Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо дар Ҷоми Осиё рақибони Тоҷикистон мешаванд?


Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки дар он мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон низ ширкат мекунад, 18-уми январи соли оянда баргузор мешавад. Дар ин бора Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рӯзи 20-уми октябр хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар мусобиқаи интихобӣ 24 даста барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мубориза мебарад. Ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон, инҳо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Урдун, Умон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянмар, Баҳрайн, Афғонистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман, Бутан, Молдив ва Тайван мебошанд. Зимнан, ҳоло маълум нест мунтахаби Кувайт, ки аз аъзогии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) муваққатан хориҷ шудааст, ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ дода мешавад?

Аз рӯи натиҷагирии қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил меёбад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбанд. Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифтаанд ва дар марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 ширкат меварзанд.

Мувофиқи тақвими AFC, бозиҳои мусобиқаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 аз 28-уми марти соли 2017 то 27-уми марти соли 2018 баргузор мешавад. Ҳар як даста дар марҳилаи интихобӣ шаш бозӣ – 3-тоаш дар хона ва 3-тоаш дар меҳмонӣ – анҷом медиҳад.

Панҷ бозӣ соли оянда баргузор мешавад: 28 март (даври 1-ум), 13 июн (даври 2-юм), 5 сентябр (даври 3-юм), 10 октябр (даври 4-ум) ва 14 ноябр (даври 5-ум). Бозиҳои ниҳоии мусобиқаи интихобӣ 27 марти соли 2018 баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG