Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мина як чашму поямро аз ман гирифт, аммо умедамро не" ВИДЕО


"Мина як чашму поямро аз ман гирифт, аммо умедамро не"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Шӯҳрат Холматов, афсари собиқи Вазорати дифои Тоҷикистон, зиндагии худу ҳамсар ва се фарзандашро аз тариқи мусофиркашонӣ таъмин мекунад. Вай дар соли 1995 дар таркиши мина дар Тавилдара як чашму пойи худро аз даст дод. Пас аз чанд соли маъюбӣ бародараш барои ӯ мошин харид, то бо мусофиркашонӣ рӯзгорашро бичархонад.

Дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир аз таркиши мина 490 нафар осеб ва 375 нафар ҳалок шудаанд, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд.

Шӯҳрат замоне ба хидмат дар Вазорати дифоъ ҷалб шуд, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Ӯ мегӯяд, падараш солҳо дар Вазорати дифоъ кор мекард ва барои хуб донистани роҳҳои Тавилдара (ҳоло Сангвор) ба хидмат ба ин ҷо ҷалб шуд. Он замон ӯ 25 сол дошт ва ҳамроҳ бо падараш, ки корманди Вазорати дифоъ буд, ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуд.

"Дар мавзеи Тавлидара гурӯҳи мухолифин бо раҳбарии Мирзо Зиёев меҷангиданд. Мо дар бахши кашшофӣ кор мекардем, вале ҳамзамон аз курсҳои махсуси минатозакунӣ гузашта будем. Бояд роҳи мошинро аз мина тоза мекардем, то мошинҳои маводи ғизоӣ ба Тавлидара ворид шаванд”, - ба ёд меорад ӯ.

Барои Шӯҳрат ёдоварӣ аз он замон кори осон набудааст. Ӯ гуфт, "мо як майдони минкоришударо пайдо кардем. Ҳамроҳ бо падарам ва гурӯҳи сарбозон ба тоза кардан оғоз кардем. Усули мингузории онҳо барои мо шинос буд. Онҳо зери мина боз норинҷак мегузоштанд. Вақте як минаро берун кардем, ки минаи дигар зери пои ман пайдо шуд. Ман наҷунбидам, то онро безарар кунанд, вале аз боло мухолифин ба тирборон оғоз карданд. Падарам мехост маро наҷот диҳад, аммо ба хотири ҳарду қурбон нашудан худамро ба пеш партофтам."

Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсару се фарзандаш дар хобгоҳи якҳуҷрагӣ иҷоранишин аст. Беш аз 20 сол Вазорати дифои Тоҷикистон ба ӯ ваъдаи хона медиҳад, вале ин ваъда ҳанӯз иҷро нашудааст.

Ин афсари собиқ мегӯяд, дар пайи таркиш як пояш канда шуд. "Маро ба Ховалинг бурданд, то ҷарроҳӣ кунанд. Падарам фақат писарам гуфтааст ва ҳис накардааст, ки тамоми баданаш захмӣ ҳаст. Дарди фарзанд аз дарди худат ҳам болост", - гуфт ӯ.

Пас аз ин ҳодиса дар тобистони соли 1995 як пойи Шӯҳратро буриданд ва барояш пою чашми сунъӣ часпонданд. Ӯ се соли дигар дар як анбори силоҳи Вазорати дифоъ ба ҳайси посбон кор кард ва баъдан ба нафақа баромад. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсару се фарзандаш дар хобгоҳи якҳуҷрагӣ иҷоранишин аст. Беш аз 20 сол Вазорати дифои Тоҷикистон ба ӯ ваъдаи хона медиҳад, вале ин ваъда ҳанӯз иҷро нашудааст.

Даромади рӯзонаи ӯ аз мусофиркашонӣ аз 30 то 40 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамсафари зиндагии ӯ ҳамтақдири ӯст. Ҳамсараш дар зилзилаи Шарора маъюб шудааст ва маъюбӣ ин дуро ҳамтақдир кардааст. Вале ноумед нест ва бо дӯстонаш аз тариқи созмони ташкилкардааш «Тақдир» ба осебдидагон аз мина кумак мерасонад. Ба онҳо барои эҳё шудан ва мутобиқ шудан ба зиндагии баробарро ташвиқ мекунад. Шӯҳратро намуна меоранд, ки намехоҳад дастнигарӣ касе бошад.

Дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир аз таркиши мина 490 нафар осеб ва 375 нафар ҳалок шудаанд, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд. Тибқи маълумоти СММ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор минаи гуногун маҳфуз аст. Бар асари таркиши онҳо соле то 4 нафар ва беш аз он дар аксари ҳолатҳо дучори садамаҳои марговар мешаванд.

XS
SM
MD
LG