Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои Ғарб дар бораи ҳамла ба "Крокус" ва тоҷикон чӣ мегӯянд?


Пас аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" тафтиши муҳоҷирон дар Русия сахттар шудааст
Пас аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" тафтиши муҳоҷирон дар Русия сахттар шудааст

Расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам дар бораи ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар Маскав мақолаву таҳлил менависанду мегӯянд, ки чаро чунин ҳодиса иттифоқ уфтод. Мо чанде аз ин нашрияву сомонаҳо, инчунин, расонаҳои мустақили Русияро варақ задем ва матолиби онро барои Шумо хулоса кардем.

"Ҳар ҷониб барои дурӯғ гуфтан баҳона дорад"

Нашрияи "Вашингтон Пост" менависад, мақомоти махсуси Амрико моҳи март Русияро аз омодагии ДОИШ ба ҳамлаи террористӣ огоҳ карда, ҳатто гуфтаанд, ки эҳтимол ҳангоми баргузории як консерт дар “Крокус” анҷом шавад. Амниятиҳои амрикоӣ ба нашрия гуфтаанд, шояд Русия ин огаҳиро ҷиддӣ нагирифт.

Таҳлилгари амрикоӣ Брюс Паннир рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, имкон дорад, Русия ба иттилое, ки Амрико фароҳам намуд, қисман бовар кард ва ё умуман нобоварӣ нишон дод.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

"Ин замоне иттифоқ уфтод, ки дар пеш интихоботи президентии Русия буд. Шояд дар Хадамоти иктишофии Русия фикр карданд, ки чунин огаҳӣ метавонад барои беобрӯ кардани фазои амниятии Русия аз ҷониби амрикоиҳо махсус истифода шавад. Мо намедонем, ки Иёлоти Муттаҳида дақиқан ба Русия чӣ иттилоъ дод ва ҷавоби Русия чӣ буд,” – афзуд ӯ.

“Медуза”, як расонаи озод, ваъдаи кумаки Тоҷикистонро ба Русия дар таҳқиқи ҳамлаи “Крокус” хабари бад номидааст. Ин расона мегӯяд, ҳарду тараф дар чунин таҳқиқ таҷрибаи хуб надоранд.

"Ҳоло Маскав ҳамлаи "Крокус"-ро ба Украина рабт доданӣ мешавад. Тоҷикистон дар соли 2018 ҳамлаи ДОИШ-ро ба сайёҳони хориҷӣ мехост, кори дасти Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Эрон муаррифӣ кунанд. Мисли ин ки Маскав зидди Украина маъракаи иттилоотӣ барпо мекунад, Душанбе ҳам ба зидди Эрон замоне таблиғот ба роҳ монд, вале манфиатҳои иқтисодӣ боло гирифт ва равобиташ бо ин кишвар дубора хуб шуд," – навиштааст расона.

Ҳоло, ба нигоштаи "Медуза", Душанбе ва Маскав ҳамроҳ яке аз ҳамлаҳои мудҳиштаринро дар таърихи Русия таҳқиқ мекунанд ва ҳар ҷониб барои дурӯғ гуфтан баҳонаҳои худро дорад. Аммо ин чиз, мутаассифона, ба маълум кардани ҳақиқати ҳодисаҳо монеъ хоҳад шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Матбуоти Ғарб дар бораи "Крокус" ва тоҷикон чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:51 0:00

“Тамоми миллатро набояд ҷазо дод” ба тоҷикон дахл надорад?

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия паҳлӯи дигари мақолаҳои вобаста ба "Крокус" аст. “Новая газета Европа” дар матлабе бо номи “Афтатро дидан намехоҳам” нақли ронандаи таксӣ Рустамро нашр кардааст, ки барои тоҷик буданаш бисёре аз муштариҳо дар Русия аз ӯ ҳазар мекунанд.

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

Ҳар рӯз беш аз ҳазор муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо рафтори хашин, озори полис ё боздошти ғайриқонунӣ рӯбарӯ мешаванд. Як ҳомии ҳуқуқ ба нашрия гуфтааст, “чаро вақте дар мисоли русҳо ва ҳуҷуми Маскав ба Украина мегӯянд, “тамоми миллатро набояд ҷазо дод”, айни чунин андеша нисбат ба тоҷикон садо намедиҳад?”

Дар бораи афзоиши эҳсосоти муҳоҷирбадбинӣ сомонаи “Садои Амрико” ҳам навишт. Ин сомона аз қавли Эдвард Лемон, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Вашингтон, гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ “даъватҳо ба ихроҷи тоҷикон бо иттиҳоми ин ки гуё “террорист” ҳастанд ва "барқарор шудани ҳукми қатл” зиёд садо медиҳад.

"Шахсе, ки бераҳмона латукӯб мешавад…"

Аксар нашрияҳои ғарбӣ дар тафсири рӯйдоди охир дар Русия ба дурӯғ будани иттиҳоми Маскав аз даст доштани Украина дар ин ҳамла тамаркуз кардаанд, аммо оё дар бораи нақши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳамла чӣ андеша доранд.

Таҳлилгари амрикоӣ Брюс Панир дар ин бора чунин гуфт: “Мусаллам аст, чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар додгоҳ баёнот доданд, шиканҷа шудаанд. Дар тамоми матбуоти ғарбӣ ин чиз навишта шудааст, ки эътирофи онҳо ихтиёрӣ набуд. Нафаре, ки бераҳмона латукӯб мешавад, ба ҷинояти накардааш ҳам иқрор мешавад. Айни замон, матбуот ёдовар мешавад, ки тоҷикон дар ҳамлаҳои Эрон, Туркия, Афғонистон даст доштанд ва аз ҳамлаи тоҷикон дар Олмону Австрия пешгирӣ шуд. Албатта, онҳо наменависанд, ки ҳамин нафароне, ки дар додгоҳ ҳозир шуданд, иҷрокунандагони бевоситаи ҳамла мебошанд”.

Вале нашрияи фаронсаии “Ле монд” гуфт, “шаҳрвандони Тоҷикистон аз назари узвият дар ДОИШ заъфпазиртар ҳастанд”. Ин нашрия навишт, шохаи "Хуросон"-и ДОИШ “дар Осиёи Марказӣ шабакаҳои худро аз нав фаъол мекунад”. Нашрия иддао кардааст, ки “тоҷику узбеку туркману қирғизҳо қисми зиёди аъзои ин созмонро ташкил медиҳанд”.

Фолтс дар бораи Шӯравӣ ва табартақсим

Як эроншиноси маъруфи ғарбӣ дар таҳлили мухтасаре дар рӯзҳои аввали баъд аз ҳамла дар Маскав ёдовар шудааст, ки тоҷикон то инқилоби болшевикӣ “нухбагони фарҳангии Осиёи Марказӣ” ба ҳисоб мерафтанд ва, ба гуфтааш, “мактаби исломи Бухоро бо Бағдод дар рақобат буд”.

Ричард Фолтс дар сомонаи abc.net дар матлабе бо номи “Чаро Русия аз зуҳури террористон дар миёни тоҷикон ҳарос дорад?” ба таърихи гузаштаи ин мардум ва вазъи имрӯзааш таваҷҷуҳ кардааст. Фолтс мегӯяд, Иттиҳоди Шӯравӣ ва сиёсати табартақсим Бухорову қаламравҳои зиёди тоҷиконро дар ихтиёри Узбекистон гузошта, тоҷиконро аз марказҳои фарҳангиаш маҳрум намуд.

Ба гуфтаи донишманд, пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, Тоҷикистон ҷабри зиёд дид, ба сараш ҷанги шаҳрвандӣ омад ва раҳбари худкомааш Эмомалӣ Раҳмон кишварро ғарқи фасод ва саркӯбҳои сиёсӣ карда, мардумро пайваста бо хатарҳо аз хоки Афғонистони ҳамсоя таҳдид мекунад.

“Имрӯз ҳатто омӯзгорони донишгоҳҳои Тоҷикистон наметавонанд маоше дарёфт кунанд, ки барои бунёди як оилаи дуруст ёрияшон шавад," -- мегӯяд Ричард Фолтс. “Мардуми аз дасти ин низом беқудрат ва таҳқиршуда осон ба ҳарфи муллоҳои тундрав дода мешавад, чун он гуё қадру манзалати онҳоро боло мебарад," -- мегӯяд ӯ.

Мушкилоти молӣ ва ноумедиҳои иқтисодӣ ба мисли як маҳлули тарканда мешавад, ҳамонгуна, ки яке аз гумонбарон баъди боздошт гуфт, бо ваъдаи дарёфти 500 ҳазор рубл (муодили 5300 доллар) розӣ шуд дар ҳамлаи террористӣ иштирок кунад.

Хотираи як соҳибкор аз Корея

Сомонаи Korean Times хотираҳои президенти ширкати Dae-kwang International Co. Соҳибкор Чу Чунг Дояро аз замони кораш дар соҳаи пахта (солҳои 90) дар Тоҷикистон нашр кардааст.

Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар давраи Сталин макони муҳоҷирати маҷбурии мардуми Корея буданд, ки зери бори маҳдудиятҳои фаровони қонунӣ зиндагиро аз нав шуруъ карданд. "Мардуми меҳрубону таҳаммулпазиру инсондӯсти ин қаламравҳо барои муҳоҷирони кореягӣ хонаи дуюм шуд," –афзудааст ӯ.

Ӯ мегӯяд, дар сафарҳояш ба Тоҷикистон зери таъсири фарҳангу хислатҳои нек, қиссаҳо аз саргузаштҳои дилреши тоҷикон дар муҳоҷират мондааст. Ӯ даъват мекунад, ки рангорангии фарҳангии мардуми мухталиф боис ба якдигарфаҳмии байни кишварҳо мешавад, то дар ҳамбастагӣ як ояндаи муштаракеро бунёд бикунанд.

XS
SM
MD
LG