Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истихроҷи нафти кони Қашағани Қазоқистон оғоз ёфт


Кони нафти Қашаған рӯзи 1 ноябри соли равон ба сатҳи тиҷорӣ баромада, дар як рӯз беш аз 75 ҳазор бушка нафт истихроҷ карда мешавад, гуфтааст Қанат Бозумбоев, вазири энергетикаи Қазоқистон.

Ба гуфтаи Бозумбоев, аз ин кон то 19 ноябри соли равон беш аз 450 тонна нафт истихроҷ шуда, қарор аст, ин нишондод то охири сол ба наздики 1 миллиону 100 тонна маҳсулоти хом расонида шавад.

Қаблан Қанат Бозумбаев гуфта буд, ки вазорати энергетика нақша дорад, то соли 2017 дар кони Қашаған аз 4 ҳазор то 7 миллион тона нафт истихроҷ кунад.

Кони Қашаған дар бахши қазоқистонии бистари баҳри Хазар ё Каспий ҷойгир аст. Корҳои истихроҷиро дар он як қатор ширкатҳои хориҷӣ ва иттиҳодияи NCOC, ки ба ҳайати он ширкати миллии "КазМунайГаз"-и Қазоқистон низ шомил аст, соли 2000 оғоз карданд ва мақомот ҳаҷми захираашро 4,8 миллиард тонна нафт ва беш аз триллион метри мукааб гази табиӣ арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG