Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон 331 нафари дарозумр зиндагӣ мекунанд?


Хабарнигори тоҷик Кароматуллоҳи Аҳмад чанд китоби пажӯҳишҳои худро барои нашр омода карда, ба баррасии коршиносони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон супурдааст. 18 ноябр хабарнигор дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ки пажӯшҳои вай дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон анҷом шуда, дастовардҳои кишвар дар тӯли ин солҳоро дар бар мегирад.

Яке аз пажӯҳишҳои ҷаноби Кароматуллоҳи Аҳмад ба мавзӯи дарозумрҳо ихтисос ёфтааст. Вай иддао мекунад, ки аз рӯи таҳқиқоти анҷомдодааш ҳоло дар Тоҷикистон 331 нафаре зиндагӣ мекунанд, ки синнашон аз 100 сол гузаштааст. Ба иддаои ин пажӯҳишгар, бештаре аз дарозумрҳои Тоҷикистонро занҳо мебошанд ва куҳансолтарин зани тоҷик 126 сол доштааст. Ҷаноби Кароматуллоҳи Аҳмад аз шарҳи ин хабари худ худдорӣ кард, вале афзуд, ки акси ин зани солхурда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандашро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG