Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ва Олмон аз иқдоми Трамп нигаронӣ карданд


Жан-Марк Эйро
Жан-Марк Эйро

Фаронса ва Олмон аз иқдоми Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – барои маҳдуд кардани вуруди паноҳҷӯён ва муҳоҷирон аз баъзе кишварҳои мусалмонӣ изҳори нигаронӣ карданд. Жан-Марк Эйро, вазири корҳои хориҷии Фаронса, рӯзи 28 январ дар нишасти муштараки матбуотӣ бо ҳамтои олмонияш Зигмар Габриэл дар Порис гуфт, баъзе аз иқдомҳои Доналд Трамп ин ду муттаҳиди Амрикоро ба ташвиш овардааст. Оқои Трамп рӯзи 27 январ дастурҳое содир кард, ки вуруди паноҳҷӯёни Сурияро барои муддати номаълум ва вуруди муҳоҷирон аз ҳафт кишвари мусалмониро то се моҳ манъ мекунад. Раиси ҷумҳури Амрико дар шарҳи дастураҳояш гуфт, мехоҳанд Амрикоро аз “террористони исломии ифротгаро” муҳофизат кунанд. “На танҳо ин, масоили дигаре ҳастанд, ки моро нигарон кардааст”, - гуфт Жан-Марк Эйро ва афзуд, “қабули паноҳҷӯён, ки аз ҷангу зулм фирор кардаанд, як бахши масъулиятҳои мост.” Вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, ӯ ва ҳамкори олмонияш нақша доранд, бо Рекс Тиллерсон – номзади Трамп ба мақоми Котиби давлатии Амрико – мулоқот кунанд, ки дар интизори таъйиди номзадиаш аз тарафи Сенат аст.

XS
SM
MD
LG