Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Ҷопонро шикаст дод ва ба нимафинали Ҷоми Осиё баромад


Дастаи мунтахаби Эрон, ки дар бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба нимфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Бозии сеюми даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Эрону Ҷопон рӯзи шанбеи 3-юми феврал дар шаҳри Ал-Райян, дар варзишгоҳи Education City, баргузор шуд.

Ҳидемаса Морита, бозигари мунтахаби Ҷопон, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Муҳаммад Муҳибӣ дар дақиқаи 55-ум зад. Голи дуюм ва ҳакунандаи мунтахаби Эронро Алиризо Ҷаҳонбахш дар охири дидор (90+6) аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Эрон, ки тими миллии Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба нимфинали Ҷоми Осиё-2023 баромад ва рӯзи 7-уми феврал дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби бозии чорякниҳоӣ миёни тимҳои миллии Қатар ва Узбекистон рақобат мекунад.

Бозии чаҳорум ва охирини даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Қатару Узбекистон шаби шанбеи 3-юми феврал дар варзишгоҳи Ал-Байти шаҳри Ал-Хаур соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии аввалини даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар 2-юми феврал аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи иштирок дар нимфинали Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гашт.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар аввалин иштироки худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё то ба чорякфинал баромад, дар байни ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқот дар Қатар ҷойгир шуд.

Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки 2-юми феврал дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби шаҳри Ал-Вакраҳ дар бозии дуюми даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Австралияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба нимфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Дар ин бозии сахту ҷолиб, ки 120 дақиқа идома кард, ҳисобро Крейг Гудвин, бозигари мунтахаби Австралия, дар дақиқаи 42-юм кушод. Ҳванг Ҳи-Чан, бозигари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 90+6, тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонда, ҳисобро баробар кард – 1:1.

Ғолиб дар 30 дақиқаи замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) муайян шуд. Тӯбро Сон Ҳин Мин, бозигари кореягиҳо, дар дақиқаи 104-ум ба самар расонд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки ба нимфинал баромад, рӯзи 6-уми феврал дар даври ниманиҳоӣ бо тими миллии Урдун рақобат мекунад.

ҶОМИ ОСИЁ-2023

1/4 ФИНАЛ

2-юми феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон – Урдун – 0:1

Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 66 – ба дарвозаи худ (0:1).

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 77), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 29, Алиҷони Айнӣ, 82).

Корти зард: Салим Ал-Аҷалин, 68, Раҷаъ Ал-Айид, 72, Алӣ Олван, 83 – Урдун, Алишер Шукуров, 79 – Тоҷикистон.

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 35 530 тамошобин.

Австралия – Ҷумҳурии Корея – 1:2

Голҳо: Крейг Гудвин, 42 (1:0), Ҳванг Ҳи-Чан, 90+6 – аз пеналти (1:1), Сон Ҳин Мин, 104 (1:2).

Корти зард: Ҳарри Суттар, 45+1 (Австралия), Ким Мин-Ҷае, 90+1, (Кореяи Ҷанубӣ)

Корти сурх: Эйден O'Нилл, 105+4 – Австралия.

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

3-юми феврал (шанбе)

Эрон – Ҷопон – 2:1

Голҳо: Ҳидемаса Морита, 28 (0:1), Муҳаммад Муҳибӣ, 55 (1:1), Алиризо Ҷаҳонбахш, 90+6 – аз пеналти (2:1).

Корти зард: Итакура, 24, Уэда, 48 - Ҷопон

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

Қатар - Узбекистон. 20:30

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

НИМФИНАЛ

6-уми феврал (сешанбе), 20:00

Урдун – Кореяи Ҷанубӣ

7-уми феврал (чоршанбе), 20:00

Эрон – Қатар/Узбекистон

ФИНАЛ

10-уми феврал (шанбе), 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG