Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон Бердимуҳаммадовро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард


Президенти Тоҷикистон дар як номаи табрикӣ раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12 феврал шодбош гуфт. Бердимуҳаммадови 59-сола бо бурдани 97,69 дар сади раъйи мардум пирӯз шуд ва ҳамакнун дар давоми 7 соли оянда раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз гази Осиёи Марказиро идома хоҳад дод.

“Аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад”, гуфтааст президент Эмомалӣ Раҳмон дар номааш рӯзи 13 феврал.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 ва пас аз даргузашти Сафармурод Ниёзов қудратро дар даст дорад. Сафармурод Ниёзов, узви Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Шӯравӣ, худ аз соли 1990 то замони маргаш, қудратро дар даст дошт. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои парлумонӣ ва ё президентӣ дар Туркманистон аз соли 1991 ба ин тараф, шаффоф ва мунсифона баргузор нашудааст. Нозирон мегӯянд, ки ҳузури номзадҳои “гумном” ва “ҳизбҳои киссагӣ” дар ин интихобот, дар кишваре, ки ҳама васоити ахбори умум аз сӯи ҳукумат контрол мешавад, тағйиреро ба миён наовард.

XS
SM
MD
LG