Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Ҷоми CAFA дар Тошканд чаҳорум шуд


Бозиҳои мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» аз 15-ум то 17-уми октябр дар варзишгоҳи «Жар»-и пойтахти Узбакистон баргузор шуданд.

Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаб аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон ширкат дошт. «CAFA Women’s Cup U-19» аз рӯи системи даврӣ сурат гирифт ва ҳар як даста се бозӣ анҷом дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин даври мусобиқа рӯзи 15-уми октябр аз дастаи Узбакистон бо ҳисоби 1:8 мағлуб шуд. Голи ягонаи дастаи Тоҷикистонро Зулайхо Сафарова ба ҳадаф расонд.

Футболбоздухтарони тоҷик дар даври дувум рӯзи 16-уми октябр бо тими Эрон бозӣ карда, бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ рӯзи 17-уми октябр бозиро бо дастаи Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Голи мунтхаби Тоҷикистонро Марҷона Файзуллоева зад.

Ба ин тартиб, дастаи мизбон – мунтахаби Узбакистон, ки дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз ғолиби ин мусобиқа гардид. Тими Эрон бо 6 имтиёз мақоми дувумро гирифт. Тимҳои Қирғизистону Тоҷикистон якимтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон мақоми севумро касб кард.

Ба иттилои Қаноат Латифов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19), мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» дар Тошканд барои футболбоздухтарони тоҷик як санҷише буд пеш аз мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола.

Ёдовар мешавем, мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола, ки аз 27-ум то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, бо дастаҳои Узбакистон (27 октябр), Тайван (29 октябр) ва Ҳонконг (31 октябр) бозӣ мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Women’s Cup U-19»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Узбакистон – 1:8

ЭронҚирғизистон – 4:1

Даври 2-юм

Тоқикистон – Эрон – 0:6

Узбакистон – Қирғизистон – 5:0

Даври 3-юм

Қирғизистон – Тоҷикистон – 1:1

Эрон – Узбакистон – 0:3

XS
SM
MD
LG