Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи Ситораи гумшуда. ВИДЕО


Ситора Фозилова
Ситора Фозилова

Сайёра Ғафурова, шаҳрванди Тоҷикистон, вале муқими Олмон, духтару наберагонашро меҷӯяд. Панҷ сол боз аз сарнавишти онҳо хабар надорад. Духтараш, Ситора Фозилова, соли 2015 ба Сурияи ҷангзада ва қисман зери назорати ДОИШ рафт ва аз соли 2018 пурра бедарак шуд.

“Он замон ҳомила буд”

"Дар соли 1991 издивоҷ кардам, Ситора соли 1994 таваллуд шуд. Баҳор буд. 11-уми март. Фарзанди дувум буд. Аз Ситора калон як писар дорам. Духтари беҳад шӯх буд. Доим мегуфт, агар ман писар мебудам, хубтар буд. Бисёр хислатҳои писарона дошт. Нотарс буд," – нақл кард Сайёра Ғафурова.

Ситора Фозилова тақрибан 17-сола буд, ки волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд ва ӯ бо модар ба Русия, мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик рафт. Дар онҷо бо писари дӯстдоштааш издивоҷ кард. Ҳарчанд волидони ҳарду тараф намехостанд ва мухолифи издивоҷ буданд.

“Дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе зиндагӣ мекардем. Домод дар наздикии худамон зиндагӣ мекард. Бачаи хуб буд. Онҳо шинос шуданд, мо ба Русия рафтем, дар ҳамонҷо вохӯрданд. Дар ҳамонҷо никоҳ карданд. Мехостанд, ба Тоҷикистон омада тӯй кунанд. Тӯяшон ҳам, ростӣ, нашуд. Фикр мекунам, хонаводаи ҳамин бача зид буданд, намехостанд. Баъд ҳамин хел онҳо дар Русия монданд,” – ба нақлаш идома дод Сайёра Ғафурова.

Модари Ситора бо писару духтари хурдиаш соли 2014 ба Тоҷикистон баргашт. Ситораву шавҳараш Саъдулло Толибов то соли 2015 дар Маскав буданд ва баҳори ҳамон сол дигар бедарак шуданд: "Ситора он вақт ҳомила буд. Писари калониям дар Русия буд. Он вақт дар артиши Русия қарор дошт. Як дафъа гуфт, ки Ситора дар Сурия аст. Аксҳояшро фиристод, либосҳои сиёҳ пӯшида буд, ростӣ ҳама ҷояш маҳкам буд. Вақте аксҳоро ба мо равон кард, дидем, тарсидам. Баъдан як дафъа Ситора худаш пайдо шуд. Дар Вотсап навишт, ки оча, ягон илоҷ биёб, маро аз ин ҷо барор. Моҳи октябр буд, баъди вафот кардани шавҳараш.”

Ситора мехост, аз Сурия, ки гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" қаламравҳои васеи он ва Ироқро ишғол кард, берун равад. Гурӯҳе, ки бо қонунҳои асримиёнагӣ ҳукумат мекард. Саъдулло Толибов шавҳари Ситораро, ки ҳатто аксе ҳам аз ӯ намондааст, гумоштагони ДОИШ ба сафи ин гуруҳи террористӣ ҷалб кардаанд ва ӯ низ ҳамсари бехабар аз нияти сафар ба Сурияро бо худ гирифтааст.

Сайёра Ғафурова
Сайёра Ғафурова

“Инҷо дигар истода наметавонам

Шавҳари Ситораро ду моҳ баъд аз расидан ба Сурия (соли 2015) дар шаҳри Табқа куштаанд. Нерӯҳои ҳукуматии Сурияву Ироқ ва нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар он сол ҷангҷӯёни ДОИШ-ро аз осмону замин ҳадаф мегирифтанд. Азоби Ситора дар кишвари ҷангзада ва бо як тифли навзод даҳчанд шуд.

Сайёра Ғафурова мегӯяд: “Баъд Ситора нақл кард, ки танҳо мондам, модарҷон. Духтарчаам 21-рӯза дар дастам. Вақте дар як кишвари мардум бо як кӯдаки хурд танҳо мемонӣ. Хеле мушкил буд барояш, медонам, азоб дошт. Ҳатто бисёр хоҳиш карда буд, ки рафта, ба мақомот гап зан, ки ба ман ёрӣ кунанд, то аз ин ҷо бароранд. Ман инҷо дигар истода наметавонам.”

Ин замон минтақаҳои зери назорати ДОИШ дар муҳосира қарор доштанд. Модари Ситора аз рӯзҳову қиссаҳои бадтари духтараш ба ёд меорад, ки шоҳиди ҷангу хунрезӣ дар Сурия буд ва ҳамеша роҳи гурез аз онҷоро ҷустуҷӯ мекард.

“Ҳамин гапҳоро зиёд мегуфт, ки давлати исломӣ нест, ҳамааш дурӯғ аст. Мегуфт, ки фаҳшу фоҳишагӣ буд. Мардҳо мунтазир буданд, ки як нафарро бикушанд, ки зани ӯро бигиранд. Як давлате, ки раҳм нест, аслан. Мегуфт, вақте роҳ меравем, аз болои мурдаҳо мепарем, мегузарем, меравем. Аслан на раҳм аст, на шафқат. Ҳеч чиз нест. На қонун аст, на инсонгарӣ. Ҳеч чиз нест мегуфт. Ҳамааш афсона аст,” – ба ёд овард Сайёра Ғафурова.

“Ночор зани Абу Довуд шуд”

Пас аз марги шавҳараш, сарнавишти Ситораро ҷангҷӯёни ДОИШ ё ҳамон мардоне ҳал карданд, ки мунтазир буданд, ягон ҳамсафашон кушта шавад, то зани ӯро бигиранд.

Сайёра Ғафурова гуфт: “Баъд бори дувум Ситора шавҳар кард. Он вақт соли 2016 буд. Як дафъа телефон кард ва гуфт, ки оча маро шавҳар доданд. Гуфтам, кист? Гуфт, Абу Довуд. Гуфтам, чӣ гуна одам аст? Гуфт, ки намедонам. Тоҷик, инсони хуб мисли дигарон. Гуфтам, ки Ситора, одами хуб Сурия намеравад, барои дигар касро ба қатл расондан. Ман ин гапҳоро гуфта будам. Гуфтам, одами хуб дар онҷо нест."

Ситора Ғафурова бо Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд)
Ситора Ғафурова бо Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд)

Қонунҳои иртиҷоии гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия иҷоза намедод, зани ҷангҷӯёни кушташуда танҳо аз хона берун оянд, аз ин рӯ Ситораро ночор зани Абу Довуд ва ё Парвиз Саидраҳмонов шуд. Ҳамсари яке аз мубаллиғони фаъоли тоҷики ДОИШ, ки бовар меравад, 200 нафарро фирефта ба сафи ин гуруҳ кашондааст.

Ба нақли Сайёра Ғафурова: “Ситора гуфт, ки маҷбур буд. Вақте ба кӯдаки ман як чиз лозим шавад, бемористон, ё ҷое рафтан, албатта, бояд ҳамроҳам як нафар бошад. Ҳатто дар як таксӣ наметавонистанд нишаставу ҷое рафта. Ин чизҳо ҳамин хел буд, қонунҳои сахт доштанд. Ростӣ наметавонистанд.”

Ситора натавонист, зиндагиро бо Абу Довуд идома бидиҳад, чун азобу уқубати зиёде аз дасти ӯ кашид. Ҳарду фарзандашро, ки аввалӣ Сафия аз Саъдулло Толибов ва дувумӣ Муҳаммад, ки аз Абу Довуд буд, гирифту рафт.

“Мегуфт, ки бадрафтор буд, зиёд. Беҳад бадрафтор буд, бисёр азият медод. Чандин дафъа зада буд. Зиёд буд, аз ин чизҳо. Ҷойҳои задагиашро ростӣ ба ман нишон дода буд. Дар видео ва акс гирифта буд, ки чӣ хел ӯро Абу Довуд задааст. Сиёҳ буд баданаш, бисёр азобаш дода буд. Мегуфтам, ки илтимос Ситора як роҳашро биёбу аз ҳамон халос шав."

“Ҳукмашро баровардандқатл”

Cоли 2016 Ситора аз Абу Довуд талоқ гирифту ҷудо шуд ва аз шаҳри Раққаи Сурия гурехт, то худро ба минтақаҳои озодшуда аз дасти гуруҳи "Давлати исломӣ" бирасонад. Дар урдугоҳи паноҳандагони "Ал-Ҳол" худро ба размандагони курд таслим кард, ки ба зидди ДОИШ меҷангиданд.

Худи Ситора дар як наворе гуфтааст, "лагери мо “Ал-Ҳол” ном дорад, дар Хасакия. Тамом, дигар ҳеч чизро намедонам. Дар дасти OOН (Созмони Милал). Сафия ҳам касал, ман ҳам касал, Муҳаммад ҳам касал. Ҳар сеямон касал."

Сайёра Ғафурова мегӯяд, "ёдам ҳаст, ки субҳ буд, телефон кард. Гуфт, ки оча моро мебаранд, намедонам, ба куҷо. Ҳеч чиз намегӯянд. Гуфт, шояд моро Ироқ баранд. Зиёд тарсида буд, тарс буд дар дилаш. Гуфт, ки моро мебаранд. Гуфт, агар Ироқ баранд, бисупоранд, ҳамаи моро зани ДОИШ-иён гуфта мекушанд."

Модараш мегӯяд, аз соли 2018 боз аз Ситора хабаре надорад
Модараш мегӯяд, аз соли 2018 боз аз Ситора хабаре надорад

Дар Ироқ занони ДОИШ-иёнро ё ҳукми қатл медоданд ва ё ба зиндони якумрӣ маҳкум мекарданд. Аммо Ситораро на ба Ироқ, балки ба урдугоҳи дигари паноҳандагон бо номи Рож дар вилояти Хасакияи Сурия бурданд, ки он вилоятро ҳам размандагони курд таҳти назорат доштанд. Дар ин минтақа, Созмони Милал барои паноҳҷӯён ду урдугоҳ сохта буд, яке бо номи “Ал-Ҳол”, дигарӣ “Рож”.

"Баъд телефон карду гуфт, ки мо ҳаминҷоем. Ҳамон ҷо ҳам телефонҳояшонро гирифта буданд. Мумкин набуд тамос бигиранд. Ҳамаи ин пинҳонӣ буд. Баъдан дар ҳамон паноҳгоҳи “Рож” телефон доданд, худи ҳамон сарбозон. Телефон кунед, гуфта. Соли 2018 охирин боре, ки бо Ситора дар тамос будем, моҳи апрел буд."

“Ҳамин хел оча. Фақат зиқ шудам, хеле шуд надидамат, тезтарак равам пешат бинамат мефорам. Зиқи зорам-э,” – гуфтааст Ситора дар наворе ба модараш.

Баъд аз ин модар телефонӣ ба ҷустуҷӯйи духтару наберагонаш оғоз кард ва кораш дигарбора ба Абу Довуд афтод, ки зани дигаре ҳам дошт. Ба қавли Абу Довуд, размандагони курд Ситора, чанд зани дигар ва ҳамсарони ҷангҷӯёни ДОИШ-ро бо курдҳои асирафтода ба дасти ин гуруҳи ифротӣ иваз карданд. Размандагони курд, ки бо номи ПКК шинохта мешуданд, дар Сурияву Ироқ, яке аз душманони аслии ДОИШ буданд.

Абу Довуд дар наворе гуфтааст: "Аз ман дар Раққа талоқ пурсид, як сол пасаш гурехт, ки қапиданаш. Онҷо хоҳарора фурӯхт. Баъд, ҳамон хоҳарои фурӯхтагира бар ивази сарбозон бо ПКК (курдҳо) “Давла” иваз кард. Ҳамон хоҳарҳо омаданд, гуфтанд, ки ҳамин одам, моро фурӯхт ба ПКК. Фаҳмидӣ? Баъд ҳукмашро бароварданд, ки...қатл. Куштанаш хола. Фаҳмо? Пеш аз куштанаш се моҳ дар маҳбас шиштагӣ буд. Фаҳмо? Ман мерафтам кӯдаконро хабар мегирифтам." Абу Довуд ва ё Парвиз Саидраҳмонов моҳи ноябри соли 2023 ба 21 сол зиндон маҳкум шуд.

"Бовар намекунам, ки Ситора кушта шуд," – мегӯяд Сайёра Ғафурова.

ФИЛМИ МУСТАНАДРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Дар ҷустуҷӯи Ситораи гумшуда (Филми мустанад)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:47 0:00

“Шаҳрвандони боқимондаро бармегардонем

Ҳангоми дар урдугоҳи паноҳандагон будани Ситора модараш саъй кардааст, то аз ҳар роҳи қонунии мумкин ва ё ҳатто ғайриқонунӣ ва бо мусоидати қочоқбарон аз Сурия берун биёрад, аммо бенатиҷа. Соли 2017 буд ва замоне ки ДОИШ шикасти сахт хӯрд ва дар Сурияву Ироқ ақибнишинӣ мекард.

“Ман ба тамоми мақомот навиштам, аз Олмон то Тоҷикистон, Русия, Чеченистон. Кумак хостам, ки духтари ман берун омадаст, дар паноҳгоҳ аст, ёрӣ кунед. Ба ҳамаҷо навиштам, ба Салиби Сурхи Байнулмилалии Олмон ҳам. Соли 2018. Охирин бор вақте бо Ситора гап задем, 7-уми апрел буд. Гуфт, модар ҳама чиз инҷо иваз шуд, қонунҳо сахттар шуд. Тамом охирин суҳбати Ситора ҳамин буд. Дигар ба алоқа набаромад. То ҳол дигар нашунидам,” – идома дод Сайёра Ғафурова.

Дертар модар хабари марги духтарашро аз заноне шунид, ки ҳамроҳи Ситора буданд. Телефонҳои атрофиёнро Ситора ба модар дода буд, то дар сурати иттифоқе ба ӯ аз ҳолаш хабар диҳанд. Динора ном зани қазоқ хабарро ба Сайёра расонд.

“Гуфт, ки Ситораро куштанд. Соати панҷ ё шаши субҳ буд. Вақте бедор шудам аз хоб, ҳамин хел дар дарунам, як оташе буд сӯхт. Хаёл кардам, ки мурдам. Дод гуфтам, гиря кардам. Писарам бедор шуд, духтарам. Он вақт хурд буданд. Бедор кардам, гуфтам ҳамин гуна хабар омад. Се нафар дар як кишвари мардум чӣ кор мекунем? Аз дастамон ҳеч чизе намеояд. Фақат гиря кардем. Дигар телефон мекунам, мепурсам, мегӯянд, ҳамин хел фаҳмидем. Кай шуд, намедонем.”

Модар ба марги духтараш бовар надорад, аммо бо он муросо кардааст. Мегӯяд, азбаски 5 сол аст, аз духтараш хабаре нест, саъй дорад, наберагонашро ба Олмон биёраду ба тарбияи худ бигирад. Сафияи 8-сола ҳанӯз дар дасти як зани тоҷик дар Сурия аст, ки намехоҳад, ӯро ба бибиаш бидиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон, ки то ҳол 256 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурияву Ироқ баргардондаанд, мегӯянд, саъй доранд, тамоми оилаҳои боқимонда ва парешони тоҷикро ба зудӣ ба ватан биёранд.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Сурия, гуфт: “Манотиқе, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, дар лагерҳои “Ҳол” ва “Рож”, асосан зери назорати курдҳо аст ва ба ҳукумати расмии Сурия ягон алоқае надорад. Барои ҳамин хеле мушкил буд, баргардонидани шаҳрвандон аз ин минтақаҳо. Дар ин минтақа ва раҳбарони ин манотиқ на ҳама вақт ончӣ ки мехостем, онро иҷро карда метавонистанд. Ва мо тавонистем, ки дар ин фурсат 256 шаҳрвандонро баргардонем. Ҳоло қисми хеле ками шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо мондаанд, ки гуруҳи кории мо кор карда истодааст ва ман фикр мекунам, ки то охири сол ва ё аввали соли 2024 шаҳрвандони боқимондаро ба ватан бармегардонем."

То кунун шуморе аз занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқу Сурия ба ватан овардаанд
То кунун шуморе аз занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқу Сурия ба ватан овардаанд

Яке аз наберагони Сайёра Ғафурова Муҳаммади 7-соларо мақомоти Тоҷикистон аз шаҳри Африни Сурия, ки зери назорати Туркия буд, ба Душанбе бурданд ва дар як парваришгоҳи Душанбе нигоҳ медоранд.

Номи набераи калонии Сайёра ҳам дар феҳрасти онҳоест, ки бояд аз урдугоҳҳои паноҳҷӯён дар Ироқу Сурия ба Тоҷикистон баргардонда шаванд.

Сафир афзуд: “Тибқи маълумоте, ки мо пайдо кардем, ҳаст. Баргардондани он ҳатто дар рӯйхати гуруҳи корие, ки он шаҳрвандонро ба ватан бармегардонад, дар онҷо вуҷуд дорад, лекин онҷо баъзе мушкилоти дохилии ҳамон лагер ҳаст, ки он бояд роҳи ҳалли худашро ёбад. Ҳамаи он шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати расмии мо ҷойгир шудаанд, мо саъй мекунем, ки ҳамаи онҳоро ба ватан баргардонем. Ва, албатта, ин кори осону кори якрӯзаву дурӯза нест ва комиссияи ҳукуматӣ, ки дар он намояндагони вазоратҳои қудратӣ ҳастанд, онҳо ҳама кор карда истодаанд ва баргадонидани ин кӯдакон фикр мекунам, ки дар моҳҳои наздик ба охир мерасад.”

“Кош, Ситораро зинда бинам"

Шавҳари собиқи Сайёра Ғафурова чанде пеш дар Душанбе барои дидани Муҳаммад ва гирифтани санадҳои лозим барои ӯ муроҷиат кардааст.

Бо вуҷуди муроҷиатҳои зиёд, вале камнатиҷа Сайёра умедвор аст, рӯзе наберагонашро, ки нишонаҳое аз духтари аввалинаш ҳастанд, пас мегирад ва модари онҳоро ҳам зинда пайдо мекунад.

Сайёра Ғафурова гуфт: "Ҳамин хел орзу дорам, ки як бори дигар Ситора бигӯяд, ки очаҷон, ман зиндаам. Худо кунад, ки Ситораҷон ҳар ҷое, ки бошад, зинда бошад. Як бори дигар орзу дорам, ки Ситораро бубинаму оғӯш бигирам. Ҳар субҳ вақте мехезам, мегӯям, Худованд маро накуш, ки набераҳоямро дар оғӯш бигираму фарзандамро як бори дигар зинда бинам."

Сайёра Ғафурова
Сайёра Ғафурова

Аз замони зуҳури ДОИШ зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафтанд. Аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданд ё он ҷо оила сохтанд. Пас аз суқути ДОИШ садҳо зану кӯдак бо сарнавишти монанд ба Ситора рӯбарӯ гаштанд. Ҳукумати Тоҷикистон то кунун беш аз 250 зану кӯдакро ба кишвар баргардонд. Садҳо нафари дигар ҳанӯз мондаанд ва теъдоде ҳам кушта шудаанд ва ё беному нишонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG