Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии даъвои Русия бо шаҳрванди Тоҷикистон дар Страссбург


Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар шаҳри Страссбурги Фаронса ҷойгир аст.

Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар шаҳри Страссбурги Фаронса ҷойгир аст.

Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ мекунад, ки ҳукумати Русияро ба ин додгоҳ кашид ва пирӯз шуд. Гурӯҳи панҷ нафарии додрасҳои ин додгоҳ, даъвои Маскавро баррасӣ мекунад, ки гуфтааст, роҳ надодани Тӯйчӣ Ҷӯраев ба Русия қонунӣ буд ва ҳукми пешини Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар нисбат ба Русия одилона нест.

Бар асоси ин ҳукм аз рӯзи 26-уми октябри соли гузашта, ҳукумати Русия ҳуқуқи Тӯйчӣ Ҷӯраев ва ҳамсараш Екатерина Шалковаро помол кардааст ва бояд ба ин ҳарду 5 ҳазор евро ҷуброни маънавӣ бипардозад.

Ҳукумати Русия аз ин қарор розӣ нест ва мехоҳад, Шӯрои олии додрасҳои Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар ин ҳукмро беэътибор кунад. Ҳоло қарор аст, шӯро даъвои Русияро рӯзи 6-уми март баррасӣ намояд ва қарори ниҳоиро содир кунад. Дар ин бора додгоҳ бо нашри баёнияе охири ҳамин ҳафта хабар дод.

Достони печидаи Тӯйчӣ Ҷӯраев

Моҳи октябри соли 2016 Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар шикояти Тӯйчӣ Ҷӯраев ва ҳамсараш Екатерина Шалковаро баррасӣ кард, ки гуфтаанд, ҳукумати Русия бо ихроҷи ғайриқонунии Ҷӯраев зиндагии оилавии онҳоро халалдор кардааст.

Додгоҳ гуфт, ки дар воқеъ ҳукумати Русия бо роҳ надодани Тӯйчӣ Ҷӯраев ба қаламраваш ҳаққи ин ҷуфти соҳиби фарзанд ба зиндагии оилавиро помол кардааст, ки Адҳномаи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ замонат додааст.

Ҳукумати Русия бо роҳ надодани Тӯйчӣ Ҷӯраев ба қаламраваш ҳаққи ин ҷуфти соҳиби фарзанд ба зиндагии оилавиро помол кардааст.

Банди ҳаштуми ин аҳдномаи байналмилалӣ, ки Русия ба он имзо гузоштааст, мегӯяд, “Ҳар инсон ба зиндагии хусусӣ ва оилавӣ ҳақ дорад... дахолат ба ин ҳаққи инсон аз тарафи сохторҳои давлатӣ манъ аст...”

Тӯйчӣ Ҷӯраев, ки соли 1995 ба Русия омадааст, бо Екатерина Шалкова, сокини шаҳри Перм ошно шудааст. Ҳарду соли 2009 издивоҷ кардаанд ва як фарзанд ҳам доранд. Дар хонавода ду фарзанди дигари хонум Шалкова аз шавҳари пешинаашро ҳам нигоҳубин мекардаанд.

Тӯйчӣ Ҷӯраев соли 2013 ба Тоҷикистон меравад, вале баъди бозгашт дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург ба ӯ мегӯянд, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудааст ва бояд ба Тоҷикистон баргардад.

Муроҷиатҳои батакрору беҷавоби ҳамсар

Ҳамсараш Екатерина Шалкова, баъди муроҷиатҳои зиёд ба зинаҳои гуногуни додгоҳӣ маълум мекунад, ки Тӯйчӣ Ҷӯраевро, ФСБ, Хадамоти федералии амнияти Русия фарди хатарнок барои амнияти кишвар номида ва амр додааст, ки ӯро ба Русия роҳ надиҳанд.

Ба қавли ФСБ, “Ҷӯраев ба гурӯҳи тундрав шомил буда, барои амнияти Русия хатар дорад аз ин сабаб бо назардошти амнияти миллӣ ӯро набояд ба Русия роҳ бидиҳанд.”

Аммо соли 2015 Тӯйчӣ Ҷӯраев ба Русия баргаштааст ва ба ӯ барои се сол ҳаққи иқомат додаанд ва айни замон шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Перм зиндагӣ мекунад.

Ҳукумати Русия даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро барои нақзи қонунҳои кишвар, аз ҷумла риоят накардани ҳаққи иқомат аз вуруд ба қаламраваш маҳрум кардааст, вале бори аввал аст, ки яке аз онҳо ба Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар муроҷиат мекунад. Ин додгоҳ гуфтааст, бар изофаи нақзи ҳуқуқи Ҷӯраев ва Шалкова, мақомоти Русия далелҳои қотеъ барои собит кардани “хатарнокии” шаҳрванди Тоҷикистон барои амнияти Русия пешниҳод накардаанд ва аз Русия рондану роҳ надодани ӯ, ғайриқонунӣ будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG