода, кафили омадани сулҳ гашт.

Хулоса

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Ҳеч гуна талоши бисёрҷонибаи дипломатӣ ва фазои мусоиди байнулмилалӣ бидуни ирода ва азми худи сокинони кишвар наметавонад ба сулҳ бирасонад. Хештандорӣ, муомила, хирадмандӣ ва ҳисси масъулиятшиносии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми тоҷики хасташуда аз ҷанг на танҳо дар расидан ба сулҳу оромӣ ва ҳифзи давлатдории Тоҷикистон, балки дар таъмини сулҳу субот дар тамоми минтақа низ ҳалкунанда буд.

Музокироти деринтизори сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифони Тоҷикистон 5-уми апрели соли 1994 оғоз ёфт. Он замон дар Вашингтон дарахтони сакураи ҷопоние, ки Токио ҳадя карда буд, гул карда буданд. Сокинон ва меҳмонони пойтахти Амрико аз тамошои зебоии гулҳои гулобию сафед лаззат мебурданд. Дар фарҳанги Ҷопон, гули сакура рамзи ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ ва дӯстист.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG