Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуфҷон аз ду даст маҳрум аст, бо пой менависаду... мехӯрад. ВИДЕО


Омӯзгорон мегӯянд, ҳусни хати ӯ аз дигарон зеботар аст
Омӯзгорон мегӯянд, ҳусни хати ӯ аз дигарон зеботар аст

Як навраси 12-солаи тоҷик, аз ду даст маҳрум аст, вале ҳама корро бо пойҳояш анҷом медиҳад. Ӯ мегӯяд, "барои иҷрои амале ё кумак ба атрофиён на доштани даст, балки бештар майлу ирода муҳим аст". Онҳо дар маҳаллаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ доранд.

Худро аз дигарон кам намедонад

Юсуфҷонро рӯзи 14-уми марти имсол ҳангоми нарм кардани зери дарахтон дидем. Мегӯяд, дар вақти холияш китоб мехонад ва ё ба бародару волидонаш мадад мерасонад. Наздиконаш гуфтанд, ӯ маъюб ба дунё омад, аммо аз хурдӣ ба мустақилона хӯрдану пӯшидан ва кор кардан одат доданд.

Ин наврас ҳам мехоҳад, худаш мустақилона корҳоро иҷро кунад, ҳарчанд на ҳамеша аз уҳдаи онҳо ба осонӣ мебарояд. Бо панҷаҳои пояш қошуқро дошта, хӯрок мехӯрад, қалам ё худкорро гирифта, менависад ва аз телефони мобил рақами дӯстонашро ёфта, тамос мегирад. Мегӯяд, агар даст ҳам надошта бошад, аз дигарон худро кам намебинад.

"Мехоҳам, ҳама корҳоро худам кунам. Гоҳе дар пӯшидани либос мушкил пеш меояд. Ёрӣ медиҳанд. Агар дар наздам касе набошад, худам зиёдтар талош мекунам. Маҷбур мешавам. Пайвандон ҳамеша дар фикри ман ҳастанд. Мехоҳанд, ояндаи хубе дошта бошам," – афзуд Юсуфҷон Буриев.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Юсуфҷон даст надорад, вале аз дигарон зеботар менависад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Ин наврас кӯшиш мекунад, аз ҳамсолонаш ақиб намонад ва дар омӯзишу дарсҳои мактаб иштирок кунад. Танҳо дар навиштан, ки бо пойҳояш иҷро мекунад, аз ҳамсинфҳояш фарқ дорад. Омӯзгорон гуфтанд, боре надидаанд, ки ҳангоми навиштан ба мушкил дучор шуда бошад.

"Ба гимназия қабул накарданд"

Ба қавли Садбарг Асоева, роҳбари синфи Юсуфҷон, "омӯзгорон аз ӯ розӣ ҳастанд. Фанҳои забони русӣ ва англисиро бисёр дӯст медорад. Ҳангоми дарс ба гапи муаллимон гӯш медиҳад. Бо пой менависад, аммо нисбат ба ҳамсинфҳояш ҳусни хати зебо дорад."

Юсуфҷон Буризода
Юсуфҷон Буризода

Дар мактаби маҳаллаи Болошаҳр сатҳи омӯзишу таълим талаботи ӯро қонеъ намекунад. Мехоҳад, дар ягон литсей ё мактаби пешрафта таҳсил кунад, аммо талошҳои батакрори наздикон барои бароварда сохтани орзуи Юсуфҷон бенатиҷа мондааст.

Бародараш Манучеҳр Буризода гуфт, "ба як-ду ҷо рафта, муроҷиат кардем. Ба гимназия рафтем. Гуфтем, ӯро қабул кунед, истеъдоди хуб дорад, қабул накарданд. Гуфтанд аҳолӣ зиёд асту ҷой нест."

Бо ин вуҷуд, Юсуфҷон Буризода ба ояндаи беҳтари худ бовар дорад. Ӯ берун аз дарсҳои мактаб дар назди омӯзгоре дарси иловагии забони англисӣ мехонад. Мехоҳад, тарҷумон шавад.

Юсуфҷон Буризода ҳангоми дарсхонӣ дар мактаб
Юсуфҷон Буризода ҳангоми дарсхонӣ дар мактаб

Волидони наврас дар ҷое кор намекунанд. Зиндагиро аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ пеш мебаранд. Юсуфҷон Буризода, ки маъюби гурӯҳи дуюм аст, ба қавли наздиконаш, 283 сомонӣ нафақа мегирад ва аз имтиёзу ёрии дигаре бархурдор нест.

Ба мисли Юсуфҷон Буриев дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ва ё шахсони дорои имконияташон маҳдуд расман сабт шудаанд.

Баъзе аз маъюбон мегӯянд, бо шароиту нафақае, ки доранд, зиндагӣ кардан душвор шудааст. Мақомот ҳангоми суҳбату нишастҳои расмӣ дар бораи имтиёзҳое чун ҳаракати ройгон дар нақлиёти иҷтимоӣ, раҳоӣ аз пардохти андози замин ва пардохти нисфи пули телефони хонагӣ суҳбат мекунанд.

XS
SM
MD
LG