Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Сироҷиддин Асловро бо ордени “Дӯстӣ” қадрдонӣ кард


Июни соли 2015, нишасти кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Шонгҳой. Маскав
Июни соли 2015, нишасти кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Шонгҳой. Маскав

Президенти Русия Владимир Путин вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро бо ордени “Дӯстӣ” қадрдонӣ кард.

Рӯзи 20 феврал дар шаҳри Маскав Владимир Путин, президенти Русия дар қатори намояндагони илму ҳунар, сиёсматмадорон ва кормандони соҳаву сохторҳои мухталифи дигари Русия, вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро ҳам қадрдонӣ кард. Дар қарори зери имзои президенти Русия Владимир Путин, ки матнаш дар вебсайти расмии маводи ҳуқуқӣ (pravo.gov.ru) рӯзи 20 феврал нашр шуд, таъкид мешавад, ки Аслов Сироҷиддин Муҳриддинович “Барои саҳми шахсиаш дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, рушди дӯстӣ, ҳамкориву ҳамдигарфаҳмиии миёни мардумони ду кишвар” бо ордени “Дӯстӣ” мушарраф мешавад.

Тақдими ҷоиза дар остонаи сафари президент Владимир Путин ба Тоҷикистон сурат мегирад, ки қарор аст дар охири моҳи феврал ҷараён гирад.

Дар гузашта мақомоти дигари Тоҷикистон ҳам бо ордени "Дӯстӣ"-и Русия қадрдонӣ шудаанд. Октябри соли 2016 бо ин ҷоиза шаҳрдори собиқи Душанбе ва раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам мукофотонида шуда буд.

XS
SM
MD
LG