Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳари Шарофиддин Гадоевро нагузоштаанд, ки ба Маскав равад. ВИДЕО


Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Мақомоти Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки Ҳафизамоҳ Гадоева – хоҳари Шарофиддин Гадоев – яке аз раҳбарони созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" бо чаҳор фарзандаш ба Маскав биравад. Худи Ҳафизамоҳ рӯзи 8 март дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, қасди кор дар Русияро дошт, аммо ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳояш дар фурудгоҳи Кӯлоб мақомоти марзбонӣ ӯро аз сафар боздоштанд.

"Сабтиноми мусофирон соати панҷи саҳар шурӯъ шуд. Вақте марзбонон ҳуҷҷатҳои моро тафтиш карданд, гуфтанд, ки Шумо хоҳари Гадоев ҳастед ва ҳаққи сафар надоред", - афзуд ӯ. Мақомот далели манъи сафари ӯро вуҷуди нуқсон дар санадҳояш донистаанд.

Хоҳари Шарофиддин Гадоев натавонист аз Тоҷикистон берун шавад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Ҳафизамоҳ Гадоева гуфт, то замони узви “Гурӯҳи 24” шудани бародараш дар бозори марказии ноҳияи Фархор дӯкон дошт, "вале баъдан мақомот дари онро қуфл зада, ӯ ва дигар аҳли хонаводаашро аз тиҷорат маҳрум кардаанд". Соли гузашта низ шавҳараш аз Ҳафизамоҳ ҷудо шуд ва ин зан мегӯяд, зери фишори мақомот шавҳараш натавонист бо “хоҳари Шарофиддин” зиндагӣ кунад.

“Дар Фархор дигар зиндагӣ кардан бароям мушкил аст. Коре пайдо карда наметавонам. Ду бародарам, ки солҳо боз дар Русия тиҷорат доранд, бароям кор пайдо карданд ва гуфтанд, ки ҳамроҳ бо фарзандонат ба инҷо биё. Аммо нагузоштанд, ки биравем”, - гуфт ӯ.

Ин зан мегӯяд, 8 ҳазор сомонӣ барои харидани билети ҳавопаймо қарз гирифта буд, вале сафараш анҷом нашуд ва ӯ ба ин миқдор маблағ зиён дидааст. Қаблан низ хонаводаи Шарофиддин Гадоев аз фишор болояшон шикоят мекарданд. Шарофиддин Гадоев иддао дорад, ки "мақомот мехоҳанд, хешовандони маро дар пеши худ нигоҳ доранд ва дар рӯзи мабодо ҳамчун фишор болои ман истифода баранд."

Дар гузашта мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳамагуна фишор болои ин хонаводаро рад карда буданд.

Шарофиддин Гадоев панҷ сол пеш тарки Тоҷикистон карда, иддао дорад, ки тиҷорати муваффақи ӯ ва Умаралӣ Қувватовро дар Тоҷикистон ғасб кардаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар тахаллуфоти молӣ айбдор карда, аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди ӯро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид се соли пеш ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст.

Созмони сиёсии "Гурӯҳи 24", ки ҳоло Шарофиддин Гадоев раҳбари як ҷинои онро бар ӯҳда дорад, соли 2012 аз тарафи Умаралӣ Қувватов таъсис ёфта, баъдан дар моҳи октябри соли 2014, дар пайи ба гирдиҳамоӣ даъват кардани сокинон дар маркази Душанбе, ба феҳристи созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон ворид шуд. То кунун чанд нафар ба гумони узвият дар ин созмон боздошту зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG