Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Макрон бо 66 дар сади раъйи мардуми Фаронса


Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Фаронса баъди пирӯзии осон бар рақиби миллатгарояш Марин Ле Пен дар интихобот қавл дод, ки муносибати Фаронса бо Аврупоро қавитар мекунад.

Мақомоти интихоботии Фаронса гуфтанд, шумориши оро нишон дод, ки Эммануэл Макрон, 66.06 дар сади раъйи 47 миллион мардумро ба даст овардааст. Тамоми назарсанҷиҳои баъди интихобот ҳам баёнгари он буд, ки номзади ҷавон тақрибан 65 дар сади мардумро соҳиб мешавад.

Эммануэл Макрон, вазири собиқи иқтисод ва бонкдори собиқ, дар рӯзи пирӯзиаш хабари хуби дигаре ҳам шунид ва инро, ки ду назарсанҷӣ нишон додаанд, ки ҳизби ҷавони ӯ “Эн Марш“ ва ё “Ба Пеш”, дар интихоботи порлумонӣ дар моҳи июн пешсаф мешавад.

Нафаси сабуки Аврупо

Пирӯзии Эммануэл Макрон барои тамоми Аврупо як нафаси сабуке шуд, чун баъди тасмими Бритониё барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ва пирӯзии ғайринтизори Доналд Трамп дар интихоботи Амрико сиёсатмадорони минтақа бим доштанд, ки номзади мухолифи ҳамгироӣ дар иттиҳодия пирӯз мешавад.

Дар байни мавҷи парчамҳои серангаи сурху сафед ва кабуди Фаронса дар назди осорхонаи маъруфи Лувр дар Порис, Эммануэл Макрон гуфт, кишвараш дар таърих варақи наверо рӯгардон мекунад ва дар ҳузури ҳазорон нафар аз ҷамъомадагон қавл дод, ки Фаронса ва Аврупоро муҳофизат мекунад ва “иртибот байни Аврупо ва шаҳрвандони онро аз нав барқарор мекунад.”

“Мо ба тарс ва тафриқаандозӣ дода намешавем. Ман ба зидди ҷудоиандозӣ, ки Фаронсаро ба хатар меандозад, мубориза хоҳам бурд.” Ишораи ӯ ба Марин Ле Пен, рақиби миллатгарояш аст, ки дар интихобот 11 миллион нафар ба ӯ раъй доданд ва ин раъйи рекордӣ барои пешвои ростгарои ифротӣ ба ҳисоб меравад.

Мо ба тарс ва тафриқаандозӣ дода намешавем. Ман ба зидди ҷудоиандозӣ, ки Фаронсаро ба хатар меандозад, мубориза хоҳам бурд.

Макрони 39-сола, ки дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 23-уми апрел аз ҳама бештар раъй ба даст овард, дар корзори тарғиботиаш тарафдорӣ аз Иттиҳодияи Аврупо, васеъ кардани имконоти тиҷоратӣ тарғиб мекард. Марин Ле Пени 48-сола мегуфт,ки Фаронса бояд аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ шавад, ҳавзаи евроро тарк кунад ва франки пешинааш баргардад.

Баъди пирӯзии Эммануэл Макрон арзиши евро дар бозорҳои молии Осиёву Амрико андаке боло рафт, вале бозорҳои молии Аврупо бинобар рӯзи истироҳат дар бисёре аз кишварҳои минтақа баста буданд.

Жан Клод Ҷанке
Жан Клод Ҷанке

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз пирӯзии Макрон истиқбол карданд, аз ҷумла Жан Клод Ҷанке, раиси Кумиссиёни Аврупо дар Твиттер гуфт, “Хушҳолем, ки Фаронса ояндаи аврупоиро интихоб кард.”

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, пирӯзии Макронро “пирӯзӣ барои Аврупои қавӣ ва воҳид” номид ва Макрон ҳам дар гуфтугӯи 10 дақиқаии телефонӣ ба Ангела Меркел гуфтааст, ки ба зудӣ ба Берлин сафар мекунад.

Доналд Трапм, раиси ҷумҳури Амрико, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Фаронсаро бо “пирӯзии бузург” табрик гуфт ва дар Твиттер навишт, ки “Умедвори ҳамкорӣ бо ӯст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эммануэл Макронро, ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса табрик гуфта ва изҳори умедворӣ кардааст, ки дар аҳди ӯ “муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба марҳалаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд. “

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикӣ ба унвони Эммануел Макрон, ки дар вебсайти раиси ҷумҳурӣ нашр шуд, гуфтааст, ки “Тоҷикистон сатҳу мӯҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикиашро бо давлати Франсия баланд арзёбӣ намуда, маҷмӯи ҳамкориҳои босамарро бо он самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.”

Ҷанҷол бо Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба Эммануэл Макрон гуфтааст, ки Русия омодаи ҳамкории созанда дар муносиботи дуҷониба ва байналмилалӣ бо Фаронса аст. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Русия хабар дод.

Владимир Путин дар номаи табрикотиаш гуфтааст, ки “Мардуми Фаронса ба шумо раҳбарии кишвар дар ин марҳилаи мушкил барои Аврупо ва тамоми ҷомеаи ҷаҳониро бовар кард. Tерроризм ва тундгарои афзоянда ҳамроҳ бо авҷ гирифтани муноқишаҳои алоҳида ва ноамнӣ дар тамоми минтақаро афзудааст. Дар ин шароит муҳим аст, ки беэътимодӣ ба ҳамдигарро рафъ кунем ва барои амнияту сулҳу байналмилалӣ ҳамроҳ талош варзем.”

Аз замони даври аввали интихобот Макрон, Русияро ба дахолат дар интихобот бо ҳамлаҳои ҳаккерӣ муттаҳам кард ва ба расонаҳои Русия ба мисли RT ва Спутник иҷоза надод, ки ҷараёни корзори интихоботиашро инъикос кунанд. Маскав иддаои дахолат ба ҷараёни корзори интихоботиро рад кардааст. Ситоди интихоботии Макрон рӯзи 5-уми май гуфт, ки рахнагарони интернетӣ номаҳои зиёде аз аъзои ҳизбашро нашр кардаанд.

Марин Ле Пен, ки моҳи март бо Владимир Путин дар Маскав мулоқот дошт, хостори бардоштани таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ба зидди Русия шудааст, ки баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина ба зидди он кишвар эъмол шуд.

Хонум Ле Пен шикасташро эътироф кард.
Хонум Ле Пен шикасташро эътироф кард.

Марин Ле Пени 48-сола рақиби 39-солаашро, намояндаи элитаи Фаронса номид ва гуфт, ки ӯ дар баробари тундгароии исломӣ ва дигар хатарҳо барои Фаронса мавзеъгирии нарм дорад. Хонум Ле Пен, раиси Ҳизби Ҷабҳаи Миллист, ки падараш таъсис додааст ва тарафдори он аст, ки Фаронса аз ҳавзаи евро хориҷ шавад ба франки худаш, пули миллии Фаронса баргардад. Ба гуфтаи ӯ. “евро пули бонкдорон аст, на пули мардумӣ.”

Аммо Эмануэл Макрон, сиёсати Ле Пен дар баробари евроро “ёваи бузурге дар барномаи Марин Ле Пен” номидааст.

Эътирофи шикаст бо ваъдаи нав

Баъди эътирофи шикаст, Эммануэл Макрон дар ҳузури тарафдоронаш гуфт, «Фаронса раиси ҷумҳури нав интихоб кард ва барои идомаи истимрор раъй дод.» Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ дар моҳи июн ҷабҳаи нави сиёсӣ таъсис медиҳад ва «ин мубориза» барои муҳофизати «истиқлол, озодӣ, шукуфоӣ, амният, ҳуввият, шеваи иҷтимоӣ»- дар Фаронсаро идома медиҳад.

Эмануэл Макрон, сиёсатҳои раиси ҷумҳури кунунӣ Франсуа Олландро идома хоҳад дод, ки тӯли ду сол дар ҳукумати ӯ ба ҳайси вазири иқтисод кор кардааст. Номзадии ӯро сиёсатмадорони зиёди фаронсавӣ, раҳбарони аврупоӣ ва аз ҷумла Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико тарафдорӣ кардаанд.

Раиси ҷумҳури Фаронса барои 5 сол интихоб мешавад ва қарор аст, маросими адои савганди ҷавонтарин раиси ҷумҳур дар таърихи ин кишвар рӯзи 14-уми май сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG