Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ наёфт


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар бозии чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони зери 19-сола аз тими Ҷопон бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд. Ин бозӣ шаби 24-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн барпо гардид.

Футболбозони ҷавони ҷопонӣ дар ҳарду қисми бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон дуголӣ заданд. Огава Коки дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Доан Ритсу дар дақиқаи 18-ум ба ҳадаф расонд. Огава Коки дар дақиқаи 73-юм ҳисобро афзун намуд. Голи чорум ва ниҳоиро Юто Ивасаки дар дақиқаи 88-ум ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 27-уми октябр бо тими Ветнам, ки рӯзи якшанбе дар бозии чорякниҳоӣ тими Баҳрайнро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, рақобат мекунад. Тӯбро дар дақиқаи 72-юм ҳамлагар Тран Тҳан ба дарвозаи мизбонон зад.

Дар бозии охирини даври чорякниҳоӣ, ки шаби 24-уми октябр дар Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»и Манамаи Баҳрайн баргузор шуд, тими мунтахаби ҷавонони Эрон бар дастаи Узбакистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро ҳамлагар Ризо Ҷаъфарӣ дар дақиқаҳои 14-ум ва 47-ум ба самар расонд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Эрон дар бозии ниманиҳоӣ рӯзи 27-уми октябр бо тими Арабистони Саудӣ рӯбарӯ мешавад.

Дастаҳое, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн ба нимфинал баромаданд, соҳибони роҳхатҳо ба қаҳрамонии ҷаҳон шуданд, ки соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.

Виталий Левченко.
Виталий Левченко.

Виталий Левченко, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), дар як нишасти матбуотӣ, ки пас аз бозӣ бо тими Ҷопон шаби 24-уми октябр дар Манамаи Баҳрайн баргузор шуд, гуфтааст, “умуман, ман аз он ки дастаи мо аз чунин гурӯҳи мураккаб ба даври баъдӣ роҳ ёфт, қаноатмандам. Агар бо он дастаҳое, ки мо бозӣ кардем, муқоиса намоем, буҷаи онҳо миллионҳоро ташкил медиҳад, онҳо имконоти бемаҳдуди азнавбарқароркунӣ ва омодагии футболбозонро доранд. Мо дар ин мусобиқа таҷоруби бузург касб намудем. Танҳо тавассути чунин мусобиқаҳо, марҳилаи ниҳоӣ, футболбозони мо метавонанд аз ҷиҳати касбӣ камол ёбанд. Мо дидем, ки ба кадом чиз бештар таваҷҷӯҳ кунем ва ба кадом самт кӯшиш намоем.”

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 миёни бозигарони зери 19-сола

Бозиҳои чорякниҳоӣ

Ҷопон – Тоҷикистон – 4:0

Голҳо: Огава Коки, 8 (1:0). Доан Ритсу, 19 (2:0). Огава Коки, 73 (3:0). Юто Ивасаки, 88 (4:0).​Ҷопон: Коҷима Риосуке, Фуҷитани Со, Накаяма Юта, Томиясу Такехиро, Миоши Коҷи (Наганума Йочи, 84), Огава Коки (Накамура Шунта, 78), Сакаи Даисуке (капитан), Доан Ритсу, Ичимару Мизуки, Фунаки Кареру (Ҳатсусе Рио, 76), Юто Ивасаки.

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Азимҷон Раҳмонов (Алишери Ҳотам, 90), Табрези Давлатмир, Доробҷон Эргашев, Кароматулло Саидов (капитан, Далер Ёдгоров, 59), Нуриддин Ҳамроқулов (Амирҷон Сафаров, 80), Эҳсони Панҷшанбе, Мӯҳсинҷон Парпиев, Муҳаммадҷони Ҳасан.

Огоҳонида шуданд: Ҳатсусе Рио (83), Ваҳдат Ҳанонов (19), Муҳаммадҷони Ҳасан (75).

Сардовар: Фу Минг (Чин).

Нозири доварон: Фарҳод Абдуллоев (Узбакистон).

Комиссари бозӣ: Доан Анх Туан (Ветнам).

24 октябр. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн. 100 тамошобин.

Ироқ –Арбистони Саудӣ – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

Баҳрайн – Ветнам – 0:1

Узбакистон – Эрон – 0:2

Бозиҳои ниманиҳоӣ

27 октябр (панҷшанбе)

Арабистони Саудӣ – Эрон. Соати 18:15. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

Ветнам – Ҷопон. Соати 21:15. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Бозии ниҳоӣ

30 октябр (якшанбе)

Соати 19:30. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG