Як шаҳрванди Эрон пас аз раҳоӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон тарзи рафтори мақомоти интизомӣ ва шароит дар боздоштгоҳу маҳбасҳои кишварро ошкор кард.
Нозанин Мутеӣ соли 2022 дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир ва панҷ солу ду моҳ зиндонӣ шуд. Ӯро пеш аз вақт ва бар асоси қонуни афв раҳо карданд. Худаш тасдиқ мекунад, ки ҳангоми гузаштан аз сарҳад ба даст шохаи хушки кукнор дошт, аммо бехабар аз онки дар Тоҷикистон гуноҳ аст ва ӯро зиндон мунтазир. Хонум Мутеӣ даъвати моро пазируфт ва розӣ шуд, ки дидаҳояшро бигӯяд.
То вақте ки ин қадар коррупсия ниҳодина бошад дар Тоҷикистон, намеоям. Мутаассифона.
Нозанин Мутеӣ: “Мехоҳам достонро аз аввал нақл кунам, ки чӣ гуна гирифтор шудам. Ман сайёҳ ҳастам. Ду моҳ дар Афғонистон будам. Дар вилояти Бадахшон. Моҳҳои июн ва июли соли 2022. Мазореи хашхош (кукнор)-ро дидам. Шаш банди қоқи онро ба унвони ёдгорӣ бо худ гирифтам. Хашхоши хушкшуда ё кукнори қоқро дар Афғонистон ба чорво медиҳанд. Фикр намекардам, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст ва маводи мухаддир ҳисоб мешавад. Аз тариқи Шерхон Бандар ба хоки Тоҷикистон расидам. Аввалин чизе, ки нишон додам, борхалтаи дастиям буд. Кукнори қоқро дар дохилаш гузошта будам, то нашиканад ва осеб набинад. Чун ба унвони ёдгорӣ бардошта будам ва мехостам ба Эрон бибарам. Аввалин чизе, ки маъмури гумрук дид, ҳамон буд. Ва ҳамон ҷо достон сар шуд. Гуфтам, намедонистам, ки дарвоқеъ ҷиноят аст, вале ҳарфи маро қабул накарданд. Дар боздоштгоҳҳои кӯтоҳмуддати Ҷайҳун, Қӯрғонтеппа (Бохзтар), Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ва зиндони занонаи Норак будам.”
"Бо ҳар забоне фарёд задам, ки..."
Мирзонабии Холқизод: Муносибат чӣ гуна буд?
Нозанин Мутеӣ: “Дар аввал маро ба идораи амнияти шаҳри Қӯрғонетппа (Бохтар) бурданд, то мутмаин шаванд, ки террорист ё экстремист нестам. Чун аз Афғонистон омада будам. Се рӯз дар онҷо будам. Як бозпурс ба истиснои вақти хоб дар канори ман меистод. Бисёр гап намезад. Аз лиҳози психологӣ фаҳмидан мехост, ки оё террорист ҳастам ё не. Фаҳмиданд, ки нестам, маводи мухаддирро бароварданд. Бори аввал боздошт мешудам. Хеле аз қонунҳоро намедонистам. Ба унвони мисол, тибқи қавонини Тоҷикистон ҳар боздоштшуда иҷоза дорад, ки ҳадди ақал як бор аз телефон истифода кунад. Дар се рӯзи аввал ҳар чи қадар ва бо ҳар забоне нола кардам, фарёд задам, гиря кардам, ки иҷоза бидиҳед, то ба сафорати Эрон иттилоъ бидиҳам, ба модарам, ба хонаводаам иттилоъ бидиҳам, нагузоштанд. Дар се рӯзи аввал ҳеч касе аз ман хабардор набуд. Бисёриҳо фикр карданд, ки дар Афғонистон ба сари ман балое омад. Ҳоло худатон тасаввур кунед, ки дар ин муддат ба хонаводаи ман чӣ гузашт. Рӯзи севум муфаттиш Насрулло Қудратов дунболам омад. Гуфт, ки биё пеши сафир барам, аммо набурд.”
Мирзонабии Холиқзод: Яъне дурӯғ гуфт?
Нозанин Мутеӣ: “Бале, дурӯғ гуфт. Ин дафъаи аввал буд, аммо охираш набуд. Баъд маро бо ду афсар ба бемористон бурданд, то санҷиш кунанд, ки зарбу шатм нашудааст. Сипас ба боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат (ИВС)-и Қӯрғонтеппа бурданд. Муфаттиш гуфт, чанд рӯз инҷо мемониву баъд ҷавоб медиҳем. Дар аввал ҳамеша мегуфтанд, ки ҳамин марҳиларо гузарӣ, сафир меояд ё раҳо мекунем, меравӣ.”
Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:
"Деворҳо сиёҳ буду рӯшноӣ кам"
Мирзонабии Холиқзод: Дар боздоштгоҳи кӯтоҳмуддати шаҳри Бохтар чӣ вазъ доштед?
Нозанин Мутеӣ: “Дар онҷо камера ё утоқҳои якнафарӣ аст. Дар дохили он як тахт ё ҷойи хоби тубақаӣ. Ҳамаи деворҳо сиёҳ ва як чароғи кӯчак (хурд) аз самти роҳрав рӯшноӣ медод. Худи камера чароғ надошт. Ба андозаи дуто кафи ман як дарича буд. Дар болои боло буд ва агар мехостӣ ҳам, аз он истифода карда намешуд.”
Мирзонабии Холиқзод: Обу хӯрок медоданд?
Нозанин Мутеӣ: “Дар боздоштгоҳи кӯтоҳмуддати Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Ҷайҳун ба ҳеч ваҷҳ қаҳва дода намешуд. Дар ноҳияи Ҷайҳун посбонҳо обу кӯлча харида меоварданд. Дар ҳарду ҷой хӯрок набуд. Наздикони боздоштшудаҳо ғизо меоварданд ва ба ман ҳам медоданд. Меҳмоннавозии тоҷикиро дар боздоштгоҳу зиндон дидам, мутаассифона.”
"Баъзе афсаронро ҳеч гоҳ намебахшам"
Мирзонабии Холиқзод: Шароит дар зиндони занонаи шаҳри Норак чӣ тавр буд?
Нозанин Мутеӣ: “Беҳтар аст аввал Боздоштгоҳи муваққатии Душанберо бигӯям, чун бештари давраи ҳабсро онҷо гузарондам. Шашуним моҳ дар СИЗО будам. Дуним моҳ дар зиндон. Дар утоқе ҷой карданд, ки ба ғайр ман шаш ҳабсшудаи дигар буд. Як ҳуҷраи се бар чаҳор метр. Дар кул ҳафт рахти хоб буд. Дутои он дутабақаӣ. Мизу курсӣ дар байн. Ҳоҷатхона ва ҷойи дасту рӯйшӯйӣ ҳам ҳамон ҷо. Як тирезаи якунимметрӣ дошт, аммо шиша надошт. Онро бо тахтаҳои каҷ пӯшонда буданд. Нури офтоб ба дохил намерасид. Азбаски бино сементӣ аст, дар тобистон беҳад гарм ва дар зимистон беҳад сард буд. Бахусус зимистонаш бад буд, чун тиреза шиша надошт ва маҷбур бо селофан пӯшонда будем.”
Мирзонабии Холиқзод: Аз рафтори посбонҳо, муфаттишон бигӯед...
Нозанин Мутеӣ: “Одамҳое буданд, ки хеле хубу меҳрубон буданд. Саъй мекарданд дилдорӣ бидиҳанд, кумак кунанд. Вале афсароне ҳам буданд, ки шахсан ҳеч гоҳ намебахшамашон. Барои субҳона ба унвони хӯрок “каша” медоданд. То ҳадде қобили хӯрдан буд. Дигар хӯрокро биринҷоба мегуфтанд. Биринҷи кайфияташ поинро дар об меҷӯшонданд. Макарон ҳам дошт. Агар шонс меовардед, ду пора картошкаву як пора лаблабу меёфтед. Хӯроке буд, ки намешуд хӯрд. Барои баъзе аз ҳабсшудаҳо “дачка” меомад. Бидуни хиҷолат аз он медуздиданд. “Дачка” меомад ва ҳамроҳи он як коғаз медоданд, ки рӯйхати чизҳои фиристода буд. Баъзе аз чизҳо набуд.”
Мирзонабии Холиқзод: Манзуратон ин аст, ки посбонҳо ё масъулон аз он ғизоҳои фиристодаи наздикони боздоштшудаҳо мегирифтанд?
Нозанин Мутеӣ: “Бале, ҳамин тавр.”
"Вакил 20 ҳазор доллар хостааст"
Мирзонабии Холиқзод: Баъзе аз дастгиршудаҳо ва наздиконашон дар Тоҷикистон аз бадрафтории маъмурони интизомӣ ва шиканҷа шикоят мекунанд. Ҳангоми эътирофи гуноҳ ба шумо фишор буд?
Нозанин Мутеӣ: “Дуруст аст, ки мо форсизабонем, вале мавқеи вурудам ба Тоҷикистон бисёре аз гапҳои шуморо намефаҳмидам. Ба унвони шаҳрванди хориҷӣ бояд мутарҷим медоштам. Як оқоро ба унвони тарҷумон оварданд ва ҳам як вакили мард, ки ҳафтоду чанд сол дошт. Тарҷумонро як бор дидам. Дигар дар ҷаласаҳои тафтиши парвандаи ман набуд. Забони русӣ баладам, вале хондани хати кириллӣ бисёр сахт аст. Муфаттиш бо ҳамон чарбзабонӣ гуфт, ки ҳарду форсизабонем, тарҷумон чӣ даркор, зуд имзо кун, корат тамом шаваду ба Додгоҳ равад ва парвандаи ту ҳеч чиз нест, аз сари Суд ҷавоб медиҳанд. Дарвоқеъ, бо ин забон аз ман имзо гирифт, ки ман, Нозанин Мутеӣ забони тоҷикиро медонам, хати кириллиро мехонам ва тарҷумон намехоҳам.”
Мирзонабии Холиқзод: Дар суҳбати пеш аз барнома гуфтед, ки вакили мудофеъ аз модаратон хостааст, барои раҳоии шумо пул фиристад, дуруст?
Нозанин Мутеӣ: “Он оқои адвокат, ки муфаттиш ба ман нишон дод, ҳамагӣ як дафъа омад. Дар Қӯрғонтеппа. Дигар наомад. Вақте пурсидам, ӯ куҷост, ба ман гуфтанд, ки дар бемористон аст. Баъд тавассути яке аз ҳамроҳонам дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе тавонистам як адвокат бигирам. Як хонум аз Душанбе. Дар Тоҷикистон ба адвокат дар аввал панҷсад сомонӣ ё ҳазор сомонӣ медиҳед, баъд аз онки кор буд шуд, бақияи маблағро. Модарам аз ин хабар надошт. Ҳамон аввал ба адвокат чорсад доллар фиристод. Дар муҳокимаи аввали додгоҳӣ ба ман иҷоза доданд, ки ба модарам занг занам. Пас аз чаҳоруним моҳ. Ӯ гуфт, ки дар аввал ба адвокати ту бовар доштам, аммо дигар эътимод надорам. Адвокат ба модарам занг зада гуфтааст, барои ман бист ҳазор доллар равон кун, то Нозанинро озод кунам. Модарам гуфтааст, бист ҳазор доллар пули хеле зиёде. Хонум адвокат гуфта, ки хонаатонро фурӯшед.”
Навор дар Ютюб:
"То вақте ки коррупсия ниҳодина бошад..."
Мирзонабии Холиқзод: Дар зиндони занонаи Норак чӣ дидед?
Нозанин Мутеӣ: “Беҳтар буд, фазо боз буд. Китобхонаи бисёр хуб дошт. Хӯрок назар ба Боздоштгоҳ беҳтар буд. Ҳамаи муҷримон якҷо буданд: Дузд, қочоқӣ, танфурӯш, одамкуш, муҷрими сиёсӣ, иқтисодӣ ва гунаҳкорон ба терроризму экстремизм.”
Мирзонабии Холиқзод: Мегуфтед, ки зане бо номи Малоҳат ба шумо дар бораи ҳамла ба посгоҳи низомии Ишқобод дар Тоҷикистон нақл кардааст. Тафсилоташ чист?
Нозанин Мутеӣ: “Ин дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод. Гуфт, ки дар нуздаҳсолагӣ издивоҷ кардааст. Аз вилояти Суғд. Баъд аз се моҳ шавҳараш ба ӯ гуфта, ки узви ДОИШ аст ва ӯро барои амалҳои террористӣ омӯзиш дода. Инҳо ба посгоҳи низомӣ мераванд дар наздикии Душанбе. Ба нақли ӯ ду хонавода буданд. Фақат аз хонаводаи Малоҳат 11 нафар. Кӯдаконро ҳам бурда буданд. Он тавр ки таъриф мекарданд, Малоҳат ба даст лӯхтак мегирад, ки дар дохилаш садои гиряи навзод сабт шудааст. Бо як хонуми дигар ба назди дари сарбозхона рафта, иҷоза хостаанд, то Малоҳат дар дохил ба тифл шир диҳад. Он тавр ки гуфтанд, онҳо силоҳи гарм надоштанд. Бо силоҳи сард ба сарбозхона даромаданду онҳоро куштанд. Ҳадафашон ин будааст, ки аз онҷо силоҳи гарм гиранд ва ба чанд дискоклуб ҳамла баранд.”
Мирзонабии Холиқзод: Дар умум занони зиндонӣ аз чӣ норозӣ ҳастанд ва ислоҳи чӣ шароитеро талаб доранд?
Нозанин Мутеӣ: “Дар онҷо шароити ҳоҷатхона бисёр бад аст. Ужас. Дуним моҳ онҷо будам. Аксар вақт ҳоҷатхона пур буд. Вақте мехостанд онро холӣ кунанд, худи ҳабсшудаҳо бо белу сатил мегирифтанд. Фақат як дафъа мошин оварданд, ки онро кашид.”
Мирзонабии Холиқзод: Оё бори дигар ба дидани Тоҷикистон меоед?
Нозанин Мутеӣ: "То вақте ки ин қадар коррупсия ниҳодина бошад дар Тоҷикистон, намеоям. Мутаассифона.”
Гуфтугӯ