Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Тиллерсон захмҳои кӯҳнаро дармон накард


Рекс Тиллерсон ва Сергей Лавров
Рекс Тиллерсон ва Сергей Лавров

Сафари Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, ба Маскав дар рӯзи 12-уми апрел зоҳиран кумаки зиёде барои рафъи ихтилофоти ду абарқудрат накард. Ду тараф сари масъалаи истифодаи эҳтимолии силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ихтилофи возеҳи назар доранд ва самтгирии Амрико дар сиёсати хориҷӣ Русияро гиҷ кардааст.

Албатта, ин воқеият аст, бархӯрди мустақими Амрико ва Русия бо назардошти қудрати низомӣ ва бахусус силоҳи атомиашон фавқуллода хатарнок аст.

“Байни онҳо якдифарҳмӣ вуҷуд надошт”

Пас аз мулоқот дар сатҳи баландтарин дар ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп, мақомот аз ҳарду тараф аз талошҳо барои беҳбуд бахшидани равобит, ки “назар ба ҳар вақти дигар дар сатҳи поён” аст, ҳимоят карданд. Аммо сархатҳои болохонадор, шарҳи таҳлилгарон аз саросари ҷаҳон нишон медиҳад, ки вақте Рекс Тиллерсон бо Сергей Лавров ва сипас бо раиси ҷумҳур Владимир Путин сӯҳбат кард, байни онҳо ҳамдигарфаҳмии зиёде вуҷуд надоштааст.

“Ню Йорк Таймс” аз ҷумла навиштааст, ки Тиллерсон ва Путин дар мулоқот ба ғайр аз ихтилоф “дигар чизе наёфтанд“. Ба навиштаи рӯзнома, ду тараф ҳатто дар бораи далелҳои ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия иттифоқи назар надоштанд. Ҳамин ҳамла ҳафтаи гузашта сабаб шуд, Доналд Трамп амр дод, нерӯҳои Амрико як пойгоҳи ҳавоии Сурияи ҷангзадаро бо 59 мушаки Томаҳавк вайрон кунанд.

Шарҳи нашрияи “Таймс”

Рекс Тиллерсон ва Владимир Путин
Рекс Тиллерсон ва Владимир Путин

Рӯзномаи “Таймс” дар шарҳи рӯзонааш навишт, “сафари Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷӣ ба Маскав аломати дигаре аз он аст, ки чӣ гуна муносиботи Русияву Амрико бад шудааст”. “Сардии равобит талоши ҳамеша суолбарангези Доналд Трамп барои ҷалби ҳамкории Русия барои маҳви гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурияро, зоҳиран имконнопазир кардааст”, - омадааст дар шарҳи рӯзнома.

Ҳеҷ аломате вуҷуд надорад, ки ду тараф мавзеъгириашонро дар робита ба Сурия дигар кардаанд, масъалае, ки дар остона ва ҳангоми боздиди Рекс Тиллерсон сабаби сарзанишу маломати ҳамдигар шуд. Тиллерсон гуфт, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар тӯли 6 соли ҷанги дохилӣ дар кишвар 50 дафъа аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода бурдааст ва барои ин кораш, мумкин аст, ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам шавад.

“Бубинем, чӣ мешавад”

Айни замон Сергей Лавров, ҳамлаҳои мушакии Амрикоро, “ҳамлаҳои ғайриқонунӣ ба зидди Сурия” номид ва гуфт, ингуна ҳамлаҳо набояд такрор шаванд. Ҳатто худи Доналд Трамп ҳам дар робита ба дурнамои ҳамкориҳои беҳтар байни Вашингтон ва Маскав чандон хушбинона сӯҳбат накард. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки муносибатҳо бо Путин беҳтар шавад, вале ҳамон лаҳза афзуд, ки “бубинем, чӣ мешавад.”

Александр Баунов, таҳлилгар аз Маркази Карнегӣ дар шаҳри Маскав ба рӯзномаи “Гордиан” гуфтааст, “ду тараф то ҳол чунин рафтор мекарданд, ки гӯё яке аз дигаре қарздор аст. Ҳоло чунин рафтор мекунанд, ки яке аз дигарӣ қарздор нест”.

Бисёре аз таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҳамлаҳои мушакии Амрико ба Сурия, як тағйири фавқуллода дар сиёсати Амрико аст, ки на танҳо Русия, балки бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро ғофилгир кард.

Русҳо чӣ фикр мекарданду чиро диданд?

Чунин рафтор ба гуфтаи Марк Галеоотӣ, аз Пажӯҳишгоҳи Умури Байналмилалӣ дар Прага, Русияро, ки то ҳол фикр мекард, самтгирии Амрико дар сиёсати хориҷиро медонад, гиҷ кард. Ӯ мегӯяд: “То ҳол русҳо ба он воқеият такя мекарданд, ки метавонанд нақши каси ғайриқобили пешбиниро иҷро кунанд, зеро чунин меандешиданд, ки дар сиёсати Амрико хати сурхро медонанд ва медоданд, ки Амрико чӣ аксуламал нишон медиҳад.”

Башор Асад
Башор Асад

“Аммо ҳоло худро дар нақши касе дарёфтанд, ки бояд аксуламал нишон бидиҳанд, вале воқеан намедонанд, ки чӣ кор кунанд”, - меафзояд Марк Галлеотӣ.

Аломати дигаре аз торикӣ дар дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Амрико, баёнияи раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар рӯзи 12-уми апрел буд, ки гуфт, НАТО дар мубориза бо терроризм кори бештар мекунад ва дигар “кӯҳнашуда нест.”

“НАТО куҳнашуда нест”

Баёнияи Доналд Трамп бар хилофи ақидаи пешинааш, ки НАТО як ниҳоди “кӯҳнашуда аст”, мумкин аст, хусумати Русияро бештар кунад. “Дар чашмони Путин, мо як абарқудрат ҳастем, ки бояд ба он муқовимат кард”, – навиштааст Майкл О Ҳанлон, пажӯҳишгари Пажӯҳишгоҳи Брукинг дар рӯзномаи Лос Анҷелес Таймс.

Ба гуфтаи ӯ, нигоҳи Путин дар ин бора тира аст, “вале зоҳиран самимӣ ба назар мерасад.” Майк О Ҳанлон навиштааст, Доналд Трамп шояд барои фурӯ нишондани таниш бо Русия бо як созиши васеъ бо кишварҳои узви НАТО, кишварҳои бетараф дар Аврупо ваъда бидиҳад, ки НАТО дигар густариш намеёбад.

Рамзи НАТО
Рамзи НАТО

Ҷефри Манкоф, муовини раиси бахши Русия ва Авруосиё дар Маркази Пажӯҳишҳои Байналмилалӣ ва Стратегӣ дар Вашингтон чунин тахмин мезанад, ки ғайриқобилипешгӯӣ будани сиёсати хориҷии ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, сабаби коҳиши эътимод байни ду тараф мешавад ва метавонад, мушкилотро амиқтар кунад.

“Албатта ин воқеият аст, бархӯрди мустақими Амрико ва Русия бо назардошти қудрати низомӣ ва бахусус силоҳи атомиашон фавқуллода хатарнок аст”- гуфт, ӯ ба барномаи радиоии The World Today. “Агарчӣ ман фикр намекунам, ки ингуна бархӯрд бишавад, вале бояд дар гӯшаи хотири як касе, ки дар фикри ҳамкорӣ аст, бояд бошад”, - мегӯяд Ҷеффри Манкоф.

Пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи рӯзи 8-уми ноябри соли 2016 бо назардошти ситоишҳои ӯ аз Владимир Путин чунин интизориҳоро ба вуҷуд овард, ки мумкин аст, робитаҳои Амрико ва Русия беҳтар шавад.

Ҳубоби интизориҳои Русия?

Вале баъди он як силсила аз масоил сар аз таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия дар маъракаи интихоботии Амрико то ба бомбборон дар Сурия манзараи сиёсиро иваз кард. Ба гуфтаи Барбара Плетт, хабарнигори Би Би Си дар вазорати умури хориҷии Амрико, баъди пирӯзии Доналд Трамп, дар Русия ин шӯру ҳаяҷон буд, ки мумкин аст, ҳамкориҳо бештар шавад ва муомила сурат бигирад, ва таҳримот ба зидди Русияро бардоранд.” Аммо ба гуфтаи ӯ “Мақомоти баландпояи ҳукумати Доналд Трамп ин ҳубобро тарконданд”.

Алан Кирбӣ

XS
SM
MD
LG